ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 114



                                               

Ангио

"Ангио" - қисми калимаҳои мураккаб, ки маънои "раг", "системаи рагҳо" -ро дорад, мас., ангиография, ангионевроз, ангиоспазм ва ғ.

                                               

Ангиография

Ангиогра́фия - усули тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгарди узвҳои гуногун бо роҳи ба онҳо ворид намудани маводи контрастӣ, ки барои организм безарар мебошанд. Ангиографияро бо мақсади омӯзиши бо хун таъмин шудани узв ва ошкор намудани бемориҳои р ...

                                               

Ангиокардиография

Ангиокардиография - ба даст овардани тасвири рентгении шараён, варид ё ҷавфи дил баъди ба онҳо фиристодани моддаҳои контрастӣ. Ангиокардиография имкон медиҳад, ки хусусиятҳои анатомӣ ва тағйироти дар натиҷаи бемориҳо рухдода, ҳамчунин самти ҳарак ...

                                               

Ангионевроз

Ангионевроз - ихтилоли фаъолияти асабҳои рагҳои хунгард. Аломатҳои ангионевроз ногаҳон паридани ранг ё сурх шудани пӯст, варам кардани он, серарақӣ, эҳсоси сӯзиши бадан, карахтӣ ва ғ. мебошанд. Ангионевроз ҳангоми бемориҳои асаб ва рӯҳӣ ба мушоҳи ...

                                               

Ангиосаркома

Ангиосаркóма - омоси рагҳо. Табиати саратонӣ дошта, кам ба мушоҳида мерасад. Тақр. 60 фоизи беморӣ пӯст ва бофтаҳои нарм, тақр. 40 фоизи он ҷигар, устухонҳо, сипурз ва ғадуди ширро фаро мегирад. Ҳама навъҳои ангиосаркома аз ҳуҷайраҳои эндотелӣ ба ...

                                               

Ангиоспазм

Ангиоспазм - ихтилоҷи артерияҳои майда, ки гардиши хуни узву бофтаҳоро суст мекунад. Ангиоспазм ҳангоми бемориҳои фишорбаландӣ, шақиқа, стенокардия ва ғ. мушоҳида мешавад. Сабаби ангиоспазм метавонанд сактаи майна, сактаи дил ва дигар бемориҳо бо ...

                                               

Ангиостомия

Ангиостомия, вазостомия - яке аз усулҳои ҷарроҳӣ. Ангиостомияро олимон Фелкер ва Белфилд бо мақсади муолиҷаи илтиҳоби манидон пешниҳод кардаанд. Ҷарроҳӣ зери беҳиссозии ҷузъӣ гузаронда мешавад. Бурриши ҷойи амалиёт калон нест.

                                               

Ангишт

Ангишти ҷозиб фаъол-ро, ки ба ангишти сунъӣ мансуб аст, аз ангишти табиӣ ё ангишти чӯб бо роҳи нест кардани моддаҳои зифт ҳосил мекунанд. Хосияти адсорбсионии ангишти ҷозиб хеле баланд аст. Онро дар техникаи баландвакуум, саноат, тиб ва ғайра ист ...

                                               

Ангишт (давраи заминшиносӣ)

Ангишт, карбон - давраи панҷуми заминшиносӣ аз аввали эраи полеозой. Бо ҳарфи С ишора мешавад. Онро бори нахуст соли 1822 У. Конибир ва У. Филлипс дар Британияи Кабир муқаррар кардаанд. Давраи ангишт 285 млн сол пеш оғоз шуда, 65-70 млн сол давом ...

                                               

Ангкор

Ангкор - маҷмӯъи маъбадҳои асрҳои 9 - 13 дар қисмати шимолии Камбоҷа. Масоҳ. 260 км. Аз 200 иншооти дорои тасвирҳои муқарнас ва нақшу нигори бой иборат аст. Қисмати марказии Ангкор-ро димнаи пойтахти давлатии кхмерҳо Яшодхарапура ох. Ангкор 9 ва ...

                                               

Англезит

Англези́т зоки сурб - минерал, формулаи химиявиаш PbSO 4 ; миқдори PbO – 73.6 %. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ, кристаллҳояш ба шакли дипирамида, ҷадвал ва қаламча. Бештар ба намуди массаҳои зичи дона-дона ё хока вомехӯрад. Рангаш сафед, тобишҳо ...

                                               

Ангоб

Ангоб - рангест, ки онро аз гил тайёр мекунанд ва дар кулолӣ истифода мебаранд. Ангоб сафед аз навъи гилҳое, ки ҳангоми дар хумдон пухтан ба худ ранги сафед мегирад ва ранга ҳангоми пухтан бо иловаи маддаҳо ранг мегирад мешавад. Ангобро одатан ба ...

                                               

Ангор

Ангор, ангорзамин - киштзоре, ки баъди ғундошта гирифтани ҳосил дар он ҷо чорворо мечаронанд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ ангорзаминҳо асосан дар доманакӯҳҳо ҷой гирифтаанд. Ангорро баъди чарондани чорво шудгор карда, то кишт дам медиҳанд.

                                               

Ангора

Ангора, эскиз, пештарҳ - қайдҳои хомакии қаблии рӯи ин ё он чиз, ки мақсади асари бадеӣ, тарҳ ё нақшаи иншоот, механизм ва қисмҳои адоҳидаи онро муайян мекунад. Ангораро ҳангоми таъмир барои ба ҷои ҷузъи фарсуда сохтани ҷузъи нав истифода мебаран ...

                                               

Ангрен

Байни қаторкӯҳҳои Чатқол ва Қурама, дар соҳили чапи дарёи Оҳангарон воқеъ гаштааст. Истгоҳи роҳи оҳани Ангрен зиёда аз 130 ҳазор нафар 2006, асосан ӯзбекҳо, русҳо, тоҷикон, қирғизҳо, кореягиҳо ва ғ. Аз А. роҳи автомобилгарди Тошканд - Қӯқанд мегу ...

                                               

Ангстрем

А́нгстрем - воҳиди ченкунии дарозӣ, ки ба ҳиссаи даҳмиллиардяки метр баробар аст. Ангстрем асосан дар оптика, физикаи атом ва молекулавӣ, астрономия истифода мешуд. Ба шарафи физик ва астрономи швед Андерс Ангстрем номгузорӣ шудааст 1868. Сабаби ...

                                               

Ангубин (тарона)

Ангубин - номи тарона ва оҳанги қадимӣ, ки Борбад ба муносибати иди Наврӯз тасниф намудааст. Ангубин ба қисми дуюми силсилаи "Хусравониёт" мансуб аст. Дар осори хаттӣ ва дар мусиқии садаҳои 11 – 12 хеле маъмул будааст. Дар мусиқии халқӣ ва класси ...

                                               

Ангудон

Бехаш турбмонанд, ғафс. Пояи рост то 120 см қад мекашад, ғафс қутраш 5 – 8 см ва камшох дорад. Баргаш нарм рӯяш бепашмак, пушташ серпашмак, зуд пажмурда мешавад; барги пояаш нисбат ба баргҳои қисми болотари поя калон дарозиаш то 40 см, думчадор. ...

                                               

Ангур

Ангур аз замонҳои қадим энеолит маълум аст. Навъи мазрӯъи онро бори аввал дар Осиёи Пеш, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд, Закавказия, Эрон, Афғонистон ва ғайра парвариш кардаанд. Ба ин гуфтаҳо маъхазҳои хаттӣ, мусаввараҳо, ҳайкалҳо, инчунин бозёфтҳои ...

                                               

Ангурак

То 8 м қад мекашад. Пӯстлохи танааш сиёҳтоб, навдаҳои наврустааш хокистарии сурхча. Баргаш думчадор, гирда, байзашакл ё дарозрӯя, нӯгтез дарозиаш 2-8 мм. Гулаш зангӯламонанд дарозиаш 4 - -5 мм, сабзи зардтоб, одатан 10 - 15-тоӣ аз бари барг мебар ...

                                               

Ангури сиёҳи калондона

Ангури сиёҳи калондона, Сиёҳи қазноқӣ, Сиёҳи раштӣ - навъе аз ангурҳои маҳаллӣ. Селексияи халқист. Баргаш сабзи баланд, миёнаҳаҷм, гирда, 3 – 5-парра, чоки парраҳояш ҷуқур. Ох. май гул карда, авв. сент. мепазад. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калон, шинги ...

                                               

Ангури сиёҳи хонатарош

Ангури сиёҳи хонатарош, ангури сиёҳи мӯъминободӣ - навъе аз ангурҳои маҳаллӣ. Баргаш миёнаҳаҷми 3 - 5-парра, гулаш дуҷинса. Вобаста ба шароити парвариш хӯшаҳояш ҳаҷман гуногун мешаванд. Ҳар хӯша 95 - 120 ғужб дорад; ғужбаш калон 17Х16 мм, лӯнда, ...

                                               

Ангури сиёҳи ҳисорӣ

Ангури сиёҳи ҳисорӣ - навъе аз ангурҳои маҳаллии дерпазак. Навъи қадима аст. Баргаш миёнаҳаҷми сепарра, камчок баъзан дандонадор, канорҳояш ба боло тобхӯрдаанд. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калон вобаста ба маҳали парвариш 258 - 430 г, махрутшакл дарози ...

                                               

Ангурканӣ

Ангурканӣ - ҷамъоварии ангур. Аз якчанд амалиёт иборат аст: чида ба зарфҳо андохтани ангур, аз токзор бароварда ба воситаҳои нақлиёт бор кардан, кашондан ва дар ҷойи истифода фаровардани он. ба нақша гирифтани корҳои ҷамъоварии ҳосил ва муайян ка ...

                                               

Ангурҳои бедона

Дар Тоҷикистон Кишмиши сафед, Кишмиши сиёҳ, Кишмиши сурх, Кишмиши сурхи туркманӣ, Кишмиши хушрӯ, Кишмиши ВИР ва дигар навъҳои ангурҳои бедона парвариш карда мешаванд.

                                               

Ангушт

Ангушти одам бинобар рост будани қомат ва ба узви корӣ табдил ёфтани даст куллан тағйир ёфтааст. Ангушт қисми муҳими даст буда, барои доштани чиз, иҷрои амал ва ғ. хидмат мекунад. Сарангушт вазифаи идора карданро ба ҷо меорад, ангушти саббоба анг ...

                                               

Ангушт (ченак)

Ангушт - ченаки қадимии форсу тоҷикии дарозӣ, ки ба вусъати банди ангушти хамида баробар аст. Мувофиқи дастхатҳои асримиёнагӣ ангушт баробари 6 донаи ҷави пайиҳам гузошташуда ё 36 қили аспи корӣ мебошад. Ангушт ҳамчун ченаки мустақил ва бунёдии д ...

                                               

Ангуштарин

Ангуштарин, чала - афзори ороишест, ки аз нуқра, тило ва дигар фулузот сохта ба ангушт меандозанд. Дар давраи палеолит ангуштарини устухонӣ, дар давраи неолит ангуштарини сангӣ ва дар асри биринҷӣ ангуштарини фулузӣ пайдо шуд. Ангуштарин дар сарз ...

                                               

Ангуштзанӣ

Дар тиб аз аввали садаи XIX истифода мешавад. Ҳангоми ба сатҳи бадан ангушт задан, дар узвҳои зери он ҷойгирифта ҳаракатҳои лаппишнок ба вуҷуд меоянд, ки садо ва давомоти муайян доранд. Масалан, шуш, ки ковок буда, ҳаво дорад, садои возеҳу рӯшан ...

                                               

Андалеб (ҷашнвора)

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 шурӯъ гардидааст. "Андалеб" идомаи "Бӯстон" аст, аммо доманаи барномаҳояш фарох мебошад. Дар "Андалеб" дар баробари суруди якка, бадеҳа, рақси якка, хор, сюита, намоиши театрӣ, ҳаҷву мутоиба, ...

                                               

Андалеб, Нурмуҳаммад Ғариб

Дар мадрасаҳои шаҳрҳои Хева ва Бухоро таҳсил карда, дар доираҳои адабии ҳамин шаҳрҳо иштирок доштааст. Аз осори боқимондааш бармеояд, ки ӯ адабиёти форс-тоҷик ва адабиёти арабро хуб медонист ва инҳо яке аз сарчашмаҳои эҷодиёти ӯ будаанд. Сарчашма ...

                                               

Андалеби Табрезӣ

Дар Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Барои овози хуш ва санъати баланди иҷрокунандагиаш лақаби "Андалеб" -ро гирифтааст. Бо ҳофиз ва машшоқ Устод Шодии Ҳиравӣ ҳамкории эҷодӣ дошта, аз ӯ дарси маҳорат омӯхтааст. Барои камолоти ...

                                               

Андалузит

Баъзан омехтаҳои оҳан ва манган ҳам дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ буда, дар шакли кристаллҳои қаламчаю призмамонанд ё донаҳои шаклашон вайрон вомехӯрад. Рангаш хокистарӣ, хокистарии сурхтоб ва гулобӣ. Ҷилояш шишагун. Сахтиаш 7.0 – 7.5, зи ...

                                               

Андалусия

Андалу́сия, низ Андалу́зия - вилояти таърихӣ дар ҷануби Испания. Масоҳаташ 87.3 ҳазор км². Аҳолиаш 7.9 млн нафар 2009. Маркази маъмуриаш - Севиля. Музофотҳои Алмерия, Гранада, Кадис, Кордова Қурдоб, Малага, Севиля, Уэлва, Хаэнро дар бар мегирад.

                                               

Анданте

Анданте суръати маъмули қисмати ороми сонатаҳои силсилавӣ. Andantino-ифодаи суръати аз andante шӯхтар. ифодаи суръати ором. Равон навохтани асари мусиқӣ. Анданте дар садаи XVII пайдо шуда, баъдтар асри 19 тадриҷан оҳангҳои шӯхтареро ифода мекарда ...

                                               

Андарз

Манбаи андарзҳо дар адабиёти асрҳои миёна пас аз густариши дини ислом китоби муқаддас Қуръони Маҷид мебошад. Дар эҷодиёти баъзе шоирону нависандагон, идомаи анъанаҳои андарзгӯии пешазисломӣ ба назар мерасад, вале бештари андарзҳо дар ин давра аз ...

                                               

Андарзи кӯдакон

Тақрибан дар садаи VIII тартиб дода шудааст. Асли паҳлавиаш дастрас нагардидааст. Ҳоло шакли позандии он нигар Позанд боқист ва номаш дар ин ҷо "Хешкориҳои ридакон" ридак ба маънои кӯдак мебошад. "Андарзи кӯдакон" аз пандҳое иборат аст, ки "дабир ...

                                               

Андарзи Озарбади Маҳраспандон

"Андарзи Озарбади Маҳраспандон" - яке аз осори адабиёти паҳлавӣ, андарзномаест мансуб ба Озарбади Маҳраспандон, ки дар замони шоҳи сосонӣ Шопури II мубадон мубад буд. Ин асар аз бандҳои фиқраҳои панду насиҳатӣ ва суханони ҳикматомез иборат аст. О ...

                                               

Андарзи Хусрави Қубодон

"Андарзи Хусрави Қубодон" - яке аз асарҳои адабиёти паҳлавист. Матни боқимондаи он 13 банд андарзи ба забони паҳлавӣ-форсии миёна навишташуда мебошад, ки гӯё шохи сулолаи Сосониён Хусрави Анӯшервон ҳукмронӣ 531 – 531 ҳангоми дар бистари марг буда ...

                                               

Андарзнома

Андарзнома, китоби андарзҳо - осори адабӣ-бадеӣ, динӣ, фалсафии панду ахлоқӣ, ки дар он андарзҳо, суханони панду ҳикматомез, гуфтори ибратомӯз фароҳам омадаанд.

                                               

Андарунӣ

Андарун ё андарунӣ - ҳавлии дарун, ки хоси меъмории Шарқ аст. Андарун қисми занонаи манзилгоҳ аст. Ба он даромадани марди бегонаи ба истилоҳ "номаҳрам" мамнӯъ буд. Вобаста ба муҳит, табиат, шароит ва ҷой шакл ва навъҳои зиёди андарун ба вуҷуд ома ...

                                               

Андархомӣ

Андархамӣ, андархомӣ - як навъ харбузаи дерпазак. Давраи нашваш аз неш задани тухмӣ то пурра пухтан 100 - 110 рӯз. Ҳаҷмаш калон вазнаш 5 - 7 кг, дарозрӯяи тухмшакл. Пӯсташ норанҷии сабзтоб, чин-чин, сахт, тӯрдор. Мағзаш сершира ва хуштаъм. 8.5 - ...

                                               

Андезин

Андезин - минералест аз гурӯҳи плагиоклазҳо, ки 30 - 50 % зарраҳои албитӣ дорад. Андезин минерали ҷинсҳои магмавии таркибашон миёна аст андезитҳо, диоритҳо ва ғайра. Системаи кристаллбандиаш триклинӣ. Кристаллҳои андезин кам вомехӯранд, одатан, д ...

                                               

Андезит

Андезит - ҷинси кӯҳии эффузивии сохташ порфирӣ. Таркиби муътадили кимиёӣ: SiO 2 56-64 %, TiO 2 0.5-0.7 %, Al 2 O 3 16-21 %, Fe 2 O 3 3-4 %, FeO 3-5 %, MgO 3-4 %, CaO 6-7 %, Na 2 O 2-4 %, K 2 O 1-2 % Асосан аз шпатҳои даштӣ таркиб ёфта, ба миқдори ...

                                               

Андеша

Андеша, ё фикр - яке аз нерӯҳои дарунии инсон аст, ки ба мафоҳим марбут аст. Дар андеша раванди фаҳмидани худ, одамони дигар ва олами иҳотакарда ифодаи худро меёбад. Асоси андешаро инъикоси чунин нишонаву аломатҳои ҳодисаҳо, аз қабили монандӣ, қа ...

                                               

Анджей Гавронский

Анджей Гавронский - донишманди чандзабонаи лаҳистонӣ, шарқшинос, тарҷумон, профессори Донишгоҳи Лвив.

                                               

Андигон (чашмаи оби маъданӣ)

Андигон - чашмаи оби маъданӣ дар 3.5 км ҷанубӣ шарқии шаҳри Ваҳдат. Обаш гидрогенсулфат дорад ва таркибан шабеҳи оби минералии чашмаи Матсестаи шаҳри Сочии кишвари Краснодари Федератсияи Русия аст. Он аз пармачоҳи чуқуриаш 1800 м ба миқдори 4 л/с ...

                                               

Андиҷон

Андиҷон - шаҳр дар Ӯзбекистон, маркази маъмурии вилояти Андиҷон. Дар қисми ҷанубу шарқии водии Фарғона ҷойгир аст. Аҳолиаш 369 ҳазор нафар 2009. Роҳи оҳан ва аэропорт дорад.

                                               

Андова

Андова - як навъ асбоби гилкорӣ, ки онро барои молиш ва тахту ҳамвор кардани гаҷхок, регоҳак, каҳгил, гаҷ ва ғайра ба рӯйи чизе истифода мебаранд. Андова, одатан, аз оҳани тунуки 2-миллиметра сохта шуда, дастааш чӯбин ё оҳанин мебошад. Андоваро а ...

                                               

Андоз

Андóз, боҷ, молиёт - пардохти ҳатмӣ, ки онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ба буҷети умумидавлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид менамоянд. Моҳияти иқтисодии андоз ин ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →