ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 151



                                               

Ганҷи асрор

"Ганҷи асрор" - китобест дар илми боҳ. Соли 1422 аз тарафи муаллифи номаълум, ки дар аҳди Султон Муҳаммад Муътаз ибни Тоҳир ба сар бурдааст, бо забони форсӣ таълиф шудааст. Муаллиф матолиби онро аз китобҳои "ал-Эзоҳ" ва "Ҷавомеъу-л-лаззот" интихо ...

                                               

Ганҷи Бадахшон

"Ганҷи Бадахшон" - маҷмӯаи тазкирамонандест, ки муҳаққиқи тоҷик, адабиётшинос А. Абибов тартиб додааст. Аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст. Дар муқаддима маълумоти мухтасар оид ба таърихи Бадахшон аз замони қадим то садаи XX ва ҳаёти адабӣ дар и ...

                                               

Ганҷи бодовар

"Ганҷи бодовар" - асари Ҳаким Амонуллоҳ ибни Маҳобатхони Ҷаҳонгирӣ машҳур ба Нуввобхони Замонхон. Китоб дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони форсӣ таълиф шудааст.

                                               

Ганҷи бодовард

"Ганҷи бодовард", ганҷбод, ганҷи бод, ганҷи бодовар, ганҷи шойгон: Номи тарона ва оҳанги мавсимиву маросимии бостонии тоҷикон. Номи гӯша ва лаҳни махсус дар таркиби дастон парда, мақом-и "Зерафкан" -и "Дувоздаҳмақом". Ин оҳанг то асрҳои 12-13 дар ...

                                               

Ганҷи Вахш

"Ганҷи Вахш" - ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон. Соли 2009 дар соҳили дар Вахш, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариён ташкил ёфтааст. Маҳсулоти истеҳсолии корхона: шағал, са ...

                                               

Ганҷи гов

Ганҷи гов, Ганҷи говон, Ганҷи говмеш - номи ганҷи афсонавиест, ба як ривоят, аз ганҷҳои шоҳ Ҷамшед, ба ривояти дигар, аз аҷоиботи ҳафтганҷи боргоҳи шоҳ Хусрави Парвиз, ки дар замони Баҳроми Гӯр ёфт шудааст.

                                               

Ганҷи дониш

"Ганҷи дониш" - китобест ба форсӣ дар шарҳи номҳои ҷуғрофии Эрон ба тартиби алифбоӣ. Таълифи Муҳаммадтақихони Ҳаким - аз фузалои давраи шоҳ Носируддини Қоҷор. Аз хусусиятҳои китоб ин аст, ки дорои феҳристи муфассали манбаъ ва маъхазҳои истифодашу ...

                                               

Ганҷи Зарафшон

"Ганҷи Зарафшон" - маҷмӯаи тазкирамонанд, мураттиб ва муаллифи сарсухан А. Абибов. Дар ин маҷмӯа дар бораи 304 нафар шоире, ки дар садаи XIX - ибтидои садаи XX зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумоти тарҷумаиҳолӣ ва намунаҳо аз ашъорашон дарҷ гардида ...

                                               

Ганҷи корвон

"Ганҷи корвон": Гӯшаи созӣ дар таркиби парда мақом-и "Рост" -и "Дувоздаҳмақом" асрҳои 12-13. Дар осори адабиву мусиқии асрҳои баъдӣ ба унвони шохаи созиву овозӣ дар маҷмӯи мақомҳо зикр нагардидааст. Суруду оҳанги қадимии мавсимиву маросимии форс- ...

                                               

Ганҷи парешон

"Ганҷи парешон" - маҷмӯаи тазкирамонандест, ки дар он оид ба 63 нафар шоири доираҳои адабии Дарвоз, Қаротегин, Кӯлоб маълумоти шарҳиҳолӣ дода шуда, намунаҳои эҷодиёташон дарҷ гардидааст. Мураттиб доктори илмҳои филология А. Абибов. Шоироне, ки да ...

                                               

Ганҷи сӯхта

"Ганҷи сӯхта": Номи лаҳни ҳаждаҳум аз сӣ лаҳни Борбад. Тибқи ривоятҳо ва манобеи хаттӣ, ин суруд гӯё ба муносибати ганҷе, ки дар яке аз муҳорибаҳои шоҳони сосонӣ дар кишваре сӯхта нобуд гаштааст ва Парвиз нигаҳбононро ҷазо додааст, эҷод шудааст. ...

                                               

Ганҷи таърих

"Ганҷи таърих" - китобест ба назму насри форсӣ аз муфтӣ Ғуломсарвари Лоҳурӣ, ки дар он муаллиф моддаи таърихи соли даргузашти ашхосро дар ҳашт ганҷ гирд овардааст. Ганҷи аввал аз Муҳаммад с оғоз шуда, моддаи таърихи саҳобаҳоро фаро мегирад. Дар г ...

                                               

Ганҷи Фаридун

"Ганҷи Фаридун": Гӯшаи созӣ дар таркиби пардаи "Рост" -и "Дувоздаҳмақом" асрҳои 12-13. Дар осори мусиқии асрҳои баъдӣ ба сифати гӯша ва ё шохаи мусиқӣ дар таркиби мақомҳо зикр наёфтааст. Суруду оҳанги қадимии мардуми форс-тоҷик, ки дар аҳди Сосон ...

                                               

Ганҷи Қорун

"Ганҷи Қорун" - ин номест, ки ба коллексияи 363 артефактҳои Лидия, мутаалиқ ба садаи VII то милод, ки дар музофоти Ушоқ ёфт шудааст. Ин хазина дар байни солҳои 1987 ва 1993 мавзӯи муҳокима додгоҳӣ байни Туркия ва Осорхонаи Митрополит Ню-Йорк буд. ...

                                               

Ганҷина (дастаи ҳунарӣ)

"Ганҷина" - ҳайати эҷодӣ, дастаи ҳунарии фолклориву этнографӣ, ки бо ташаббуси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳайаташ аз 75 нафар иборат буд. Дастаро то соли 1993 З. Ноз ...

                                               

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ба номи А. Мирзоеви ИЗАШМХ - калонтарин махзани дастнависҳои шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

                                               

Ганҷинаи зиндагон

"Ганҷинаи зиндагон" - яке аз китобҳои Монӣ. Монӣ ин асарро ба забони оромӣ навишта буд. Пайравонаш онро ба забонҳои дигар - қибтӣ, чинӣ, арабӣ, форсии миёна тарҷума кардаанд. Дар забони суғдӣ номи ин асар ба шакли "Самитиҳо" ёд шудааст. Дар "ал-Ф ...

                                               

Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир

"Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир" - фарҳанг -имасдарҳо -и форсист аз таълифоти мавлавӣ Сайид Абулҳасан - адиби форсигӯйи Ҳиндустон. "Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир" -ро пас аз се соли заҳмат, соли 1923 ба итмом расонидааст. Масдарҳо ...

                                               

Ганҷинаи Нишот

"Ганҷинаи Нишот" - маҷмӯаи осори шоири эронӣ Нишоти Исфаҳонӣ. Аз панҷ "дурҷ" қисм иборат аст. Дар дурҷи аввал дебочаҳо, хутбаҳо, вақфномаҳо ва аҳдномаҳои бо хатти ӯ иншошуда ҷой гирифтаанд. Дурҷи дуюм мадҳияҳо, қиболаҳо, қасидаҳо ва қитъаҳои шоир ...

                                               

Ганҷнома

"Ганҷнома" - ду катибаи таърихие бозмонда аз даврони ҳукмронии Дороюш ва Хашиёршоҳ. "Ганҷнома" дар пояи кӯҳи Алванд, наздикии шаҳри Ҳамадон ба хотири парастиши Аҳура Маздо бо зикри номи Дориюш, Хашиёршоҳ сабт шудааст. Ҳар катибаи "Ганҷнома" ба ха ...

                                               

Ганҷнома (фарҳанг)

"Ганҷнома" - фарҳанги тафсирии вожаҳои "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ, ки Алӣ ибни Тайфури Бистомӣ соли 1659 таълиф кардааст. Чунонки муаллиф дар дебочаи асараш овардааст, ба сабаби он ки "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ "наводири ахбори салотини номдор", "ганҷнома" ...

                                               

Ганҷрустоқ

Ганҷрустоқ - минтақаи таърихӣ дар байни Бодғис ва Марврӯд. Дар осори ҷуғрофиёнависони мусулмон дар шакли арабишуда - Ганҷрустоқ зикр шудааст. Ба қавли ибни Руста, масофаи байни Ганҷрустоқ то Ҳирот 31 фарсах буда, дорои чор русто ва ободиҳои сарса ...

                                               

Гаприндашвили, Нона Терентевна

Но́на Тере́нтевна Гаприндашви́ли - шатранҷбози гурҷистонӣ, қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон ; Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС. Чемпиони панҷкаратаи шатранҷи ИҶШС байни занон, нахустин барандаи ҷоизаи "Оскари Шоҳмот".

                                               

Гаравгон

Гаравгон - шахсе, ки бо зӯр дастгир шудааст ё ба бадали пулу мол ё гузаштҳои сиёсӣ аз тарафи як нафар ё гурӯҳи одамон дар замони осуда нигоҳ дошта мешавад. Барои ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон бо таҳдиди куштан ё расонидан ...

                                               

Гаравгонгирӣ

Гаравгонгирӣ - ғасби гаравгон, яке аз ҷиноятҳои дорои хислати байналмилалӣ; тасарруф, ғасб ё боздошти ғайриқонунии шахс бо маҳрум намудани ӯ аз озодӣ ба мақсади маҷбур кардани тарафи сеюм ба анҷом додан ё надодани амалҳои муайян. Гаравгонгирӣ мет ...

                                               

Гарави вексел

Гарави вексел - шакли иҷрои уҳдадориҳо, ки бештар дар фаъолияти бонкҳо истифода мегардад. Бонкҳо ҳангоми бастани шартномаҳо барои гирифтани қарз аз мизоҷони боэътимод иҷрои талаботи махсусро ба миён намегузоранд. Нисбат ба қарзгирандагони боэътим ...

                                               

Гарави воситаҳои пулӣ

Гарави воситаҳои пулӣ - яке аз шаклҳои маъмули гарав дар фаъолияти тиҷоратӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ. Моҳияти чунин шакли муносибати иқтисодӣ аз таъмини назорати қарздиҳанда кредитор бар фаъолияти тиҷоратӣ ва иқтисодии қарздор қарзгиранда мебошад. Дар ...

                                               

Гарави воситаҳои ғайриманқул

Гарави воситаҳои ғайриманқул - навъи гараваст, ки молу милки ба гарав гузошташуда дар истифодаи гаравдеҳ ва ё шахси сеюм боқӣ мемонад. Предмети гарави воситаҳои ғайриманқул корхонаҳо, иморатҳо, бино, иншоот, манзили иқоматӣ квартираҳо дар биноҳои ...

                                               

Гарави интихоботӣ

Гарави интихоботӣ - маблағе, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Сарқонун ва Қонуни конститутсионии Ҷ ...

                                               

Гарави мол дар гаравхона

Гарави мол дар гаравхона - шакли муомилоти пулӣ-молӣ. Гаравхонаҳои дар асоси иҷозатнома литсензия фаъолиятдошта метавонанд аз шаҳрвандон молу милки манқулеро, ки барои истифодаи шахсӣ, иҷрои уҳдадориҳо аз рӯйи қарзҳои кӯтоҳмуддат таъйин шудаанд, ...

                                               

Гарави моли дар муомилотбуда

Гарави моли дар муомилотбуда - шакли иҷрои уҳдадориҳои тиҷоратӣ-молиявӣ. Моли дар муомилотбуда ва ба гарав гузошташуда, моле ба ҳисоб меравад, ки дар ихтиёри гаравдеҳ боқӣ монда, ба ӯ ҳуқуқ дода шудааст, ки таркиб ва шакли табиии моли ба гарав гу ...

                                               

Гарави қарз

Гарави қарз - шакли таъмини уҳдадориҳои қарзӣ дар байни қарздиҳанда ва қарзгиранда. Муносибатҳои қарзӣ ҳамкории ду тарафро ҳангоми шиносшавии қарздиҳанда бо фаъолияти қарзгиранда, муайян кардани шартҳо ва имзо намудани шартномаи қарз, ба ихтиёри ...

                                               

Гаравхона

Гаравхона - муассисаи кредитӣ, ки дар шакли пул бо мондани гарави амволи манқул қарз медиҳад. Нишонаҳои пайдошавии муассисаҳои ломбардӣ ба садаи XI рост меоянд. Дар садаи XV муассисаҳои кредитии башардӯстона бо мақсади ба шахсони камбизоат додани ...

                                               

Гараж

Гара́ж - утоқ ё ҷоест барои нигоҳ доштан ва баъзан таъмир кардани худрав, мотосикл ва дигар воситаҳои нақлиёт. Онро баъзан дар дохили манзил, паҳлуи он ё алоҳида берун аз хона ё ҳавлӣ месозанд. Гараж аксар вақт аз хишт, чӯб, блокҳои сементӣ, фили ...

                                               

Гарда

Ангезандааш занбӯруғҳои халтадор аз оилаи Erysiphaceae мебошанд. Ба гарда харбуза, тарбуз, каду, бодиринг, себ, нок, помидор, садбарг, пахта, зироати хӯшадор, лаблабуи қанд ва ришқа гирифтор мешаванд. Ангезандаи гардаи шафтолу ва садбарг Sphaerot ...

                                               

Гарда (наққошӣ)

Гарда - қолаби нақш ё сояқолаб. Наққошон нусхаҳои нақшунигорро аввал дар рӯйи коғаз бо қалам ё сиёҳӣ; дар сарчашмаҳои назарӣ - сиёҳқаламӣ кашида, сипас аз болои он сӯзан мезананд. Ин шева вақти иҷрои корро кӯтоҳтар ва нусхабардориро фаннитару осо ...

                                               

Гардан

Гардан - он қисми бадан, ки сарро бо тан мепайвандад. Асоси гардан сутунмуҳра - муҳраи гардан аст. Дар гардан ибтидои узвҳои нафас ҳанҷара, хирной, ҳозима, рагҳои хун ва лимфа, ғадуди сипаршакл ва ғадудҳои наздисипаршакл, инчунин, асабҳо ҷой гири ...

                                               

Гардана

Гардана - минтақаи хушкӣ, ки аз ду тараф бо об иҳота шуда, ду материк ё нимҷазираеро бо материк мепайвандад, ё ду ҳавзаи обро аз ҳам ҷудо мекунад. Гарданаҳо барои сохтани наҳрҳо ҷойи мувофиқ мебошанд, чунки масофаи онҳо кам аст, мас., Гарданаи Су ...

                                               

Гарданаи Карелия

Гарданаи Карелия - гардана дар байни хилиҷи Фини баҳри Балтика ва кӯли Ладога дар вилояти Ленинград. Дар ҷануб бо пастии Приневск ҳамсарҳад аст. Релефаш сертеппа, баландиаш аз 10 м Приозёрск то 203 м баландии Лемболов. Дар шимол таҳкурсии қадимӣ ...

                                               

Гарданаи Панама

Гарданаи Панама - минтақаи нисбатан камбари қисми ҷанубу шарқии Амрикои Марказӣ, ки Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад. Дар давраи плиотсен, қариб 3 млн сол пеш пайдо шудааст. Бари камтарини он 48 км. Дар байни кӯҳҳои Кордилйера-де-Вер ...

                                               

Гарданаи Перекоп

Гарданаи Перекоп - минтақаи хушкӣ, ки нимҷазираи Қримро бо материк пайваста, баҳри Азовро аз баҳри Сиёҳ ҷудо мекунад. Дар қисми шимоли Қрим воқеъ аст. Дарозиаш 30 км, бараш 8-23 км. Баландиаш то 20 м. Аз гил ва гилхок ташаккул ёфтааст; соҳилҳояш ...

                                               

Гарданаи Суэс

Гарданаи Суэс - минтақаи хушкӣ, ки Африқо ва Осиёро ба ҳам пайваст ва баҳри Миёназамину баҳри Сурхро аз ҳам ҷудо кардааст. Бараш 112 км. Гарданаи Суэс минтақаи фурӯхамидаи тектоникӣ буда, бо ҷинсҳои гилӣ пур шудааст. Релефаш ҳамвор, дар қисми ғар ...

                                               

Гарданаи Ҳисор

Гарданаи Ҳисор - харобаҳои деҳаи асрҳои 7-8 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ. Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ бо номи Мадм зикр шудааст. Харобаҳо аз сабаби дар паҳлуи қалъаи Ҳисори Мадм ҷойгир будан, Гарданаи Ҳисор ном гирифтаанд. Гарданаи Ҳисор аз ду бахш - ...

                                               

Гардбарг

Гардбарга - қисми гул, узви ҷинсии наринаи рустаниҳои гулдор. Дар гардбарга гард ҳосил мешавад. Гардбарга аз ришта ва гарддон иборат аст. Ришта ҳамтои микроспорофилли плаунашаклон ва лучтухмҳо мебошад. Баъди давраи мейоз дар ҳар чаҳор лонаи гардд ...

                                               

Гардгирак

Гардгирак - узви рустанӣ, ки барои қабули гард ҳангоми гардолудшавӣ хидмат мекунад. Гардгирак маъмулан дар нӯги кулола ё стилодий ташаккул меёбад. Дар сурати набудани кулола ё стилодий бевосита дар ғӯра пайдо мешавад. Гардгирак шаклҳои гуногун до ...

                                               

Гарддон

Гарддон - қисми гардбарг, ки дар он гард ҳосил мешавад. Гарддон аз халтаи гард иборат аст. Сӯрохчаҳои гарди рустаниҳои пӯшидатухм ва микроспорангияҳои рустаниҳои лучтухм ба ҳамдигар монанд мебошанд. Дар сӯрохчаҳои гард микроспораҳо ҳосил шуда, аз ...

                                               

Гардез

Гарде́з - шаҳр дар Афғонистон. Маркази маъмурии вилояти Пактиё. Дар воҳаи Гардез, дар сари роҳҳои автомобилгард ва корвонгузар байни кӯҳҳои Сулаймон ва Ҳазораҷот воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 75000 нафар 2013. Дар баландии 1000 м аз с. б. ҷойгир аст. С ...

                                               

Гардезӣ

Абусаъид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезии Ғазнавӣ, маъруф ба Гардезӣ - муаррихи маъруфи садаи XI, муаллифи "Зайну-л-ахбор".

                                               

Гарди гул

Гарди гул, гардак - маҳсули микроспораи рустаниҳои тухмдор. Гард шакли ғаметофити наринаро дошта, дар микроспорангия аз микроспораҳо ташаккул меёбад. Таркиби гарди гул аз сафеда, равған, витаминҳо, аминокислотаҳои озод, намакҳои минералӣ, пигмент ...

                                               

Гардиши меҳварии Замин

Гардиши меҳварии Замин - дар атрофи меҳвари худ чарх задани Замин. Замин чун дигар сайёраҳои Манзумаи офтобӣ дар ҳаракат аст ва яке аз онҳо Гардиши меҳварии Замин мебошад. Замин дар атрофи меҳвари худ дар самти муқобили ақрабаки соат, аз самти ға ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →