ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 122



                                               

Аҳдномаи Бангкок

Аҳдномáи Бангкóк - аҳднома дар бораи минтақаи холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ эълон кардани Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Аҳдномаи бангкок 15 декабри 1995 баста шуда, 28 марти 1997 ба шакли қонунӣ даромад ва фаъолияташ доимист. Ҳоло ба Аҳдномаи бангкок даҳ давлат д ...

                                               

Аҳдномаи Брюссел

Аҳдномáи Брюссел - шартнома дар бораи фаъолияти якҷо дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва худмудофиаи дастаҷамъӣ, ки 17 марти 1948 ба тасвиб расида, мутобиқи Аҳдномаи Париж аз 23 октябри 1954 ба он тағйирот ворид гардидааст.

                                               

Аҳдномаи Гандумак

"Аҳдномáи Гандумáк", "Муоҳидаи Гандумак" - аҳдномае, ки пас аз ҷанги тӯлонӣ 26 майи 1879 байни ҳукуматдорони Англия ва Афғонистон баста шуд. Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Яъқубхон ба он имзо гузошт.

                                               

Аҳдномаи зидди коминтерн

"Аҳдномáи зи́дди коминтерн" - аҳдномае, ки 25 ноябри 1936 байни Олмон ва Ҷопон ба имзо расидааст, мақсадаш - мубориза бар зидди коминтерн.

                                               

Аҳдномаи никоҳ

Аҳдномáи никóҳ - созишномаи шахсоне, ки из­дивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар, ки ҳуқуқ ба ам­вол ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

                                               

Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон

Аҳдномаи ризоияти ҷомеъаи Тоҷикистóн - яке аз ҳуҷҷатҳои сиёсие, ки баҳри сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи 9 марти соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

                                               

Аҳдшиканӣ

Аҳдшиканӣ, паймоншиканӣ - дар илми ҳуқуқшиносӣ аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки шахс, гурӯҳи мардум ё давлате душман ё мухолифинро моил ва ё маҷбур ба бовар мекунонад.

                                               

Аҳкоми дин

Аҳкóми дин - аҳкоми шаръ, аҳкоми шариат, нуқтаҳои асосии таълимоти динӣ, ки муқаррароти илоҳии собиту абадӣ ва барои тамоми диндорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

                                               

Аҳкому-р-рамй ва-с-сибоқ

"Аҳкóму-р-рамй ва-с-сибóқ" - рисолаи шайх Тоҷуддин Аҳмад ибни Усмон ибни ат-Туркмонӣ дар баёни ҳукмҳои шаръии тирандозӣ ва мусобақаи аспдавонӣ ба мазҳаби ҳанафӣ. Ба забони арабӣ навишта шудааст.

                                               

Аҳкому-с-султония ва-л-валоёту-д-диния

"Ал-аҳкóму-с-султóния ва-л-валоёту-д-диния" - асари имом Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммади Мовардӣ дар баёни аҳқоми шаръии сиёсат ва давлатдории исломӣ. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Он дар ҳаҷми як ҷилд буда, аз бист боб иборат аст ва ҳар боб ба ма ...

                                               

Аҳл

Аҳл - касоне, ки дар як ҷой зиндагӣ мекунанд ва ё муддате дар ҷое гирд омада бошанд, ба монанди аҳли хонавода, аҳли маҷлис ва ғайра. Агар ин калима ва ё сиғаи ҷамъаш аҳолӣ=أهالي ба номи шаҳре ё кишваре изофа шавад, ба маънои мардум ва сокинони он ...

                                               

Аҳли Байт

Аҳлу-л-Байт, Аҳли Байт, ки аз худи Муҳаммад, писарамак ва домодаш Алӣ ибни Абитолиб, Фотима, Ҳасан, Ҳусайн ва минбаъд авлоди онҳо иборат мебошанд.

                                               

Аҳли бидъат

Аҳли бидъат - истилоҳи динӣ-каломӣ ба маънои навовар, ки дар ақида ва дин бо афзудан ва ё костан тағйир ва дигаргуние ба вуҷуд меоварад ва дар фарҳанги фирқашиносӣ ин гурӯҳро аҳли ҳаво низ мегуфтанд.

                                               

Аҳли зимма

Áҳли зиммá ё зиммӣ - мафҳуми динӣ-ҳуқуқӣ, номи шаҳрвандони ғайримусулмон дар кишвари исломӣ, ки ҳифзи амният ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқии онҳо бар зиммаи давлат ва уммати ислом аст. Вақте сокинони сарзамине аз дари мусолиҳа бо мусулмонон ворид м ...

                                               

Аҳли Китоб

Áҳли китóб - дар Қуръон касоне, ки дар байни мусулмонон ва мушрикон қарор доранд. Аҳли китоб пеш аз ҳама яҳудиёну насрониён буда, фақат дар як оят 2:62 собитиён низ бо онҳо якҷо зикр карда шудаанд. Дар ибораи Аҳли китоб манзур аз вожаи "Китоб" Та ...

                                               

Аҳли куфр

Аҳли куфр ба панҷ гурӯҳ тақсим мешаванд: муртад ва ё аҳли ридда, ғайра, китобӣ ва ё аҳли Китоб мулҳид, даҳрӣ ва ё аҳли илҳод мунофиқ ва ё аҳли нифоқ, мушрик ва ё аҳли ширк Агар касе ба бештар аз як Худо муътақид бошад, мушрик ва ё аҳли ширк, агар ...

                                               

Аҳли нифоқ

Áҳли нифóқ, одамони дурӯ - ин истилоҳ нисбат ба гурӯҳе ва ё одамоне итлоқ мегардад, ки дар баробари ҳақоиқ ва дар назди арбоби давлат ва ҳар ниҳод ва мақоми тавоное аз худ дурӯягӣ ва душахсиятӣ нишон медиҳанд, дар зоҳир бо онҳо ҳамсозӣ ва ҳамраъй ...

                                               

Аҳли рафз

Áҳли рафз ё равофиз - мафҳуми динӣ-фирқашиносӣ, тоифаҳои мухталифи шиъа, ки пайравӣ аз ислом ба равиши аҳли суннат ва суннати манқул аз тариқи саҳобагони Паёмбар -ро аслан қабул надоранд. Аҳли рафз ба таърихи садри ислом бо диди дигаре нигариста, ...

                                               

Аҳлии Туршезӣ

Аз аҳли Туршези Хуросон буд, аз ин ҷост, ки баъзан бо номи Аҳлии Хуросонӣ низ ёд мешавад. Шеърҳояш дар Ҳиндустон интишор ва мавриди мутолиа қарор доштанд. Дар дарбори Ҳусайни Бойқаро ва Алишери Навоӣ хидмат мекард. Дар охирҳои ҳукмронии онон ба Т ...

                                               

Аҳлии Шерозӣ

Дар ҷавонӣ ба Ҳирот омада, ба хидмати дарбори Ҳусайни Бойқаро ҳукмронӣ 1469–1506 дохил шуд. Пас аз муддате ба зодгоҳаш баргашт. Алишери Навоӣ дар "Маҷолис-ун-нафоис" ва Соммирзои Сафавӣ дар "Туҳфаи Сомӣ" аз истеъдоду ҳунари шоирии Аҳлии Шерозӣ да ...

                                               

Аҳмад Алихон

Аҳмáд Алихóн - хаттот, хушнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Ба қавли муаллифи "Риёз-уш-шуаро" Аҳмад Алихон хоҳарзодаи волии Ҳиндустон Саодатхон Баҳодур Зулфиқори Ҷанг ва ба қавли муаллифи "Сафинаи ҳиндӣ" хоҳарзодаи Содотхон Зулфиқор аст, ки в ...

                                               

Аҳмад Баҳманёр

Забонҳои туркии усмонӣ, арабӣ, англисиро медонист. Пас аз вафоти падараш, ки мударрис буд, ба тадрис машғул шуд ва мадрасаҳои Иброҳимия, Исломияро бунёд ниҳода, таълиму тарбияро ба тарзи нав роҳандозӣ намуд. Дар замони инқилоби Машрутаи Эрон узви ...

                                               

Аҳмад Закӣ Абушодӣ

Донишгоҳи Лондонро бо ихтисоси духтур-бактериолог хатм кардааст 1912 - 1922. Дар Қоҳира соли 1936 маҳфили адабӣ ва маҷаллае бо номи "Аполло" таъсис кард. Аз соли 1939 дар Искандария ба нашри маҷалла. "Адаб" машғул буд. Соли 1946 ба Америка ҳиҷрат ...

                                               

Аҳмад ибни Абдаи Заббии Басрӣ

Аҳмáд ибни Абдáи Заббии Басрӣ - яке аз ровиёни маъруфи ҳадис. Нисбаи Заббӣ доштанаш аз номи қабилаи банӣ Забба – яке аз қабилаҳои арабҳои Басра будааст. Аҳмад дар ривоят сиқа будааст. Баъзеҳо ӯро аз аҳли хавориҷ медонанд. Заҳабӣ ӯро на ҳамчун муҳ ...

                                               

Аҳмад ибни Абдуллоҳи Куфӣ

Аҳмáд ибни Абдуллóҳи Куфӣ - яке аз ровиёни ҳадис, ки дар ривояти ҳадис сиқа будааст. Имом Бухорӣ аз ӯ самоъи ҳадис кардааст. Дар беш аз 90-солагӣ дунёи фониро падруд гуфтааст. Дар зимни ҳадис ба шакли "Абуҳасин" ёд шудааст.

                                               

Аҳмад ибни Иброҳими Даврақӣ

Аҳмад ибни Иброҳими Даврақӣ - ҳофизи бузурги ҳадис. Бародари Яъқуби Даврақӣ ва исми нисбааш аз қалансувҳои даврақия сохтанаш будааст. Ӯ соҳиби таълифот низ мебошад. Дар 80-солагӣ вафот кардааст.

                                               

Аҳмад ибни Исҳоқ

Тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Зоҳиран аз котибони усмонӣ буда, то нимаи дуввуми садаи XVI дар Истанбул мезистааст. Як нусхаи "Бӯстон" -и Саъдии Шерозиро китобат кардааст, ки дар Китобхонаи салтанатии Эрон маҳфуз аст.

                                               

Аҳмад ибни Маниъ

Абуҷаъфар Аҳмад ибни Маниъи Бағавии Бағдодии Асамм - ҳофизи ҳадис ва соҳиби "Муснад" -и маъруф будааст. Маҳалли сукунаташ Бағдод буда, дар ривояти ҳадис сиқа ва асҳоби "Саҳеҳ" -ҳои шашгона аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд, вале аз ин миён имом Бухорӣ б ...

                                               

Аҳмад ибни Марвони Сарахсӣ

Аҳмáд ибни Марвóни Сарахсӣ - яке аз олимон ва мусиқидонони маъруфи форс-тоҷик, ки дар таҳқиқ ва омӯзиши илми мусиқӣ ва ташаккули он дар давраи Сомониён саҳми арзанда гузоштааст.

                                               

Аҳмад ибни Мирмуншӣ

Давраи ҷавониаш дар Қум ва Ҳирот гузаштааст. Санъати хаттотиро аз хаттотони машҳури ҳамон замон Аҳмад Ҳусайни Машҳадию Шоҳмаҳмуди Зарринқалам ва наққоширо аз Алиасғар, Муҳаммадамин ва Алиризо омӯхтааст. Соли 1556 ба Машҳад кӯчида, муддати 10 сол ...

                                               

Аҳмад ибни Муҳаммади Фариғунӣ

Аҳмáд ибни Муҳаммáди Фариғунӣ - дувумин фармонравои Гузгонон аз хонадони Фариғуниён. Дар маъхазҳои таърихӣ, аз ҷумла "Таърихи Бухоро" -и Наршахӣ ва "Қобуснома" -и Унсурулмаолии Кайковус бархе аз ҳаводиси рӯзгори ӯ ба чашм мерасад.

                                               

Аҳмад ибни Насри Нишопурӣ

Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

                                               

Аҳмад ибни Рабеҳӣ

Дар имтидоди солҳои 860 - 940 ба сар бурдааст. Ба Бухоро омада, дар соҳаҳои гуногуни илми мусиқӣ чандин китоб таълиф намудааст. Асарҳои ба амалия ва назарияи мусиқӣ бахшидаи ӯ "Ки­тоб-ул-иқоот-ут-таға­ния", "Китоб-ул-маърифат-ул-мусиқӣ аш-шеър", ...

                                               

Аҳмад ибни Солеҳ

Аҳмад ибни Солеҳ Абуҷаъфар Табарии Мисрӣ - ҳофизи маъруфи ҳадис. Падараш ба ривояте аз сарбозони Табаристон буда, Аҳмад дар Миср ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчунин дар илми фиқҳ, ҳадис ва наҳв ҷомеъ ва дар ривояти ҳадис сиқа буда, имом Бухорӣ, Абудовуд ...

                                               

Аҳмад ибни Ҳасан

Аҳмáд и́бни Ҳасáн - хушнавис, настаълиқнависи усмонӣ, шогирди Дарвеш Абдии Бухорӣ. Дар навиштани хатти хафӣ устод буд. Мирзо Ҳабиби Исфаҳонӣ китобати "Савонеҳ-ул-улум", "Шарҳи фиқҳи акбар", "Ишорот-ул-улум" ва "Китоб-ул-олам" -ро ба вай нисбат до ...

                                               

Аҳмад Ризо

Аҳмáд Ризó - хаттот ва хушнависи ҳиндустонӣ. Қитъаи форсие бо хатти вай дар Осорхонаи бостоншиносии Деҳлӣ маҳфуз аст, ки зоҳиран дар нимаи дувуми садаи XVIII–нимаи аввали садаи XIX китобат шудааст.

                                               

Аҳмад Ҳусайн

Аҳмáд Ҳусáйн - хаттот, зодаи Лакҳнав. Тафсилоти зиндагиаш маълум нашуд. Тазкираи "Шамъи анҷуман" -и Саидмуҳаммад Сиддиқ Ҳасанхони Баҳодурро китобат кардааст, ки соли 1875 дар Бҳупол чопи сангӣ шудааст.

                                               

Аҳмадак (мисгар)

Аҳмадáк - мисгар ва ҳаккоки форс-тоҷик. Коргоҳи Аҳмадак дар қасабаи Чилдухтарони назди шаҳраки Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, болотар аз харобаи пойтахти давлати қадимии Истаравшан – шаҳри Бунҷикат аз тарафи бостоншиносон кашф гардидааст. Дар корго ...

                                               

Аҳмадбеки Гурҷӣ

Ахтар дар оилаи Фаромурзбек ном шахсе, ки аҷдодаш гурҷӣ буданд, таваллуд ёфтааст. Дар ҷавонӣ илмҳои гуногуни замонашро аз худ кард. Ба хаттотӣ низ шуғл меварзид. Пас аз касби камол ба хидмати дарбори Каримхони Занд ва баъд ба дарбори Қоҷориён ҳук ...

                                               

Аҳмади Ёрхон

Аҳмáди Ёрхóн - хаттот, хушнавис ва шоир. Фарзанди Аллоҳёрхон, ҳокими Лоҳур, Тата ва Мултон. Аҳмади Ёрхон марди фозил буд, ҳунари шоирӣ дошт ва дар шеър "Якто" тахаллус мекард. Аз маснавиҳои вай "Гулдастаи ҳусн" ва "Шаҳрошӯб" то ба мо расидааст. Д ...

                                               

Аҳмади Аврангзебӣ

Саид Аҳмади Аврангзебӣ - аз хушнависони дарбори подшоҳи Ҳиндустон Аврангзеб. Тафсилоти зиндагиаш маълум нест. Аз осори хаттотии ӯ сафҳае аз баёзи Бахтовархон дар Осорхонаи бостоншиносии Деҳлӣ мавҷуд аст, ки бо хатти настаълиқи хафии миёна навишта ...

                                               

Аҳмади Басират

Аҳмáди Басирáт - котиб ва хушнависи охири садаи XIX – ибтидои садаи XX. Дар бораи тафсилоти зиндагиаш маълумоте ба даст наомад. Китобҳои "Кулиёт" -и Ҳоҷӣ Саид Азими Шервонӣ, "Мулистон" ва "Шамс-ул-мазиат" -ро бо хатти зебо китобат кардааст.

                                               

Аҳмади Боғишамолӣ

Аҳмади Боғишамолӣ أحمد باغشمالی - рассоми форс-тоҷик. Аҳмади Боғишамолӣ пайрави услуби Абдулҳай буд. Асарҳои минётуравии ӯ то замони мо нарасидаанд. Дар охири маснавии "Силсилат-уз-заҳаб" -и Абдурраҳмони Ҷомӣ ду расми кашидаи Аҳмади Боғишамолӣ ов ...

                                               

Аҳмади Бухорӣ

Аҳмáди Бухорӣ - хаттот ва хушнависи тоҷик. Тафсилоти зиндагиаш маълум нест. Як нусхаи "Куллиёт" -и Урфии Шерозиро китобат кардааст, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул маҳфуз аст.

                                               

Аҳмади Исфаҳонӣ

Аҳмади Исфаҳонӣ - хушнависи эронӣ. Настаълиқро софу ширин ва нозук менавишт, шеър мегуфт, наққошӣ мекард ва дар улуми адабӣ маҳорат дошт. Аз осори ӯ як нусхаи девони Ҳофизи Шерозӣ дар Китобхонаи салтанатии Эрон маҳфуз аст, ки бо амри Носируддиншо ...

                                               

Аҳмади Кошонӣ

Аҳмáди Кошонӣ - хаттот ва хушнависи эронӣ. Хатҳои насх, шикаста ва настаълиқро некӯ ва зебо менавиштааст ва шахси фозил будааст. Аз осори хаттотии ӯ чизе дастрас нашуд.

                                               

Аҳмади Лол

Аҳмáди Лол - хушнависи форс-тоҷик. Ба хатти вай қитъае аз мураққаи Саидаҳмади Машҳадӣ дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул маҳфуз аст, ки бо хатти зебо китобат шудааст.

                                               

Аҳмади Манярӣ

Аҳмади Манярӣ احمد منیری Шайх Шарафуддин ибни Яҳё - донишманд ва адиби форсизабони Ҳиндустон. Дар шаҳри Маняри вилояти Биҳори Ҳиндустон таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Яке аз машоихи машҳури Ҳиндустон ва пешвои тариқати чиштия буд. Аз таълифот ...

                                               

Аҳмади Машҳадӣ

Давраи наврасӣ ва ҷавониаш дар зодгоҳаш Машҳад гузаштааст. Ҳунари хаттотиро аз Миралии Ҳиравӣ омӯхтааст. Дар зодгоҳаш Машҳад 15 сол ба таълими хаттотон машғул шудааст. Мавлоно Ҳасанлӣ, Мавлоно Алиризо ва Аҳмад ибни Мирмуншӣ аз ҷумлаи шогирдони бе ...

                                               

Аҳмади Муаййидулмулк

Маълумоти ибтидоӣ, хатти настаълиқ ва тартиби навиштани онро дар Шероз фаро гирифт. Настаълиқро хуб менавишт. Соли 1855/56 аз Шероз ба Теҳрон омад ва таҳти тарбияти амаки худ Мирзо Фатҳалии соҳибдевон тараққӣ карда, ба мансаби хироҷғундори давлат ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →