ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 110



                                               

Алокӯл

Алокӯл - Алакул, кӯли шӯри баста дар шаҳри Ҷумҳурии Қазоқистон. Дар минтақаи нимбиёбон, дар баландии 343 м аз сатҳи баҳр, дар Хамии Балхашу алокӯл воқеъ аст. Масоҳаташ тақрибан 2200 км2, чуқуриаш то 45 м. Ба он дарёи Эмел мерезад. Алокӯл якҷоя бо ...

                                               

Аломати кошӣ

Аломати кошӣ - аломати наздикшавандагии қаторҳои ададиро гӯянд. Мувофиқи аломати радикалии коши агар барои қатори ададии аъзояш ғайриманфии чунин адади ρ (0

                                               

Аломатҳои астрономӣ

Аломатҳои астрономӣ - ишораҳои шартии Офтоб, Моҳ, сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ, инчунин бурҷҳои дувоздаҳгона, шакли сайёраҳо, авзои Моҳ ва ғайра, ки дар адабиёти доир ба астрономия ва тақвимҳо ба сифати сурати рамзӣ истифода мешаванд. Аксари ...

                                               

Аломатҳои геодезӣ

Аломатҳои геодезӣ - иншооти рӯизаминӣ ва таҷҳизоти зеризаминӣ, ки барои дар ягон маҳал ҳам устувор ва ҳам нишона кардани пунктҳои геодезӣ хизмат мекунанд. Нигар Пунктҳои геодезӣ.

                                               

Аломатҳои китобат

Аломатҳои китобат - аломатҳои ист, пунктуатсионӣ, маҷмӯи васоити графикӣ, ишораҳо, аломатҳо, ки бар замми ҳарфҳо ба муназзамӣ, мантиқан дуруст будани сохтори забони хаттӣ, талаффузи солим, оҳанги гуфтор, хониши дурусти матн замина фароҳам меовара ...

                                               

Аломатҳои математикӣ

Аломатҳои математикӣ - ишораҳои шартии мафҳум, ибора ва ҳисобкуниҳои математикӣ. Пайдоиши ишораҳои математикӣ бо инкишофи мафҳумҳои математика робитаи мустаҳкам дорад. Нахустин аломатҳои математикӣ рақамҳо буданд. Аввалин аломатҳои ҳарфӣ дар рисо ...

                                               

Аломатҳои роҳ

Аломатҳои роҳ - аломатҳои андозаву рангашон гуногун, ки дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард гузошта мешаванд. Аломатҳои роҳ воситаи муҳими техникии тартиби ҳаракат буда, ронандаву пиёдагардонро аз қитъаҳои хатарноки роҳ, самти ҳаракат огоҳ менамоянд, ...

                                               

Аломатҳои топографӣ

Аломатҳои топографӣ - аломатҳои шартии хаританависӣ, ки тарҳ, андоза, мавқеъ, алоқамандии фазоиву мантиқии объектҳои маҳал, инчунин баъзе тавсифоти миқдорию сифатии онҳоро ифода мекунанд. Аломатҳои топографӣ аслӣ ва нисбӣ буда, ба гурӯҳҳои зерин ...

                                               

Аломатҳои шоҳмот

Коди Удеман дар мусобиқаҳои телеграфӣ ва радиоӣ ба кор бурда мешавад. Ихтирои шоҳмотбози америкоӣ Удеман. Мувофиқи коди Удеман ҳар хонаи натъ бо ду ҳарф, яке ҳамсадо ва дигаре садонок ишора мегардад.

                                               

Аломатҳои ҷинсӣ

Аломатҳои ҷинсӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки мансубияти ҷинсии организмро муайян месозанд. Аломатҳои ҷинсӣ якумин, дуюмин биологӣ ва сеюмин гендерӣ мешаванд. Аломатҳои ҷинсии якумин ва дуюмин ирсӣ буда, сохтори онҳо ҳанӯз дар ҳуҷайратухми бордор ниҳода ...

                                               

Алопӯчоқ

Алопӯчоқ - навъе аз харбузаҳои тирамоҳӣ. Алопӯчоқ баъди 95 – 100 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га 250 – 300 сентнер ҳосил меғундоранд. Ҳосилаш тухмшакл, дарозиаш 28 – 35 см, вазнаш 4 – 6 кг. Пӯсташ сахт, тӯрдор, зард; рахҳояш сабзи баланд. Мағзаш сер ...

                                               

Алоуддин (хаттот)

Зодгоҳаш деҳаи Оббурдони Кӯҳистони Мастчоҳ. Ҳунари хаттотӣ ва кандакориро аз кандакорони машҳури диёраш Ҳоҷӣ Маҳмуд, Боқӣ ва дигарон омӯхтааст. Катибаҳои бо дасти Алоуддин кандашуда хеле зебову хоно буда, аксар аз ҳудуди деҳаҳои Оббурдон ва Роиҷ ...

                                               

Алоуддин Муфтии Бухороӣ

Алоуддин Муфтии Бухороӣ аввалин донишмандест, ки масъалаҳои шаръӣ ва шарҳу мисолҳои шариатро ба забони тоҷикӣ нигошта, дар ин замина бештар аз 250 масъалаи қонуну қоидаҳои шариатро эзоҳ ва шарҳу тафсир намудааст.

                                               

Алоуддин Шамсулислом

Дар доираи илмии Самарқанд ба камол расида, барои такмили дониш ба мамлакатҳои шарқи араб сафар кардааст. Қариб ҳамаи илмҳои замонашро омӯхтааст, вале диққати ӯро асосан ҳуқуқшиносӣ, шарҳи ақоиди динӣ, баъзе тафовутҳои ислом аз динҳои дигар ҷалб ...

                                               

Алоуддини Қазвинӣ

Муаллифи китоби маъруфи таърихии "Миноҳиҷ-ут-толибин фӣ маориф-ис-содиқин" Роҳнамоиҳои толибон дар шинохти содиқон, ки соли 1377 таълиф гардида ба Шоҳшуҷоъ тақдим шудааст. Китоб ба таърихи Ислом бахшида шуда, аз се қисм иборат мебошад: қисми авва ...

                                               

Алпарслон

Бародари Туғрулбек – нахустин султони Салҷуқиёни Бузург. Лақабаш "Абу Шуҷоъ Изудуддавла, Зиёуддин". Алпарслон баҳори 1063 дар Қазвин бародараш Сулаймонро аз сари қудрат барканор карда, худ бар тахт нишаст. Алпарслон Хоҷа Низомулмулки Тусиро вазир ...

                                               

Алпҳо

Алп - кӯҳҳои алп, силсилакӯҳи баландтарини Европаи Ғарбӣ. Воқеъ дар ҳудуди Италия, Франсия, Швейтсария, Австрия, Германия, Словения ва Лихтенштейн. Қуллаи баландтаринаш 4407 м. Дарозиаш қариб 1200 км, бараш аз 50 – 60 км то 240 – 260 км, масоҳата ...

                                               

Алт

Алт: яке аз созҳои оркестрӣ думбураи алт, ғижаки алт ва ғайра. сози тории камончадоре, ки сохти скрипкаро дошта, ҳаҷман калонтар аст. Сабаби аз скрипка violino паст садо додани алт ин аст, ки ҳаҷман аз он калонтар буда, ба қадри квинта панҷ садо ...

                                               

Алт (сози мусиқии торӣ)

Алт - сози тории камончадоре, ки сохти скрипкаро дошта, ҳаҷман калонтар аст. Сабаби аз скрипка паст садо додани алт ин аст, ки ҳаҷман аз он калонтар буда, ба қадри квинта паст ҷӯр мешавад. Торҳои алт чунин ҷӯр доранд: тори IV - до, тори III - сол ...

                                               

Алтератсия

Алтератсия - баландшавӣ ё пастшавии овоз ба андозаи ним парда ё як парда. Масалан, ля-диез алтератсияи овози "ля", ре-бемол алтератсияи овози "ре".

                                               

Алтернариоз

Алтернариоз - навъе аз касалиҳои занбӯруғии рустанӣ. Ангезандааш занбӯруғҳои ҷинси Alternaria. Алтернариоз чанд хел мешавад, масалан, алтернариози майса, алтернариози картошка, алтернариози себ, алтернариози нок, алтернариози карам, алтернариози ...

                                               

Алтозар

Алтозар-гидропрен, C17H30O2 - як навъ инсектисид. Моеъи шаффофи равғанмонанд, дар об ва аксари ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Алтозарро барои маҳви ҳашароти зараррасон ба кор мебаранд. Барои одаму ҳайвон чандон зарар надорад.

                                               

Алтозид

Алтозид, метопрен, C19H34O3 - як навъ инсектисид. Моддаи шаффофи равғанмонанд, дар об ва аксар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Барои нест кардани пашша ва зараррасонҳои ҳайвонот истифода мебаранд. Алтозид дар шакли консентрати эмулсияи 1 ...

                                               

Алтруизм

Алтруи́зм - ғамхорӣ дар ҳаққи дигарон, гузаштан аз баҳри манфиатҳои шахсӣ, барои дигарон; системаи арзишҳои шахс аст, ки дар он ба сифати мароми марказӣ ва меъёри баҳогузории маънавӣ манфиатҳои шахси дигар ё худ иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ба эътибор ги ...

                                               

Алтшулер Василий Евгеневич

Хатмкардаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Маскав 1924. Ассистент ва мудири кафедраи Пажӯҳишгоҳи гӯшту шири шаҳри Москва 1928 – 34, мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии чорводорӣ 1935 – 40, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Саратов 19 ...

                                               

Алунит

Алунит - минералест аз гурӯҳи сулфатҳои мураккаб. Формулаи химиявиаш: KAl326. Дар системаи тригоналӣ кристалл мебандад. Сохташ маҳиндонаи сахт ё хока. Рангаш сафед, хокистарӣ, зардча мешавад. Сахтиаш 3.5 – 4; зичиаш 2600 – 2800 кг/м3. Алунит аз ҷ ...

                                               

Алфа-зарра

Алфа-зарра - α-зарра, зарраи иборат аз ду протон ва ду нейтрон. Ишораташ – 42Не. Массаи А. mα = 4.00273 воҳиди атомии масса = 6.64669∙10-27 кг, заряди электрикиаш баробари +2е, спин ва моменти магнитиаш баробари сифр мебошанд. Алфа-зарра содатари ...

                                               

Алфа-табобат

Алфа-табобат - як тарзи шуоъшифоӣ. Бо ин мақсад аз изотопҳои кӯтоҳумр, ки аз организм зуд ихроҷ мегарданд, истифода мебаранд онҳо алфа-, бета- ва гаммашуоъ медиҳанд. Дар мавриди алфа-табобат организм асосан алфа-зарраҳо тақрибан 90 %-ро фурӯ меба ...

                                               

Алюминий

Алюминий - А1, элементи химиявии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев. Рақами тартибиаш 13, массаи атомӣ 26, 9815. Дар табиат асосан дар шакли як изотопи собити 27А1 вомехӯрад. Чанд изотопи радиоактив дорад, ки ба таври сунъӣ ҳосил карда шудаанд. ...

                                               

Алюминийи Тоҷикистон

Аз 9 июли 1976 ҳафтае як маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дар ҳаҷми 12 саҳифа ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои "Алюминийи Тоҷикистон" қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба КВД "Ширкати алюминийи тоҷик" марбутанд, оид ба раф ...

                                               

Алюминит

Алюминит - вебстерити сунъӣ, минерал, сулфати обии алюминий аз гурӯҳи алюминитҳо. Сингонияаш моноклинӣ. Рангаш аз сафед то зардчаи сафед. Ҷилояш шишагуни хира. Канораҳояш шаффоф ё ношаффоф. Сахтиаш – 1, зичиаш 1700 кг/м3. Шикасташ ноҳамвори хокӣ. ...

                                               

Алюмосиликатҳо

Алюмосиликатҳо - гурӯҳи минералҳои тавлидкунандаи ҷинсҳои кӯҳӣ ва хок. Пайвастҳои мураккаби алюминий ва силитсий, ки дар таркибашон катионҳои металлҳои ишқорӣ ва ишқоризаминӣ доранд. Аз нигоҳи химиявӣ намакҳои комплексии кислотаҳои полисилитсий м ...

                                               

Аляска (халиҷ)

Аляска, Халиҷи Аляска - халиҷи кушоди Уқёнуси Ором дар назди соҳилҳои Америкаи Шимолӣ, байни нимҷазҷазираи Аляска ва ҷазираи Ванкувер. Масоҳаташ 384 ҳазор км 2, чуқурии миёнааш 1193 м, амиқтаринаш – 4929 м. Дар Аляска ҷазираи Кадйак, галаҷазираҳо ...

                                               

Аляскит

Аляски́т - ҷинси магмавӣ аз гранитҳо. Таркибаш асосан аз шпатҳои даштии ишқорӣ, кварс ва албит иборат мебошад. Сохташ дона-дона, баъзан порфиршакл. Рангаш сурхи ҷигарӣ, гулобӣ, сафедча. Бори аввал дар нимҷазира Аляска ёфт шуда, ҳамин номро гирифт ...

                                               

Алғул

Алғул - дуюмин ситораи равшан дар бурҷи Ҳомили раъс-ул-ғул. Тағйирёбии алғул аз қадим маълум буда, дар одамон ҳиссиёти ваҳмангезе ба вуҷуд меовард ва чунин номгузорӣ шуданаш аз ҳамин ҷост. Дар атласҳои бурҷҳои осмонии асримиёнагии европавӣ алғул ...

                                               

Алҳон

Алҳон - - садоҳои хуши мусиқӣ, ки ба ҳам баробаранд. Хониши оҳангдори шеър, чаҳ-чаҳи булбул ва овозҳои хуш бо алҳон иртибот доранд. Дар алҳони мусиқӣ эҳсосоти нозуки инсонӣ - ғаму андӯҳ, шодию сурур, ҳаяҷон ва ғайра ифода меёбанд. Шаш навъи алҳон ...

                                               

Алҷабр-ва-л-муқобала

Санаи навиштани "Алҷабр-ва-л-муқобала" маълум нест, лекин аз сабаби он ки Хоразмӣ онро ба халифа ал-Маъмун вафот 833 бахшида буд, баъзе муҳаққиқон бар онанд, ки рисола то соли 833, эҳтимол соли 830 ба итмом расида бошад. Дастхати арабии дар соли ...

                                               

Алҷазира

Маркази асосии маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат. Дар соҳили ғарбии халиҷи Алҷазира, дар домана ва байни талу теппаҳо дар соҳили Баҳри Миёназамин воқеъ аст. Аҳолиаш 1.7 млн нафар бо агломератсияи атрофаш – 3.9 млн нафар – 2009, асосан арабҳ ...

                                               

Алӣ Вазириён

Алӣ Вазириён - график ва наққоши эронӣ. Осораш аз тарроҳии плакатҳо, муқоваи китоб, маҷалла ва ороиши китоб иборат аст. Ҳунари наққоширо дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон такмил кардааст. Нашрияҳои ҳунарҳои меъморӣ ва наққошӣ -ро бун ...

                                               

Амёбаҳо

Бештар дар обанборҳои ширин бенамак, гоҳо дар хок сукунат ихтиёр мекунанд. Амёбаҳои паразит низ мавҷуданд. Андозаи амёбаҳо аз 50 мкм то 2 – 3 мм аст. Амёбаҳо шакли доимӣ надоранд. Амёбаҳо, ки ҷисмашон аз ситоплазма иборат аст, пойҳои қалбакӣ псев ...

                                               

Амёбиаз

Амёбиаз - бемории сироятӣ, ки дар натиҷаи ба бофтаҳои рӯдаи ғафс ва баъзе узвҳои дарун осеб расондани амёбаи исҳоли хунин рӯй медиҳад.

                                               

Амад

Амад чӯбҳои баҳамбаста, ки барои гузаштан аз дарё ба кор мебаранд. Ҳамчун воситаи нақлиёти обӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳоло ҳам истифода мекунанд. Навъи чӯбронӣ, ғӯлачӯбҳои ба ҳам зич пайваста. Одатан амадро киштиҳо кашола мек ...

                                               

Амаду Жоржи

Намояндаи насли нависандагоне, ки онҳоро мӯъҷизакорони Америкаи Лотинӣ меноманд. Чун ходими фаъоли ҷамъиятӣ маъруф буд. Барои иштирок дар муборизаи милли-озодихоҳӣ ба ҳабс гирифта шуда, якчанд сол берун аз кишвараш дар муҳоҷират зиндагӣ кардааст ...

                                               

Амазонит

Формулаи химиявиаш K,Na AlSi3O8. Дар таркибаш баъзан омехтаи оҳан, манган, сурб, рубидий, сезий ва ғайра дорад. Аз ҷумлаи албитҳои пертитии таркибаш сафед ва зардча буда, якранг нест. Дар пегматитҳо ва гранитҳо вомехӯрад. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали М ...

                                               

Амазонка

Амазонка - дарё дар Америкаи Ҷанубӣ. Аз ҳама дарёи андозааш бузургтарин дар ҷаҳон номида мешавад. Аз ҷиҳати пуробӣ ва андозаи ҳавза 718 ҳазор км2 калонтарин дарёи олам мебошад. Амазонка дар натиҷаи як шудани дарёҳои Маранон дарозӣ аз саргаҳ 6.4 ҳ ...

                                               

Амазонкаҳо

Амазонкаҳо - Занони ҷанговар дар асотири Юнони Қадим. Амазонкаҳо маънои "саворазан" -ро низ дорад. Бино ба ривоятҳои қадим амазонка дар Осиёи Хурд ва соҳили Меотида Баҳри Азов зиста, бо мақсади давом додани наслашон аз мардони қабилаҳои дигар шав ...

                                               

Амалгаматсия

Амалгаматсия дар металлургия - усули аз маъдани реза ё рег бо ёрии симоб ҷудо карда гирифтани металлҳои асил. Ҳангоми маъданро бо симоб тар кардан металл ба симоб мечаспад ва амалгама ҳосил мешавад. Бо чунин тарз металлҳоро аз ҷинсҳои бегона ва р ...

                                               

Амали қонун

Амали қонун - мафҳуме, ки ҳудуди зарурати қонунро дар замон, макон ва нисбат ба доираи муайяни шахсиятҳо муайян менамояд. Нисбати ин ё он қонун ба тавассути қарорҳои мушаххас ё санадҳои махсус татбиқ карда мешавад. Амали қонун дар замон аз лаҳзаи ...

                                               

Амалиёт (равоншиносӣ)

Амалиёт - дар психология кирдору рафтори ҳадафманди фаъолияти инсонӣ, ки дар асоси мароми муайян танзим мешавад ва барои ба даст даровардани мақсади муайян нигаронида шудааст. Мафҳуми малиётро чун воҳиди фаъолият А. Н. Леонтев ҷорӣ кардааст. Баро ...

                                               

Амалиёти "Барбаросса"

Амалиёти "Барбаросса" - номи рамзии нақшаи ҳуҷуми Олмони фашистӣ ба ИҶШС дар майдони амалиёти Аврупои Шарқии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва амалиёти ҳарбие, ки тибқи ин нақша дар ибт. ҶБВ амалӣ мешуд. Сараввал номи "Фрис" дошта, дертар ба "Б." иваз шуд. Ба ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →