ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 119



                                               

Аркадий Гайдар

Арка́дий Петро́вич Гайда́р январ 1904, Лгов, губернияи Курск - 26 октябри 1941, назди рустои Лепляво, ноҳияи Канев, вилояти Черкас) - нависанда, муаллифи асарҳо барои бачагон ва филмноманависи рус.

                                               

Арккосинус

Арккосинус // А - Асос. - Д.: СИЭМТ, 2011. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011 - 2017, ҷ. 1. - ISBN 978-99947-33-45-3.

                                               

Арнолд Гейлинкс

Донишгоҳи Лувенро хатм карда, дар ҳамон ҷо таълим медод. Аз соли 1658 дар Нидерланд; профессор дар Лейден 1665. Аз арастуияи мадрасӣ схоластӣ, ки онро мавриди интиқоди шадид қарор дод, ба самти комилан пазируфтани таълимоти Декарт таҳаввул ёфт. А ...

                                               

Арнолд Гелен

Дар донишгоҳҳои Лейпсиг 1934–38, Кёнигсберг 1938–40, Вена 1940–1945 аз фанни фалсафа ва дар донишгоҳҳои Шпайер 1947–61 ва Ахена 1961–69 аз фанни сотсиология дарс додааст. Асари асосии Арнолд Гелен "Инсон. Сиришт ва мақоми ӯ дар олам" 1940 аст. Ба ...

                                               

Артиши озодибахши Рус

Артиши озодибахши Рус - гурӯҳи ҳарбиёни яке аз дастаҳои низомии муташаккили зиддишӯравӣ, ки бо сарварии Андрей Власов ташкил ёфта буд. Артиши озодибахши Рус дар солҳои ҶБВ 1943-45 бо пуштибонии Рейхи сеюм 24.3.1943-23.5.1945 дар амалиёти зидди ҳа ...

                                               

Арҷумани Фарҳанги Бостон

Анҷумани Фарҳанги Бостон - иттиҳодияи ҷамъиятии илмию фарҳангӣ. Соли 1992 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Иштироки фаъолона ва мусоидат дар бобати омӯзишу тарғиби фарҳанг, забон, осори илмию бадеии бостонии мардуми ориёӣ, хоса тоҷикон, эҳёи ҷаш ...

                                               

Асадуллоҳ Ахтар

Дар синни камолот ба Ҳиндустон рафта, дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър гуфтааст. Бо номҳои "Гулшани Маҳмуд", "Шуълаи ишқ", "Гетиошӯб", "Аҷабнома", "Сурмаи ҳасрат", "Тилисми ваҳдат" маснавиҳо доштааст. Абёти з ...

                                               

Асалришқа

Аз 30 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сешохаи дарозрӯя ё байзашакл, гули зард, тухми гирда ё мудаввари дорчинӣ ё зарди сабзтоб дорад. Май – июн гул карда, июл – август тухм мебандад. Дар гулзорҳо, соҳили дарёҳо, канори ҷӯйҳо, ки ...

                                               

Асидоз

Асидоз, сертуршӣ, хунукмизоҷӣ - бемориест, ки дар натиҷаи ихтилоли мувозинати туршию ишқор ва дар хуну бофтаҳо барзиёд захира шудани анионҳои кислотаҳо рух медиҳад. Асидоз талофипазир ва талофинопазир мешавад. Ҳангоми атсидози талофипазир анионҳо ...

                                               

Асируддин Абҳарӣ

Шарҳи ҳол ва зиндагии овони кӯдакию наврасиаш маълум нест. Баъди истилои муғул ба Сурия ҳиҷрат кард ва чанд сол дар Димишқ зист. Баъд ба Туркия рафт ва то охири умр он ҷо монд. Абҳарӣ бо Насируддини Тусӣ аз рӯи масъалаҳои гуногуни фалсафӣ мукотиб ...

                                               

Аслам Акрамов

Хатмкардаи факултети иқтисодии УДТ 1981. Аввал дар мақомоти комсомолию Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1982 – 1990 кор карда, сипас сармутахассис ва сардори фонди нафақаи Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб, роҳбари "Сомонбонк" -и шаҳри Кӯлоб 199 ...

                                               

Асп

Аспҳо нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагии қадим калонҷуссатар мебошанд. Пояш пурқувват, банди сеюми ангушти мобайни он ба сум табдил ёфтааст. Наринаҳо 40 ва модинаҳо 36 дандон доштанд. Байни дандонҳои ашк ва курсии аспҳо қариб 10 см ҷой ҳаст, ки ба ...

                                               

Аспи арабӣ

ÁСПИ АРАБӢ, аспи тозӣ, зоти аспҳои қадимии саворӣ. Дар ҷаҳон зиёд паҳн шудааст. То пайдоиши аспи асили савории англисӣ зоти беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Ҳамчун беҳкунандаи зоти дигар аспҳо маъруф аст. Аспи арабиро нимаи дуюми садаи VII бадавиён дар ...

                                               

Аспи асили савории англисӣ

Ибтидои садаи XVIII дар Англия дар натиҷаи ҷуфткунии аспҳои савории маҳаллӣ бо аспҳои бидави арабӣ, туркманӣ, неаполитанӣ ва форсӣ ба вуҷуд овардаанд. Англисҳо онро "thro­ughbred" меноманд, ки маънояш "олиташаккул" аст. Саромади зоти ин асп се на ...

                                               

Аспи аҳалтекинӣ

Аспи аҳалтекинӣ, ахалтекинӣ - зоти аспҳои қадимии саворӣ. Таърихи пайдоиши аспи аҳалтекинӣ аз замонҳои хеле қадим - аз даврае маншаъ мегирад, ки мардуми сершумори эронитабор дар сарзамини Осиёи Марказӣ сукунат доштанд. Онҳо аспҳое ба вуҷуд оварда ...

                                               

Аспи будённовӣ

Аспи будённовӣ - зоти саворӣ. Солҳои 1921 - 1948 дар заводи асппарварии ба номи Будённий ва Армияи якуми савора дар натиҷаи ҷуфт кардани зотҳои аспи асили саворӣ, донӣ ва баҳрисиёҳӣ ба вуҷуд овардаанд. Аспи будённовӣ бештар ҷиран, тӯруқ ва абрашм ...

                                               

Аспи муғулӣ

Аспи муғулӣ - зоти даштии ҷойдорӣ. Аспи қадимии муғулӣ. Ба шароити дашт, нимдашту биёбон ва сармо тобовар аст. Аспи муғулӣ бештар ашҳаб, ҷиран, хурдҷусса буда, пойҳои кӯтоҳи пурқувват, сари калону пешонаи васеъ, гардани кӯ­тоҳи рост, синаи паҳн, ...

                                               

Аспи озарӣ

Аспи озарӣ - зоти саворӣ ва боркаш. Аспи қадимии озарӣ. Аспи озарӣ бештар тӯруқ, ашҳаб, зард буда, сари калон, гардани миёна ва баъзан кӯтоҳ, тахтапушти паҳну пурқувват дорад. Вазнаш 280 - 350 кг, баландиаш 138 см, даври синааш 161 см, банди пояш ...

                                               

Аспи Пржевалский

Аспи Пржевалский, як навъ ҳайвони тоқсум. Онро соли 1879 муҳаққиқи рус Н. М. Пржевалский дар Осиёи Марказӣ кашф кардааст. Аспи Пржевалский ёли кӯтоҳи сих, думи пӯпакмонанд, сари калон дорад. Дарозии баданаш то 2.3 метр, баландиаш 1.3 метр; модина ...

                                               

Аспи терекӣ

Аспи терекӣ - зоти саворӣ. Дар заводҳои асппарварии Терек ва Ставрополи Федератсияи Русия бо роҳи ҷуфт кардани аспҳои стрелесӣ, арабӣ, қабардинӣ ва донӣ ба вуҷуд овардаанд. Бештар ашҳаб, баъзан тӯруқ ва зард мешавад. Зоҳиран бааспи ара­бӣмонанд, ...

                                               

Аспи тоҷикӣ

Аспи тоҷикӣ - зоти аспҳои маҳаллии саворӣ. Тӯ­ли 50 сол дар натиҷаи ҷуфт кардани аспҳои англисӣ, ара­бӣ ва лақайӣ ба вуҷуд оварда шуда, 27 декабри 2002 аз назорати давлатӣ гузаштааст. Аспи тоҷикӣ, аспи пурқувват буда, қаду басташ зебост. Сари қоқ ...

                                               

Аспи хатлӣ

Áспи хатлӣ - зоти аспи маҳаллӣ, ки дар қадимуззамон дар мавзеи имрӯзаи Хатлон парвариш меёфтанд. Асппарварӣ дар Хатлон аз замони бостон маъмул будааст. Дар ин бобат ишораҳои сайёҳон, таърихнависон ва шоиру нависандагон шаҳодат медиҳанд. Адиб ва с ...

                                               

Аспи қазоқӣ

Аспи қазоқӣ - зоти саворӣ, боркаш ва гӯшту ширдеҳ. Аспи маҳаллии қазоқист. Дар натиҷаи ҷуфт кардани зоти аспҳои маҳаллӣ бо аспҳои муғулӣ, осиёими­ёнагӣ ва аврупоӣ ба вуҷуд овардаанд. Аспи қазоқӣ гуногунранг ва хурдҷусса буда, сари газгӯшт, тахтап ...

                                               

Аспи қаробоҳирӣ

Аспи қаробоҳирӣ - зоти аспҳои маҳаллии боркашу савораи Осиёи Марказӣ. Аз қадимулайём маълум буда, дар натиҷаи бо аспҳои кӯчиён, инчунин аспҳои туркманӣ, арабӣ ва форсӣ ҷуфткунонии арғумакҳо ба вуҷуд оварда шудааст. Бештар адҳамтӯруқ, абрашҷеран в ...

                                               

Аспи қирғизӣ

Аспи қирғизӣ - зоти аспи маҳаллии саворию боркаш. Аспи қадими қирғизӣ. Аспи қирғизӣ ба гармою сармои куҳистон мутобиқ аст. Ашҳаб, тӯруқ, баъзан зард мешавад. Аспи хурдҷусса буда, сари камгӯшт, гардани рост, танаи дароз, тахтапушти кӯтоҳ, синаи ва ...

                                               

Аспирантура

Аспирантура - яке аз воситаҳои асосии тайёр намудани кормандони соҳаи илм. Таҳсил дар аспирантура, маъмулан, бо ҳимояи рисолаи номзадӣ ба охир мерасад. Аспирантура рӯзона ва ғоибона мешавад. Дар аспирантураи рӯзона шахсони то 35-сола муҳлати таҳс ...

                                               

Асрҳои байнияхбандӣ

Асрҳои байнияхбандӣ, интерглятсиал - фосилаи вақтии давраи яхбандӣ, ки асрҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Асрҳои байнияхбандӣ аз давраи яхбандӣ бо иқлими гарм, кам шудани масоҳат ё нобудшавии қабати ях дар арзҳои миё­на фарқ мекунад. Давраи геологии ҳо ...

                                               

Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ

Ассамблеяи байнипорлумоонии ИДМ - дар шакли пурра Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳо - ширкатдорони ИДМ, ки ба қабули санадҳои қонунгузорӣ, инчунин мувофиқ гардондани қонунгузориҳои ИДМ бо стандартҳои байналмилалӣ машғул аст, 27 марти 1992 дар ...

                                               

Ассембли

Автокод, ассемблер - забони содаи барномасозӣ. Автокоди навъи 1:1, ки ҳар як рамзи он ҳангоми ба забони мошинӣ гузаронидан ба як амри ҳисобмошини рақамӣ табдил меёбад, бештар маъмул аст. Нигар Забонибарномасозӣ.

                                               

Ассимилятсия (маъданшиносӣ)

Ассимилятсия, якҷошавӣ - дар маъданшиносӣ, раванди таъсири мутақобили магма ва ҷинсҳои атроф. Дар натиҷаи ассимилятсия магма ҷинсҳои атрофро қисман ё пурра ҳал карда, таркиби худро тағйир медиҳад. Пайдоиши габбро ва диоритҳо дар қисми канории инт ...

                                               

Ассор Табрезӣ

Ассор Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Табрезӣ - шоири форс. Муосир ва дӯсти Камоли Хуҷандӣ. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо шахси таҳсилдида, бохабар аз улуми динӣ ва дунявӣ - нуҷум, риёзиёт, ҳандаса, фалсафа ва ғайра будааст. Девон доштааст ва дар о ...

                                               

Ассотсиатсия (геология)

Ассотсиатсия дар геология - маҷмӯи табақот, ҷинс ва маъданҳои як давраи геологӣ, ки ба онҳо аломатҳои умумии петрографӣ, петрохимиявӣ, металлогенӣ ё маҷмӯи муайяни чанде аз ин аносир хос аст, масалан, ассотсиатсияи маъданӣ - гурӯҳи маъданҳои дар ...

                                               

Астармола

Пояаш рост то 80 см қад мекашад, пашмакдор. Баргаш дарозрӯя 6-13 см, думчадор. Хӯшагулаш туғшакл дарозиаш 10-60 см. Гулаш майда, сабз. Ғӯзааш дарозрӯя 7-9 мм, нӯгтез, сертухм. Тухмаш ҷигарранги баланд. Моҳҳои март-май гул карда, май-июн тухм меба ...

                                               

Астаробод

АСТАРОБÓД, Истаробод, Истиробод, шаҳр ва ноҳияе дар Гургони садаҳои нахустини исломӣ ва маркази иёлате ба ҳамин ном дар давраи сафавӣ ва қоҷория. Бархе муаррихон шаҳри Задракартаи Ҳахоманиширо бо Астаробод яке донистаанд. Ба ақидаи қисме таърихни ...

                                               

Астма

Астма - хурӯҷи нафастангӣ. Ба сабаби танг шудани равзани бронхҳо ё чун зуҳуроти иллати дил, баъзан аз чанд иллат ба вуҷуд меояд. Астма ҳолатест, ки ба он ёрии ниҳоят таъҷилии тиббӣ зарур мебошад. Ҳангоми хурӯҷи ҳама навъҳои астма беморро озод шин ...

                                               

Астроида

Астроида - хатти каҷи ҳамворе, ки онро нуқтаи астроидаи давраи радиусаш R/4 ҳангоми дар давраи беҳаракати Ø налағзида ғелидан мекашад. Муодилаи астроида дар силсилаи координатҳои декартӣ ин аст: х2/3+y2/3=R2/3. Муодилаи параметрии он x= Rcos3t/4, ...

                                               

Асунсион

Асунсион, шаҳр, пойтахти Парагвай, дар соҳили чапи дарёи Парагвай, дар ҷойи ба он як шудани дарёи Пилкомайо воқеъ аст. Аҳолиаш 507.5 ҳазор нафар. Дар Асунсион 90% халқияти гуарани, инчунин аргентиниҳо, бразилиягиҳо, олмониҳо, итолиёиҳо, португали ...

                                               

Асъади Самарқандӣ

АСЪÁДИ САМАРҚАНДӢ арабӣ: اسعد سمرقندی Саъдуддин Асъади Наҷҷор, соли таваллуд ва вафот номаълум, шоири форс-тоҷик охири садаи XII – ибтидои садаи XIII. Наҷҷор дуредгар буд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ, масалан, "Лубоб-ул-албоб" -и Авфӣ, Асъ ...

                                               

Асҳоб

Асҳóб, ё саҳоба - саҳобагони Пайғамбари Ислом, дар таърифи истилоҳии вожа – касе, ки Муҳаммад)-ро бо имон мулоқот карда ва бо ислом аз дунё рафта бошад.

                                               

Асҳоби Ақаба

Асҳоби Ақаба – ба гурӯҳе аз мардуми ансор гуфта мешавад, ки пеш аз ҳиҷрат дар наздикиҳои Мино дар гарданаи водие бо номи Ақаба, он ҷо ки Ҷамраи якуми Ақаба воқеъ шудааст,шабона бо Расули акрам байъат карданд.

                                               

Асҳоби Каҳф

Асҳоби Каҳф, достони қуръонӣ. Қуръони Карим барои тасбити ақидаи муъминон ва исботи растохези ҷисмонии мурдагон дар рӯзи қиёмат достони ҷавонони муъминеро дар сураи Каҳф зикр менамояд, ки дар гузаштаҳои дур барои ҳифзи имони худ аз зулми подшоҳи ...

                                               

Асҳоби сабт

Асҳоби Сабт, тоифае аз банӣ Исроил, ки бар асоси гузориши қуръонӣ дар шаҳри соҳилие зиндагӣ мекарданд ва ба шикори моҳӣ ва дарёгардӣ машғул буданд.

                                               

Асҳоби Суффа

Асҳóби Суффá, гурӯҳе аз ёрон ва саҳобагони Муҳаммад, ки пас аз ҳиҷрат худро барои омӯзиши таълимоти ислом ва хидмат дар роҳи Худо фориғ сох­танд ва қисме аз онҳо то поёни ҳаёти Муҳаммад ба бинои манзиле напардохтанд.

                                               

Асҳоби фил

Асҳоби Фил - яке аз ҳаводиси сарнавиштсози таърихӣ дар миёни ақво­ми саҳронишин ва нимамутамаддини араб ба шумор меравад, ки соли 570 ва ё 571 милодӣ– чанд моҳе қабл аз таваллуди Расули акрам ба вуқӯъ пайвастааст. Достони Асҳоби фил дар яке аз су ...

                                               

Атабаска

Атабаска - кӯл дар ғарби Канада, дар болооби дарёи Маккензи. Пайдоишаш – пиряхию тектоникӣ. Аз шарқ ба ғарб ба шакли қавс тӯл кашидааст. Масоҳаташ 8081 км 2, дарозиаш 335 км, умқаш то 60 метр Аз охири октябр ях мебандад, моҳи июн об мешавад. Дарё ...

                                               

Атавизм

Атавизм - дар мавҷудоти зинда пайдо шудани аломатҳое, ки дар авлоди наздикашон нест, вале дар аҷдоди дури онҳо вуҷуд доштаанд. Масалан, ба вуҷуд омадани узви изофии думмонанд дар одам; дар паҳлуҳои ангушти миёнаи асп пайдо шудани ду ангушти изофӣ ...

                                               

Атакама

АТАКÁМА - биёбоне дар шимол Чили, дар нишебии қисми ғарбии куҳҳои Анд. Қад-қади соҳили Уқёнуси Ором тақрибан 1000 км тӯл кашидааст, масоҳаташ 363 км 2. Баландиаш аз сатҳи баҳр то 3200 метр ва дар ғарб 4325 метр. Иқлимаш тропикии пассатӣ. Атакама ...

                                               

Атаксия

Атакси́я - халалдор шудани низоми ҳаракатҳои беихтиёр; ба ҳамдигар мувофиқат накардани кори мушакҳо. Барои дуруст ҳаракат ва дар ҳолатҳои гуногун мувозанат доштани ҷисм фаъолияти муштараки мушакҳо зарур аст. Ҷунба импулс-ҳое, ки аз мушакҳо, рагу ...

                                               

Атерома

Атеро́ма, ҳосилаи омосшакли бехавф - ба андозаи аз нахӯд то тухми мурғ, ки дар пӯст ё зери он пайдо мешавад. Сабаби пайдоиши атерома баста шудани маҷрои моддаҳоест, ки ғадуди чарбӣ ҷудо мекунад. Атерома аз чарб, холестерин, ҳуҷайраҳои пӯст иборат ...

                                               

Атеросклероз

Атеросклероз - сахтшуди шараён, сахтшуди сурхраг, бемории музмини шараёнҳост, ки боиси тадриҷан танг шудани сурхраг ва ихтилоли фаъолияти онҳо мегардад. Дар он қисми девораи шараён, ки аз атеросклероз осеб дидааст, ғайр аз ҳуҷайраҳо ва торҳои боф ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →