ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 132



                                               

Баҳроми Чӯбин

Баҳроми Чӯбин, Баҳроми Чӯбина - шоҳаншоҳи Эрон аз хонадони Меҳрон дар солҳои 590 - 591, яке аз персонажҳои "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ, сарлашкар.

                                               

Баҳромии Сарахсӣ

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ӯ маълумот кам аст. Ба гуфтаи Авфӣ дар тазкираи "Лубоб-ул-албоб" Баҳромии Сарахсӣ табъи баланди шоирӣ дошта, дар иншои рисолаҳои назарӣ дастболо будааст. Бо номи "Ҳуҷастанома" рисолае дар илми арӯз таълиф на ...

                                               

Баҳроммирзои Сафавӣ

Номи аслиаш Абулфатҳ Баҳроммирзо. Фарзанди шоҳ Исмоили аввали сафавӣ ва бародари шоҳ Таҳмосби аввал. Ӯ шоҳзодаи донишманд, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Шеър мегуфт ва дар шеър "Баҳромӣ" ва "Баҳром" тахаллус мекард. Муаммо медонист, аз мусиқӣ ва ...

                                               

Баҳромова, Дилором Орифовна

Баҳромова Дилором Орифовн а - актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Аз 10–12-солагӣ ба театр ҷалб гардид. Аз с. 1966 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии Конибодом ба номи Т. Фозилова. Тӯли фаъолияти чилсолааш дар саҳнаи ҳамин театр қариб 90 ...

                                               

Баҳсҳои меҳнатӣ

Баҳсҳои меҳнатӣ - зиддиятҳои танзимнашудаи байни субъектҳои ҳуқуқи меҳнатӣ дар масъалаи татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҶТ оид ба меҳнат, шартномаю созишномаҳои коллективӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, ...

                                               

Баҳҷ-ул-ҳазоқат

"Баҳҷ-ул-ҳазоқат" - асари тиббии Қудрат Аҳмад ибни Ҳофиз Иноят Аҳмад. Соли 1835 дар Ҳиндустон таълиф шудааст. Китоб аз муқаддима, ду боб ва хотима иборат буда, асосан ба масъалаҳои умумии тиб баҳс мекунад. Муқаддима ба таърифи илми тиб, мақсад ва ...

                                               

Баҳҷат, Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Баҳҷат - шоири тоҷик. Ба забони туркӣ низ шеър мегуфтааст. Малеҳои Самарқандӣ Б ро зодаи Офаринканд гуфтааст. Инчунин номи вайро ба шакли Қозӣ Абдуллоҳ сабт намудааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ муддате қозӣ- "шариатпаноҳ" Малеҳо будааст. Бо с ...

                                               

Баҳҷат, Бедори Ӯротеппагӣ

Баҳҷат Бедори Ӯротеппагӣ - шоири тоҷик. Дар мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро таҳсил кардааст. Аз шоирони ҳавзаи адабии Ӯротеппа буда, ба гуфтаи тазкиранигорон девони ашъорашро худаш мураттаб карда будааст, вале он то ҳол 2013 дастрас нагардидааст. Намун ...

                                               

Баҳҷат, Мирзо Айюб

Мирзо Айюб Баҳҷат - шоири тоҷик. Дар Исфара, дар оилаи шоир ва хаттот Мушриф Мирзоқаландари Исфарагӣ ба дунё омадааст. Дар Мадрасаи Хони Хуқанд таҳсил намуда, чун шахси фозилу донишманд, инчунин шоири тавоно ва хаттоти моҳир шӯҳрат ёфт. Б. дар му ...

                                               

Баҳҷат, Саййидвалихони Аҳрорӣ

Шаҷараи авлодиаш ба Хоҷа Аҳрорӣ Валӣ мерасад. Аввал "Асилӣ" тахаллус дошт. Солҳои 20 а. 20 тахаллуси "Беҳҷат" -ро пазируфт. Дар 7-солагӣ хатту савод баровард ва дар мадрасаҳои Хуҷанду Хуқанд таҳсилро идома дод. Ба шеър гуфтан дар мадраса оғоз кар ...

                                               

Баҳҷат-ур-рӯҳ

"Баҳҷат-ур-рӯҳ" - рисолаи мусиқист аз таълифоти Абдулмуъмин Сафиуддини Гургонӣ. Тахмин меравад, ки муаллиф онро дар садаи 11 барои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ эҷод кардаасту дар садаҳои минбаъда 13-16 ҳангоми китобат маълумоти оид ба мусиқии ин асрҳо ...

                                               

Баҳҷат-ут-таворих

"Баҳҷат-ут-таворих" - асари таърихии Шукруллоҳ ибни аш-Шиҳоб Аҳмади Румӣ. "Баҳҷат-ут-таворих" забони тоҷикӣ с. 1456 таълиф шуда, аз 13 боб иборат аст. Боби якуми он дар баёни оғози офариниш; боби дуюм дар баёни анбиё а, боби сеюм дар баёни насаби ...

                                               

Баҳҷати Ироқӣ

Муҳаммадшафеъ Баҳҷати Ироқӣ - шоири эронӣ. Тазкиранигори тоҷик Малеҳои Самарқандӣ ҳангоми сафараш ба Исфаҳон бо ин шахс вохӯрдааст. Ӯро чун шоири тавонои аҳд ёд мекунад. Ба қавли Малеҳо носозгориҳову тангии рӯзгор ба Б. И. таъсир гузошта буданд. ...

                                               

Бебето

Бебето дар дастаҳои "Витория", "Фламенго", "Васко да Гама", "Ботафого "-и Бразилия, "Депортиво Ла-Коруния" ва "Севилия "-и Испания, "Торос Неса" -и Мексика, "Касима Антлерс" -и Ҷопон ва "ал-Иттиҳод" -и Арабистони Саудӣ бозӣ кардааст. Ҳамчун узви ...

                                               

Бебок, Саййидмуҳаммадхоҷа

Дар Бухоро ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба камол расидааст. Пас аз хатми таҳсили мадраса мударрис шуд ва ба шеъру шоирӣ низ шуғл меварзид. Бо тахалл. "Бебок" ва дар охирҳои умраш "Назим" шеър иншо мекард. Аз Бебок то замони мо ду девони ашъор боқӣ ...

                                               

Беварасп

Беварасп калимаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ: бевар ва асп иборат аст. Бевар дар забони паҳлавӣ-форсии миёна шумораи "даҳ ҳазор" аст; асп – ҷонвари маъруф. Дар маҷмӯъ маънии Беварасп "дорандаи даҳ ҳазор асп" мебошад. Фирдавсӣ мегӯяд:

                                               

Бегим (шоираи эронӣ)

Бегим - шоираи эронӣ. Аз хонадони аҳли қалам - шоирон. Бо тахаллуси "Рашҳа" шеър гуфтааст. Аҷдодаш аз Урдубоди Озарбойҷон буда, дар аҳди Сафавиён аввал ба Исфаҳон, баъдан ба Кошон рафта, муқимӣ шудаанд. Дар тазкираҳои бисёре аз қабили "Нуқли маҷл ...

                                               

Бегорӣ

Бегорӣ - як навъи молиёт дар асрҳои миёна. Бемузд кор фармудан бо фармони шоҳ, амир, ҳоким. Бегорӣ дар манобеи таърихӣ бо номи "ҳашар" ва "мардикор" низ зикр шудааст. Бегорӣ дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон ва Ҳиндустон аз садаи 10 то ибтидои сада ...

                                               

Бегулӣ

Бегулӣ - деҳа дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Ғафуров. Аз деҳа то маркази ноҳия 63 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 291 нафар. Филиали мактаби таҳсилоти умумӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

                                               

Бегулӣ (н. Варзоб)

Бегулӣ - деҳа дар ноҳияи Варзоб. Аз Бегулӣ то маркази ноҳ. 5 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 434 нафар, тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Беғар ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

                                               

Беда

Беда - номи дигари ришқа, алафҳои хушкшуда ва барои хӯроки чорво дар анбор нигаҳдорӣ мешавад. Ин махлут, хӯроки ҳайвоноте чун асб, гов, гӯсфанд ва буз мешавад.

                                               

Бедаки сиёҳ (навъи ангур)

Бедаки сиёҳ, Бедаки сиёҳи ҷаъфарӣ, Сиёҳи катта - навъе аз ангурҳои маҳаллии дерпаз; селексияи халқист. Бештар дар деҳаи Дегрези вилояти Хатлон паҳн гардидааст. Токаш зудсабз буда, ниҳолаш баъди соли сеюми шинондан самар меоварад. Навдаҳояш нисбат ...

                                               

Бедандонакҳо

Бедандонакҳо - як ҷинси нармбаданҳои дупаллаи оби ширин. Садафи бедандонакҳо дарозиаш то 25 см дутабақа буда, дар тарафи тахтапушт бо пардаи чандир бо ҳам васл шудааст. Тақр. 50 навъ дошта, ҳама ҷо дучор меоянд. Бедандонакҳо дар обҳои ором зиндаг ...

                                               

Бедардгардонӣ

Бедардгардонӣ, аналгезия, аналгия - бартараф ё пешгирӣ кардани ҳисси дардест, ки ҳангоми ҷарроҳӣ, зарбу лат, баъзе бемориҳо ва амалиёти муолиҷавию ташхисӣ пайдо мешавад.

                                               

Бедгул

Асосан дар минтақаҳои субтропикӣ мерӯяд. То 2-2.5 м қад мекашад. Баргаш ғафси дарозрӯя, ба барги бед монанд буда, дар танаи навдаҳо 3-4-тоӣ рӯ ба рӯйи якдигар ҷой гирифтааст. Гулаш сурх, гулобӣ, сафед ё зард, аз 5 гулбарг иборат мебошад. Мевааш б ...

                                               

Беди туронӣ

Пӯстлохи тана ва шохҳояш суфта, хокистарранги кушод, баргаш нештаршакл. Бед дар Помиру Олой дар баландии 1400-3800 м аз с. б., дар болооби д. Яғноб, нишебҳои шим. қ-кӯҳи Қаротегин, қ-кӯҳҳои Дарвоз, Пётри I, Помири Ғарбию Шарқӣ паҳн шудааст.

                                               

Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил - шоир, насрнавис ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон, яке аз нобиғаҳои назми форс-тоҷик. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд.

                                               

Бедил, Фақир Қодирбахш

Аз суфиёни машҳури тариқаи қодирияи асри худ будааст. Ба забонҳои арабӣ бо тахаллуси Қодир, синдӣ ва урду бо тахаллуси Толиб ва форсӣ бо тахаллуси Бедил осори манзуму мансур эҷод кардааст. Бедил шоири сермаҳсулу маъруфи давр ба шумор мерафт, ки б ...

                                               

Бедил, Чандраман

Ба забони форсӣ асарҳо эҷод кардааст. Асосан ба тарҷума ва таҳрири форсии қиссаҳову достонҳои ҳиндӣ шуғл доштааст. Манзумаҳои "Қиссаи Кришна", "Ҳикояти Бакрам", "Зафарнома", "Баҳори сухан" аз навиштаҳои ӯянд. Достони машҳури ҳиндии "Рамаяна" -ро ...

                                               

Бедили Кирмоншоҳӣ

Мувофиқи маълумоти манбаъҳо Бедили Кирмоншоҳӣ шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовили давр, инчунин аз арӯзу мусиқӣ ва ғ. будааст. Дар миёни шуаро ва удабои давр обрӯю эътибори баланд доштааст. Шоири маъруф Қоонии Шерозӣ ӯро устод мехондааст. ...

                                               

Бедили Мултонӣ

Муҳаммадшафеъ Бедили Мултонӣ форсӣ: بیدل ملتانی ‎ - шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз зиндагӣ ва осори ин шоир маълумоти мухтасар дар тазкираи "Мақолот-уш-шуаро" -и Миралишер Қонеи Таттавӣ сабт гардидааст. Дар дарбори ҳокими Татта Сайфуллоҳхон хидм ...

                                               

Бедили Саҳоранпурӣ

Иноятуллоҳ ибни Муҳаббаталӣ Бедили Саҳоранпурӣ форсӣ: بیدل سهارنپوری ‎ - шоири форсизабони Ҳиндустон. Мувофиқи маълумоти тазкираи "Рӯзи равшан" -и Музаффар Ҳусайни Сабо ин шахс дар хидмати ҳокими Саҳоранпур Ғазанфархон будааст ва муддате ҳамроҳи ...

                                               

Бедили Шерозӣ

Дар баъзе манбаъҳо бо нисбаи Ҷаҳрамӣ мавзее дар вил. Форси Эрон ёд шудааст, чунки аҷдодаш аз ин ҷо будаанд ва баъдан ба Исфаҳон, пас аз муддате ба Шероз кӯчидаанд. Б. Ш. дар Шероз ба дунё омада, дар ҳамин ҷо касби камол намуд. Аз ашхоси бомаърифа ...

                                               

Бедили Қазвинӣ

Аксар ашъор ва осори мансури навиштаи Бедили Қазвинӣ марсияҳо, тасвири шаҳид шудани имом Ҳусайн ва дигар ҳодисоти марбут ба хонадони Алӣ ибни Абитолиб мебошанд. Дар оғози асари мансураш "Мотамкада", ки дар он пораҳои манзум низ ҷой доранд, мегӯяд ...

                                               

Бедилии Самарқандӣ

Хоҷамуҳаммад Бедилии Самарқандӣ - шоири тоҷик. Мувофиқи маълумоти "Тазкират-уш-шуаро" -и Мутрибии Самарқандӣ шоире будааст, ки бештар ашъори ҳаҷвӣ месурудааст. Мас., ҳаҷвияи дар бораи Мирафзали Афзалӣ сурудааш машҳур буд, ки байти зерин аз он аст ...

                                               

Бедилии Ҳиравӣ

Бедилии Ҳиравӣ - шоираи форс-тоҷик. Аз намояндагони доираи адабии Ҳирот, муосири Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва диг. Дар "Маҷолис-ун-нафоис" -и Навоӣ, "Миръот-ул-хаёл" -и Шералихони Лудӣ ва диг. аз ӯ чун шоираи хуштабъу нозукадо ёд шудааст. ...

                                               

Бедилӣ

Бедилӣ - шоираи форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳои Алишери Навоӣ "Маҷолис-ун-нафоис", Алиқулихони Доғистонӣ "Риёз-уш-шуаро" ва диг. аз ӯ чун шоираи номии давр ёдовар шудаанд. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш ...

                                               

Бедод (оҳанг)

Бедод - суруд, оҳанги қадимии мавсимию маросимӣ, ки дар аҳди Сосониён эҷод шудааст. Аз сурудҳои ҳамосавии Борбади Марвазӣ буда, ба силсилаи дуюми "Хусравонӣ" мансуб аст. Бедод дар мусиқии анъанавию касбии садаҳои 12-13 чун қисми махсуси мақоми "Ҳ ...

                                               

Бедоди Истаравшанӣ

Дар зодгоҳаш Истаравшан ба таҳсили ибтидоӣ шурӯъ кард ва хатту савод баровард. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Дар назди шоирон ва донишмандони маъруф Саййидолимхоҷаи Ҳотифӣ, Лисонии Хуҷандӣ ва диг. илм омӯхтааст. Аз Комилхоҷаи Накҳат доир ба ...

                                               

Бедона

Бедона, вартиш, варшик, карак, салво, вушм ; номи илмии куҳнашуда - лот. Coturnix dactylisonans s. communis), - як навъ парандаи хушхон аз оилаи тазарвиҳо.

                                               

Бедона (навъи ангур)

Бедона - як навъ ангури қадимии маҳаллӣ; селексияи халқист. Баргаш калон андозааш 16.5×16.0 см, сабзи баланд, дандонадори 5-7- парра, канорҳояш қифшакл. Авв. май гул карда, ох. авг. мевааш мепазад. Хӯшааш миёнаҳаҷм, дарозрӯя ё махрутшакл, шингилҳ ...

                                               

Бедона (навъи мавиз)

Бедона - як навъи мавиз, ки аз навъҳои ангури бедона, кишмиши сафед, кишмиши сиёҳ, кишмиши сурх ва кишмиши зарафшонӣ тайёр мекунанд. Ангурро чида, аз донаҳои пӯсида ва осебёфта тоза мекунанд, баъд шуста дар маҳлули ҷӯшони ишқор тар менамоянд ё бо ...

                                               

Бедона (навъи тут)

Бедона - номи умумии чанд навъ тути маҳаллӣ, масалан, тути балхӣ, бедонаи тоҷикӣ, бедонаи майдамева, бедонаи шаваткӣ, марворидак, мавизӣ, алигӣ, регистонӣ, ҷилҷилак, мармаринчак, рақсонак, рахшак, боғӣ ва ғ. Меваи тути бедонаро асосан тар мехӯран ...

                                               

Бедона парид (бозӣ)

"Бедона парид", "будана принг", "пар-пар" - як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар фаслҳои гармо дар майдони кушод иҷро мешавад. Бозигарон ба ҳамдигар зич ба сурати давра менишинанд. Онҳо пойҳояшонро ба маркази давра дароз намуда, менишинанд. Як ...

                                               

Бедонабозӣ

Ин навъи бозӣ аз замонҳои қадим дар байни халқи тоҷик, хусусан дар шимоли Тоҷикистон маъмул аст. Садриддин Айнӣ низ дар асараш "Мактаби куҳна" оид ба бедонабозӣ маълумот додаст. Ашхосе, ки ба бедонабозӣ машғуланд, бедонаро аз давраи чӯҷа буданаш ...

                                               

Бедонаи кевронӣ

Бедонаи кевронӣ - навъи маҳаллии ангур, селексияи халқист. Асосан дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ва ҳаволии он мепарваранд. Токаш сустсабз, навдаҳояш камҳосил, баргаш калон-калони гирда, 5-гӯша, дандонадор; гулаш дуҷинса. Мевааш охири авг. мепаз ...

                                               

Бедонаи майдамева

Бедонаи майдамева - навъе аз тутҳои маҳаллӣ. Дарахташ сустсабз, баргаш миёнаҳаҷми байзашакл дарозиаш 3-5 ва бараш 3-4 см, дандонадор. Мевааш майда, бедона, сафеди тира, серобу ширин ва хуштаъм, 9.6 - 10.4 % қанд дорад; аз нимаи май то охири июл п ...

                                               

Бедонаи сиёҳ (навъи ангур)

Бедонаи сиёҳ - навъе аз ангурҳои маҳаллии миёнсолӣ; селексияи халқист. Баргаш калон, 5-7-парраи серчок. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калон, махрутшакл, шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд; ғужбаш вазни 100-тоаш 195 - 222 г миёнаҳаҷми лунда, сиёҳи сур ...

                                               

Бедонаи шаваткӣ

Бедонаи шаваткӣ - як навъ тути хӯрданбоби маҳаллӣ. Баргаш байзашакли нӯгтез, яклухти калон 120 х 65 мм, атрофаш дандонадор ба барги тути балхӣ шабоҳат дорад. Мевааш майдаи сафед 12-17 мм, бедона, сероби ширин, таъми хос дорад, аз охири май то ним ...

                                               

Бедонатӯр

Бедонатӯр - навъе аз харбуза. Давраи нашваш 80-90 рӯз. Харбузаи дарозрӯяи тухмшакл аст. Пӯсташ сахт, тӯрдор, ҳаҷман миёна ва калон; вазнаш то 6 кг; рангаш сабзи зардтоб, доғҳои гирдаи сиёҳ дорад. Мағзаш сафед 5-7 см, сероб, ширину хуштаъм 7-8 % қ ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →