ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 127



                                               

Балоғати ҷинсӣ

Балоғáти ҷинсӣ - давраи ба балоғат расидани организм, яъне пайдо кардани қобилияти афзоиш. Давраи балоғати ҷинсии одамро давраи қадрасӣ ё булуғ ҳам меноманд. Ташаккули ғаризаи ҷинсӣ дар давраи балоғати ҷинсӣ хеле шиддат меёбад. Дар ин айём духтар ...

                                               

Балтимор

Балтимор - шаҳр дар иёлати Мэриленди ИМА, дар соҳили халиҷи Чесапики Уқёнуси Атлантик. Аҳолиаш 638 ҳазор нафар бо аҳолии атрофаш 2.7 млн нафар, 2010, аз ин миқдор 64 дарсадро амрикоиҳои африқоинажод, зодагони Амрикои Лотинӣ ташкил медиҳанд. Банда ...

                                               

Балтимор, Дейвид

Хатмкардаи Коллеҷи тиббии Суортмори иёлати Пенсилвания 1960. Балтимор биологияи молекулавӣ ва вирусологияро дар Институти технологии Массачусет 1960–61 ва Донишгоҳи Рокфеллери Ню-Йорк 1962–64, биохимияро дар Институти технологии Массачусет 1964–6 ...

                                               

Балтушис, Юозас

Асарҳояш аз соли 1932 нашр мешаванд. Солҳои 1959–67 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Литва буд. Муаллифи маҷм. ҳикояҳои "Оғози ҳафта нек аст" 1940, "Юнучқаи сафед" 1943, "Барои Валюса Алексас лозим аст" 1965, "Бо пайраҳаҳои падарону барод ...

                                               

Балучистон

Балучистон, Балуҷистон - вилояти таърихие, ки дар Осиё, пуштакӯҳҳои ҷанубу шарқии Эрон соҳат дошта, дар ин маҳдуда қабилаҳои балуч аксариятро ташкил медиҳанд. Масоҳаташ бештар аз 0.5 млн км 2, Балучистони Шарқӣ масоҳ. 348 ҳазор км 2 ба ҳайати Пок ...

                                               

Балхаш

Бо ҳамин ном дар соҳили кӯл шаҳр дар вилояти Ҷезқазғани Ҷумҳурии Қазоқистон вуҷуд дорад. Маънои луғавии ин гидроним мусаффои оби кӯл аст ва вожаи Балхаш ба забонҳои қадимаи эронӣ мутааллиқ аст.

                                               

Балхаш (шаҳр)

Балхаш яке аз марказҳои муҳимми саноати филиззоти рангаи Қазоқистон аст. Соли 1937, баъди сохтани Комбинати металлургияи кӯҳии мисгудозӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди Балхаш 400 корхона, аз ҷумла, комб-ҳои консерваи гӯшту моҳӣ, масолеҳи бинокорӣ, зав ...

                                               

Балхова, Светлана Ёқубовна

Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ҳоло ДДОТ; 1969. Фаъолияти корияшро аз соли 1970 дар донишкадаи мазкур оғоз намуда, то соли 1996 дар кафедраҳои типологияи муқоисавӣ ва лексикаи забони англисӣ, фоне ...

                                               

Балхӣ (сохтмон)

Балхӣ - навъе аз сохтмони гунбазшакл, ки асоси чоркунҷа дорад ва хиштҳо аз кунҷҳо моил чида мешаванд. Ин сабки меъморӣ шояд аз ихтирооти ҳунармандони Балх бошад, ки балхӣ ном гирифтааст. Тоқҳои балхӣ дар охири садаи XI пайдо шудаанд: Масҷиди Дегг ...

                                               

Балъами Боъур

Балъами Боъур, Боъуро, Балъам ибни Боъур - дар қиссаҳои Банӣ Исроил донишманди парҳезгорест, ки фарҷоми кораш ба табоҳӣ буд. Тибқи маълумоти китоби Аҳди қадим, Балъами Боъур аз адумиён буда, бо муобиён мезистааст. Ӯ тавони гуфтугӯ бо Худоро дош-т ...

                                               

Балюк Василий Матвеевич

Хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Харков 1936. Солҳои 1936-49 агроном, 1949 - 1955 директори пойгоҳи мошину трактори МТС ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ, 1955 - 1962 муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, 1963 - 1978 сарагрономи ра ...

                                               

Балғам

Балғáм - яке аз хилтҳои чаҳоргона. Ҳангоми бемориҳои гуногуни узвҳои нафас ҷудо шуда, дар вақти сурфидан хориҷ мегардад. Миқдори балғам аз чанд мл то 1–2 л мешавад. Ихроҷи балғам ба фаъолияти бронхҳо ва мавқеи ҷисми бемор вобаста аст.

                                               

Балқарҳо

Шумораи дар Русия 112.9 ҳазор нафар 2010, аз онҳо дар Қабардаву Балқар 108.6, ки 12.7 % аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳисса мувофиқан ба ноҳияҳои Қабардаву Балқар дар барӯйхатгирии соли 2010: Ҳамчунин, теъдоди нисбатан ками балкарҳо дар Қазоқи ...

                                               

Бам

Бам - яке аз шаҳрҳои бостонии Эрон, ва маркази Шаҳристони Бами устони Кирмон бо паҳнои ҳудуди 50 км мураббаъ, воқеъ дар сари роҳи Кирмон – Зоҳидон. Аз Бам то Кирмон 193 км, то Зоҳидон 324 км масофа аст. Шаҳр дар баландии 1050 м аз стаҳи баҳр ҷойг ...

                                               

Бамако

Дар соҳили чапи дарёи Нигер, дар қисми ҷан. ғарбии мамлакат воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 1.8 млн нафар 2012, бо атрофаш. Рамзи герби шаҳр тасвири се тимсоҳро дорад. Аҳолиаш аз ҳисоби муҳоҷирон босуръат меафзояд. Маркази бузургтарини нақлиётии мамлакат ...

                                               

Бан (Интернет)

Бан - манъкунии барномаи интернет-захираи муайян аз ҷониби маъмур ё модератори сайт, яке аз усулҳои назорати истифодабарандагон дар Интернет. Одатан тавассути бан баъзе ҳуқуқҳои истифодабрандагон маҳдуд мешавад ё онҳо тамоман маҳрум карда мешаван ...

                                               

Банг

Пояаш рости сершох, баландиаш то 1–3 м. Баргаш паҳн, сабзи кабудтоб, баъзан рахҳои сурхча дорад. Хӯшагулаш чалғӯза калон, тухмгирд. Дар Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Сурия, Покистон ва Африқои Шимолӣ асосан барои истеҳсоли маводди мухаддир ва ра ...

                                               

Бангалор

Бангало́р, ҳамчунин Бенгалу́ру - шаҳри бузурге дар Ҳиндустони Ҷанубӣ, маркази маъмурии иёлати Карнатака. Бангалор дорои 741 километр мураббаъ масоҳат ва беш аз 6 миллиону дусад ҳазор аҳолӣ аст. Шаҳри сераҳолии ҷаҳон мебошад. Бангалор як шаҳри оро ...

                                               

Банги девона

То 1.5 м қад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарозрӯяи паррадор, гули қифшакли сафед, ғӯзаи байзашакли сершох, тухми гурдашакли сиёҳ дорад. Аз аввали баҳор то охири тирамоҳ гулу мева мекунад. Банги девона дарёи гиёҳи басо заҳрнок ва бадбӯй буда ...

                                               

Бангкок

Бангко́к, Крунгте́п - пойтахти Шоҳигарии Таиланд, маркази саноатӣ ва бандари асосии мамлакат. Дар резишгоҳи д. Меном-Чао-Прая, 30 км дуртар аз соҳили халиҷи Сиами Баҳри Ҷануби Хитой, ҷойгир аст. Аҳолиаш 9.1 млн нафар бо сокинони атрофаш; 2010.

                                               

Банглодеш

Банглоде́ш, номи расмӣ - Ҷумҳури́и Халқи́и Банглоде́ш - давлат дар Осиёи Ҷанубӣ. Дар Ҷ. онро халиҷи Банғолаи Уқёнуси Ҳинд иҳота намуда, дар Ғ., Шим. ва Ш. бо Ҳиндустон, дар Ҷ. Ш. бо Мянма ҳамсарҳад аст. Дарозии хатти сарҳадаш бо баҳр – 580 км, бо ...

                                               

Бангола

Бангола - вилояти қадимии Ҳиндустон дар поёноби д-ҳои Гангу Браҳмапутра. Дар садаҳои 8-13 дар ҳудуди Б. сулолаи Пала, баъд Сана ҳукмрон буд. Мафҳуми Б. дар садаҳои 10-12 пайдо шуда, садаи 13 ба Салтанати Деҳлӣ ҳамроҳ карда мешавад. Дар миёнаи сад ...

                                               

Банголиҳо

Банголиҳо - халқият, аҳолии асосии Банглодеш ва иёлати Банголаи Ҷанубӣ дар Ҳиндустон. Ҳамчунин, дар Непал, Бутан, Сингапур ва Британияи Кабир зиндагӣ доранд. Шумораи умумии Б. – 250 млн нафар. Дар Банглодеш тақр. 150 млн нафар, дар Ҳиндустон 100 ...

                                               

Бангӣ

Бангӣ - пойтахти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, дар соҳили рости д. Убанга воқеъ аст. Воҳиди маъмурии мустақил. Аҳолиаш 687 ҳазор нафар, бо атрофи он.

                                               

Банд (нақш)

Банд - навъи нақш дар санъати амаливу ороишӣ ва тавсифӣ, хатти морпеч аз анвои нақши ислимӣ. Ба бандҳои печ дар пече шабоҳат дорад, ки баъзан якка ва гоҳо ҷуфт-ҷуфт омада, одатан, ҳошияро оро медиҳад ва чунин ном гирифтанаш низ аз ин монандист. Я ...

                                               

Банд (пайванди устухон)

Банд, мафсил - пайванди мутаҳаррики байни устухонҳо ё тағояк, ки байни онҳо роғ мавҷуд аст. Банд яке аз тарзҳои пайваст шудани устухонҳост. Пайванди беҳаракати устухонҳоро васла синартроз меноманд. Банд ҳамзамон вазифаи такя ва ҳаракатро низ иҷро ...

                                               

Банд (шеършиносӣ)

Банд - дар истилоҳи шеършиносӣ ҳар бахшеро аз шеър мегӯянд, ки аз бахшҳои дигари он ҷудо меояд. Дар шеъри классикӣ ҳар бахш аз шеър аст, ки бо байте мустақил аз бахши дигар ҷудо шуда бошад. Тарҷеъбанд, таркиббанд, мусаммат ва таҷдиди матлаъ намун ...

                                               

Бандаи Табрезӣ

Бандаи Табрезӣ Мирзо Аҳмади Разӣ, мутахаллис ба Банда - хушнавис, шоир ва муаррихи аввалҳои асри қоҷория, аз ашрофзодагони Озарбойҷон. Падараш Мирзомуҳаммади Шафеъ муддате вазири Озарбойҷон ва муставфии Нодиршоҳи Афшор буд. Бандаи Табрезӣ пас аз ...

                                               

Бандаи Ҳисорӣ

Бандаи Ҳисорӣ - шоир ва донишманди тоҷик. Дар ҷавонӣ аз зодгоҳаш Ҳисор барои таҳсили илм ба Бухоро рафт. Мувофиқи маълумоти "Тазкират-уш-шуаро" -и Муҳтарам, муҳаққиқи илми худошиносӣ, донандаи қоидаҳои шарҳу тафсир, ҳакими ҳикматҳои табиӣ ва риёз ...

                                               

Бандак (забоншиносӣ)

Бандак - морфемаи ёридиҳанда, ки ба реша ё асос васл шуда, муносибати синтаксисии онро бо калимаҳои дигар барқарор менамояд. Бандакҳо ҳамчун воситаи алоқаи байни муайяншавандаю муайянкунанда, чун василаи алоқаи мувофиқати хабар бо мубтадои ҷумла, ...

                                               

Банданавози Гесӯдароз

Гесӯдароз Абулфатҳ Садруддин Муҳаммад ибни Юсуф Алӣ Ҳусайни Чиштии Деҳлавӣ - яке аз симоҳои намоёни фиқҳ, тасаввуф ва адабиёти форс-тоҷик дар Ҳиндустон. Бо номҳои Хоҷаи Банданавоз ва Сайиди Банданавоз низ машҳур аст.

                                               

Бандар

Бандàр - маконе, ки тоҷирон ва қофила дар он бисёр оянду раванд. Канори дарёву баҳр, ҳавзҳои бузурги киштигард, ки ҷойи бастани киштӣ ва таъмири он буда ҳамчунин ҳар шаҳре, ки бар соҳили он воқеъ бошад. Бандарҳо ду навъанд: баҳрӣ ва дарёӣ. бандар ...

                                               

Бандар Аббос

Бандар Аббос - шаҳри бандарӣ дар қисми ҷануби Эрон, дар соҳили халиҷи Форс. Пойтахт ва яке аз шаҳрҳои калонтарини устони Ҳурмузгон аст. Аҳолиаш 367 508 нафар. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

                                               

Бандбозӣ

Бандбозӣ - бозии қадимии тоҷикии наврасону ҷавонон. Он дар ҷойҳои васеи ҳамвор доир мегардад. Барои бозӣ 5–8 банди 1, 5–2-метра лозим аст. Ҳаракатҳои асосиаш ҷастан ва давидан. Бозигарон писарону духтарон дар майдоне барои худ чоркунҷа ё доираҳо ...

                                               

Банди кимиёӣ

Ба́нди кимиёӣ - натиҷаи таъсири ҳамдигарии атомҳо, ки боиси ҳосил шудани низом -ҳои сератома -ҳо ва ғайра) мегардад.

                                               

Банди Шаҳриёр

"Банди Шаҳриёр" - суруди бостонии мавсимию маросимии эрониён дар аҳди Сосониён, ки Борбад тасниф намудааст. Дар адабиёти форс-тоҷик рисолаҳои мусиқӣ, фарҳангҳои тафсирӣ низ асари мазкурро аз таснифоти маъмули тақвимии Борбад тавзеҳ додаанд. Биноб ...

                                               

Бандина

Бандина дар токдорӣ - масолеҳест, ки барои ба хавоза бастани тана ва навдаву хадраи ток истифода мешавад. Лифи зирфун, навдаи бед, пӯстлохи хадраи туту фундуқ, ғеша, илғай, най, пояи ҷавдор, юнучқа, зағир, лифофаи сӯтаи ҷуворимакка ва ғ., инчунин ...

                                               

Бандина (тиб)

Бандина, захмбанд - яке аз усулу воситаҳои ба сатҳи бадан ё ягон ҷойи дигари он бастани рифодот. Ба воситаи бандина ин ё он қисми баданро беҳаракат низ мекунанд. Бандина устуворгардон, тазӣиқовар, ноҷунбон, шахкунанда мешавад. Дар захмбандӣ банди ...

                                               

Бандитизм

Бандитизм - ҷинояти равонашуда ба муқобили бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ тавассути дастаи иборат аз ду ва ё бештар нафар аст, ки мақсадаш ҳамла ба шаҳрвандон ва ё ташкилот барои аз худ намудани дороии онҳо мебошад. Аломатҳои даста дар КҶ ҶТ нишо ...

                                               

Бандпойҳо

Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор намуди бандпойҳо маълум аст. Бандпойҳо дар ҳаво, замин ва об зиндагӣ мекунанд. Баъзеашон алафхӯр, даранда ва баъзеи дигарашон паразитанд. Авлоди қадимаи бандпойҳо ҳалқакирмҳои баҳрӣ ба шумор мераванд. Харчангу тор ...

                                               

Банкомат

Банкомáт - дастгоҳи худкоре, ки барои пардохти саривақтии пули нақд, табодули асъори хориҷӣ, таҳияи санадҳо оид ба амалиётҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ, додани маълумот дар бораи суратҳисоби мизоҷ, амалисозии пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра хизм ...

                                               

Банокат

Банокат Бинокас, Банокос, Фанокат - шаҳри қадимии бузурге буд дар Мовароуннаҳр марбут ба давлати Чоч. Ба суғдӣ ин шаҳр ба унвони Бинкат ва баъзан Бункат яъне пойтахт ёд шудааст. Харобаҳои Банокат охири садаи 19 дар канори соҳили рости Сайҳун Сирд ...

                                               

Банорас

Банора́с - навъи матоъест, ки тораш абрешиму пудаш аз риштаи пахтагӣ мебошад. Ду навъи "Банорас". маълуманд: одӣ ва олӣ. Ба ҳар панҷ нахи тори навъи одии он як нахи кабуди баланд ҳамроҳ мешавад. Пудаш бояд аз ресмони кабуд бошад. Навъи олии "Бано ...

                                               

Банорас (шаҳр)

Банора́с ё Бенарес англ. Benares); Варана́си - лафз. "миёни ду рӯдхона" ё Кошӣ - шаҳре дар иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон. Дар соҳили дарёи Ганг воқеъ аст. Маркази нақлиётии Калкатта - Деҳлӣ. Аҳолиаш 3 147972 ҳазор нафар.

                                               

Банотуннаъш

Банотуннаъш - номи ду бурҷи маъруф: Банотуннаъши Кубро ва Банотуннаъши Суғро дар илми нуҷум. Дар Дубби Акбар чор ситора "наъш" ва се ситораи дигар "банот" номида мешуд. Дар Авесто ба сурати "Haptā aranga" ва дар форсии миёна "Hafto rang" омадааст ...

                                               

Банотуннаъш (ситора)

Банотуннаъш - яке аз ҳафт ситораи бурҷи Дубби Акбар, ки бо номҳои Бенетнаш ва Алкаид низ ёд мешавад. Банотуннаъш сеюмин ситораи мунири бурҷ ва 35-умин дар осмони ситоразор буда, аз Офтоб дар масофаи 101 с. р. 30.9 пк ҷойгир шудааст. Радиуси Банот ...

                                               

Бантинг, Фредерик Грант

Сэр Фре́дерик Грант Ба́нтинг - корандомшинос ва пизишки конодоӣ. Соли 1923 ҳамроҳи Ҷон Маклеод барои кашфи ҳормони инсулин бо Мукофоти нобелӣ дар соҳаи физиология ва тиб сарфароз гардидааст. 14 ноябр рӯзи таваллуди Бантинг Рӯзи байналмилалии мубо ...

                                               

Банту

Банту - гурӯҳи мардумони муқимӣ дар қисмати калонтарини марказу ҷануби Африқо. Калонтарин халқҳои банту акамба, барунди, ганда, зуду, ибибио, кикуйю, коса, конго, луба, лунда, луо, лухя, макуа, малави, манго, нямвези, руанда, суахили, сукума, сут ...

                                               

Бану Мунаҷҷим

Банӣ Мунаҷҷим, ё Бану Мунаҷҷим - лақаби хонадони аҳли илм, фарзандон ва авлоди Абуалӣ Яҳё ибни Абимансур, олимони эронитабор, ки дар дарбори хулафои аббосӣ ҷойгоҳи махсусе доштанд.

                                               

Бану Мусо

Банӣ Мусо, ё Бану Мусо - писарони Мусо ибни Шокири Хуросонӣ: Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан, донишмандони машҳури эронитабор, ки дар инкишофи илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ нақши бузурге гузоштаанд. Муаллифи "Таъриху-л-ҳукамо" - Қифтӣ ме ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →