ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 152



                                               

Гардиши хун

Гарди́ши хун - ҳаракати муттасили хун дар рагҳо. Гардиши хун фаъолияти андомгонро созгор ва мубодилаи моддаҳоро дар узву бофтаҳо мураттаб карда, ҳарорати баданро танзим менамояд. Хун бофтаҳоро бо оксиген, об, сафеда, карбогидратҳо, чарбу, моддаҳо ...

                                               

Гарднайча

Гарднайча - узви найчашакли зарраҳои гард, ки дар рустаниҳои тухмдор баъди гардолудшави ба вуҷуд меояд. Гарднайчаи рустаниҳои лучтухм дар ҳуҷрачаи тухммуғҷа пайдо мешавад. Дар ин сурат гарднай ба бофтаи нутселлус ворид шуда, фақат ба пистонак гас ...

                                               

Гардолудшавӣ

Гардолудшавӣ - аз гарддон ба гардгирак ё ҳуҷайратухм рехтани гард. Баъди гардолуд шудан аз гардак гарднайча сабзида, нутфаро ба ҳуҷайратухми тухммуғча мебарад, он ҷо бордоршавӣ ва рушди ҷанин ба амал меояд. Гули дарахтони мева бо 2 усул – дутараф ...

                                               

Гардпошак

Гардпошак - мошин ё дастгоҳ барои пошидани заҳрдоруҳои хока - офаткушҳо. Бо гардпошӣ дарахту зироат аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон муҳофизат шуда, ҳамчунин барги рустаниҳоро дар мавриди зарурат мерезонанд. Гардпошак тракторӣ ва дастӣ мешавад. Г ...

                                               

Гардуна

Гардуна, ароба - нақлиёти қадимии ду ва чорчарха. Сараввал барои кашондани борҳои вазнин ва одамон, баъдан ҳамчун олоти ҷангии зудрав истифода мешуд. Маълумоти нахустин дар бораи гардуна дар "Яштҳо" -и Авесто "Аредвисура Анаҳита Яшт" ҳангоми сито ...

                                               

Гардҳор Дос

Дар Деҳлӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз забони ҳиндӣ санскрит ба забони форсӣ достони "Рамаяна" -ро дар қолаби маснавӣ тарҷума карда, ба ҳукмрони давр - Ҷаҳонгир пешкаш кард. Гардҳор Дос дар тарҷумааш ба сужети "Рамаяна" баъзе лаҳзаҳоеро ворид кар ...

                                               

Гардҳорӣ Лаъли Фаррухободӣ

Аз осораш - "Ганҷу-л-луғот" 1762, "Фарҳанги дастуру-с-сибён" бармеояд, ки ба тадриси ҷавонон машғул будааст. Асарҳои дигараш: "Ганҷу-л-луғот" фарҳанги тафсирии форсӣ ба форсист дар тафсири вожаҳои мушкили "Гулистон" -и Саъдӣ, "Баҳори дониш" -и Ка ...

                                               

Гармаи сершира

Гармаи сершира - навъи себи маҳаллии пешпазак. Дарахташ калони курашакл баландиаш 5.0 м, қутри шохсораш 6.5 м, сершохубарг. Ниҳоли гармаи сершира соли 4-ум самар оварда, соли 7-ум ҳар дарахти он то 95 кг ва дар давраи комилан ба самар даромадан, ...

                                               

Гармалаф

Пояаш рост, сершохаи сурхтоб, аз 30 то 150 см қад мекашад. Баргаш 3–5- парра дарозиаш 3–7 см, гулаш майдаи зард; мевааш хоракҳои каҷ дорад, ки ба либос ё пашми ҳайвонот мечаспанд вазни 1000-тоаш 2–3.5 г. Гармалаф аз июн то сентябр гул мекунад. Да ...

                                               

Гармиён (навъи мавиз)

Гармиён - як навъи мавиз. Аз ангурҳои навъи нимранг, султонӣ ва каттақӯрғонӣ тайёр мекунанд. Гармиён хушхӯр ва сершира аст. Барои хушсифатӣ, хушрангӣ ва кирм назадан гармиёнро бо гази сулфат буғ дода, баъд аз он мехушконанд.

                                               

Гармигузаронӣ

Гармигузаронӣ - яке аз шаклҳои интиқоли гармӣ; раванди интиқоли энергияи дохилӣ аз қисми ҷисм -и баландҳарорат ба қисми пастҳарорати ҷисм, ки боиси баробар шудани ҳарорати ҷисм мегардад. Гармиро зарраҳои ҷисм мегузаронанд яъне дар натиҷаи ҳаракат ...

                                               

Гармигунҷоиш

Гармиғунҷоиш - миқдори гармие, ки ҷисм ҳангоми ба 1 дараҷа боло рафтани ҳарорат фурӯ мебарад; дақиқтараш гармиғунҷоиш бузургиест, ки ба нисбати миқдори гармии ба ҷисм додашаванда dQ ва тағйирёбии ҳарорати ҳамин ҷисм dT баробар мебошад: С = dQ/dT. ...

                                               

Гармидиҳии буғӣ

Гармидиҳии буғӣ - шакли гармидиҳии мутамарказ, ки дар он буғ ҳамчун ноқили гармӣ истифода мегардад. Буғ ба шабакаи гармидиҳӣ аз шабакаи таъмини гармӣ ё аз деги буғӣ, ки дар дохили бинои гармшаванда ё дар беруни он ҷойгир шудааст, интиқол меёбад. ...

                                               

Гармидиҳии динамикӣ

Гармидиҳии динамикӣ - шабакаи гармидиҳӣ, ки аз кӯра, ҷузъҳои гармкунанда ва дастгоҳи сардкунанда иборат аст. Гармидиҳии динамикӣ имкон медиҳад, ки ба ҳаво бештар гармӣ интиқол ёбад, зеро ба он гармии муҳити атроф низ мегузарад. Ҳангоми гармидиҳии ...

                                               

Гармидиҳии конвективӣ

Гармидиҳии конвективӣ - навъи гармидиҳие, ки дар он гармӣ дар натиҷаи омехташавии ҳавои гарм ва сард интиқол дода мешавад. Камбудии гармидиҳии конвективӣ фосилаи калони пасту баландшавии ҳарорат дар дохили бино ҳарорати баланди ҳаво дар боло ва ҳ ...

                                               

Гармидиҳии обӣ

Гармидиҳии обӣ - тарзи нисбатан маъмули шабакаи гармидиҳӣ, ки дар биноҳои иқоматӣ, ҷамъиятӣ ва саноатӣ истифода мегардад; дар шабака гармӣ бо ёрии оби гарм тавассути асбобҳои гармидиҳанда интиқол меёбад. Шабакаи гармидиҳии обӣ аз дегҳои обгармкун ...

                                               

Гармидиҳии электрӣ

Гармидиҳии электрӣ - тарзи гармидиҳӣ, ки ҳангоми он манзил бо ёрии асбобҳо -и электрии гармидиҳанда гарм карда, дар он ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар ин маврид асбоби электрӣ энергияи электриро ба энергияи гармӣ табдил медиҳад. Шабакаи ...

                                               

Гармидиҳии ҳавоӣ

Гармидиҳии ҳавоӣ - шабакаи гармидиҳӣ, ки тавассути он бино бо ҳаво гарм карда мешавад. Гармидиҳии ҳавоӣи ресиркулятсионӣ ё бозгардишӣ ҳавои гарми истифодашуда барои истифодаи дуюмбора ба гармкунанда баргардонда мешавад ва гармидиҳии ҳавоӣи вентил ...

                                               

Гармидиҳӣ

Гармидиҳӣ - бо роҳи сунъӣ гарм кардани дохили бино ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳарорат, ки бояд ба талаботи беҳдошти аҳолӣ ва равандҳои технологӣ ҷавобгӯ бошад. Шабакаи гармидиҳӣ бояд он миқдори гармиро диҳад, ки тавассути деворҳо талаф ш ...

                                               

Гармии бухор

Гармии бухор, гармии бухоршавӣ - миқдори гармое, ки модда дар раванди мувозинатии изобарию изотермӣ барои аз ҳолати моеъ ба ҳолати газӣ гузаштан фурӯ мебарад. Гармии бухор яке аз навъҳои гармии гузариши фазавии ҷинси 1 мебошад. Гармии бухори хос ...

                                               

Гармиивазшавӣ дар атмосфера

Гармиивазшавӣ дар атмосфера - дар самти уфуқӣ ва амудӣ ивазшавии ҳаво дар атмосфера. Ҷараёни гармо аз минтақаҳои нисбатан гарм ба минтақаҳои нисбатан сард интиқол меёбад ва ҳар қадар фарқи ҳарорат зиёд бошад, шиддати интиқол зиёд мешавад. Дар тро ...

                                               

Гармиивазшавӣ дар баҳр

Гармиивазшавӣ дар баҳр - мубодилаи гармии байни сатҳи баҳру атмосфера ва байни сатҳу қабатҳои поёнии баҳр, инчунин байни минтақаҳои алоҳидаи баҳрҳо ва уқёнусҳо. Гармиивазшавии радиатсионӣ, турбулентию конвективӣ, равандҳои бухоршавӣ ва конденсатс ...

                                               

Гармиивазшавӣ дар хок

Гармиивазшавӣ дар хок - раванди мубодилаи гармии байни сатҳи хок ва қабатҳои он. Гармиивазшавӣ ба гармигузаронӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии ҳарорати қабатҳои гуногуни хок ба вуҷуд меояд ва ба гармигунҷоиши хок зич вобаста аст. Сели гармӣ аз қабати ...

                                               

Гармича

Гармича, гармоб, арақобила - як навъ иллати пӯст. Дар натиҷаи аз ҳад зиёд арақ кардан ва суст бухор шудани арақ ба амал меояд. Бештар дар кӯдакони ширмаку хурдсол ба мушоҳида мерасад. Ба инкишофи гармича тафсидани бадан ва гарм печондану гарм пӯш ...

                                               

Гармишифоӣ

Гармишифоӣ, термотерапия - муолиҷа бо гармӣ. Дар гармишифоӣ аз гармкунак, гармибандӣ, обзанҳои гарм, ваннаҳои офтобӣ, афканишоти ионзо, душ, лойқаи гарм, парафин, озокерит, реги тафсон, барқ ва амсоли инҳо истифода бурда мешавад. Дар натиҷаи таъс ...

                                               

Гармо

Гармо, гармӣ, миқдори гармо - миқдори энергияе, ки система ҳангоми гармотабодул медиҳад ё фурӯ мебарад. Ба мисли кор миқдори гармо низ меъёри тағйирёбии энергияи дохилии система U мебошад. Ҳангоми мубодилаи гармӣ дар натиҷаи таъсири мутақобилаи м ...

                                               

Гармобардорӣ

Гармобардорӣ - қобилияти ба шиддати ҳарорат, ки ба тағйир ёфтани ҳарорат вобаста аст, тоб овардану ихтилол наёфтани маснуоти оташбардор ё дигар масолеҳи мурт. Гармобардорӣ ба зариби васеъшавии ҳароратӣ, гармогузаронии масолеҳ, чандирӣ ва хосиятҳо ...

                                               

Гармозанӣ

Гармозанӣ - беморгунае, ки дар натиҷаи сахт тафсидани бадан падид меояд. Сабаби гармозанӣ кор дар сехҳои гарм, роҳгардии тӯлонӣ дар зери офтоб, пӯшидани либосҳои ҳавоногузар ва ғ. аст. Дар натиҷаи беҳад тафсидани бадан аз андомгон оби бисёр хориҷ ...

                                               

Гармои гудозиш

Гармои гудозиш - миқдори гармое, ки модда дар раванди мувозинатии изобарию изотермӣ барои аз ҳолати сахт ба ҳолати моеъ гузаштан фурӯ мебарад. Гармои гудозиш яке аз навъҳои гармои гузариши фазавии ҷинси 1 мебошад. Гармои гудозиши хос бо Ҷ/кг, кка ...

                                               

Гармои гузариши фазавӣ

Гармои гузариши фазавӣ - миқдори гармое, ки ҳангоми гузариши мувозинатии изобарию изотермӣ барои аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани модда ба он додан ё аз он хориҷ кардан зарур аст. Барои гузаришҳои фазавии ҷинси II гармои гузариши фазавӣ ба с ...

                                               

Гармои сӯзиш

Гармои сӯзиш - қобилияти гармоофарӣ, гармоофарандагӣ, гармоистеҳсолкунандагӣ, калориянокӣ, миқдори гармое, ки ҳангоми тамоман сӯхтани сӯзишвории сахт, моеъ ё газмонанд хориҷ мешавад; бо ҷоул ё калория чен мекунанд. Гармои сӯзиш поёнӣ ва болоӣ, хо ...

                                               

Гармонигаҳдории бино

Гармонигаҳдории бино - қобилияти ҳатталимкон дар як сатҳ нигоҳ доштани ҳарорати ҳавои дохили бино ҳангоми мунтазам тағйир ёфтани ҳарорати ҳавои беруна ва сели гармӣ, ки ба тавассути деворҳо интиқол меёбанд. Гармонигаҳдории бино ба гармогузаронӣ, ...

                                               

Гармотабодул

Гармотабодул, мубодилаи гармо - раванди беихтиёронаи барнагардандаи интиқоли гармо дар фазо, ки ба ғайриякҷинса будани майдони ҳароратӣ вобаста аст. Умуман дар мавридҳои умумӣ ба интиқоли гармо якҷинса набудани майдони бузургиҳои дигари физикӣ, м ...

                                               

Гармочандирият

Гармочандирият - фасли механикаи ҷисми деформатсияшаванда -и сахт, ки вобастагии байни шиддатҳо, майдонҳои деформатсия ва ҳароратро омӯхта, дар асоси термодинамикаи равандҳои барнагарданда назарияи чандирият ва назарияи гармигузарониро ба ҳам ало ...

                                               

Гармоҷуфт

Гармоҷуфт - табдилдиҳандаи электрии ҳароратӣ, афзор барои чен кардани ҳарорат дар саноат, таҳқиқотҳои илмӣ, тиб ва системаҳо -и автоматӣ. Гармоҷуфт аз ҷуфти ноқилҳои аз масолеҳи гуногун сохташудаи як нӯгашон пайваст иборат буда, қисми афзореро та ...

                                               

Гармсел

Гармсел - боди тафсону хушки ноҳияҳои иқлимашон хушк. Гармселро дар Миср "хамсин", дар Алҷазоиру Тунис ва Ситсилия "сирокко", дар Испания "левеге", дар Арабистон "самум" меноманд. гармселбодест, ки ҳарораташ баланд ва нами нисбиаш паст буда, акса ...

                                               

Гармсер

Гармсер - даштистоне дар ҷануби Эрон ва ғарби Покистон. Дар халиҷи Уммон ва соҳили гулӯгоҳи Ҳурмуз, дар доманаи кӯҳҳои Зогрус Загрос ва Мукрон ҷойгир шудааст. Иртифоаш то 8 км, дарозиаш беш аз 4000 км. Гармсер пайхамиҳои соҳили баҳрро бурида мегу ...

                                               

Гармхона

Гармхона, гулхона - бино барои парвариши сабзавот ва ниҳолу қаламчаи он, гул ва ғайра. Дар гармхона рустаниро ҳамон вақт парвариш мекунанд, ки агар дар ҳавои кушод рушду инкишофи он ба сабаби номусоидии обу ҳаво номумкин бошад. Бом ва деворҳои га ...

                                               

Гармхунҳо

Гармхунҳо, ҳайвоноти гомойотермӣ - ҳайвоноте, ки ҳарорати бадани онҳо доимӣ ва устувор буда, аз таъсири муҳит тағйир намеёбад. Ба гармхунҳо парандаҳо ва ширхӯрон мансубанд. Гармхунӣ дар таҳаввулоти ҳайвонот бинобар ба чаҳор ҳуҷра тақсим шудани ди ...

                                               

Гарринча

Мануэл Франсиско Дус Сантос 20 Январ 1983, Пау Гранде, Рио Де Жанейро Cтате, Бразилия) - футболбози бразилӣ, нимҳимоятгари ҳуҷумкуни канорӣ.

                                               

Гарсеваз

Гарсеваз - яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ, паҳлавӣ-форсии миёна ва "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ. Дар Авесто бахши "Яштҳо" ба шакли Кэрэсавада омадааст. Дар Авесто ба пайванду хешии Афросиёбу Гарсеваз ишорае нашудааст. Ҳар дуи онҳо гунаҳкор, з ...

                                               

Гаршосп

Гаршосп - паҳлавони устуравӣ дар "Шоҳнома", яке аз паҳлавонон ва сарони сипоҳи шоҳ Манучеҳр дар ҷанг бо Салму Туру Афросиёб ва хазинадори Манучеҳр. Нажодаш ба Ҷамшед мерасад. Дар Авесто, "Бундаҳишн" ва осори адабии садаҳои нахусти ислом ёд шудаас ...

                                               

Гаршоспнома

"Гаршоспнома" - асари Асадии Тӯсӣ, ки аз адабиёти шифоҳии Эрони куҳан манбаъ гирифтааст. Ин достонро дар адабиёти форсии нав пас аз истилои араб бори нахуст Абулмуайяди Балхӣ дар "Шоҳнома" -и мансури хеш қаламдод кардааст, ки бо номи "Китоби Гарш ...

                                               

Гаспра

Га́спра - яке сайёракҳои бештар таҳқиқшуда, рақами тартибиаш 951. Соли 1916 ситорашиноси рус Г. Н. Неуймин кашф ва ба шарафи осоишгоҳи Қрим номгузорӣ кардааст. Дар ҳалқаи асосии астероидҳо дар байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ давр мезанад. Соли 1 ...

                                               

Гассенди, Пйер

Дар коллеҷи шаҳри Дин, сипас дар Университети Экс-ан-Прованс таҳсил кардааст. Проф. соҳаи илоҳиёт дар Дина аз 1613, фалсафа дар Экс аз 1616 ва математика дар Порис аз соли 1645. Ҷонибдори ақидаи атомистии Эпикур буд. Доктори илоҳиёт аз 1617. Дар ...

                                               

Гассер, Ҳерберт Спенсер

Хатмкардаи Университети Висконсин 1911. Фаъолияти кориаш ҳамчун ассистенти кафедраи физиологияи Университети Висконсин 1911-13 ва Университети Вашингтон 1915-21 оғоз ёфта, баъдан профессор фармакологияи Универсиситети Вашингтон 1921-31, профессор ...

                                               

Гастарбайтер

Гастарба́йтер - шаҳрванди хориҷие, ки ба таври кироя муваққатан кор мекунад. Истилоҳи гастарбайтер дар солҳои 60 садаи XX дар замони ҷалби васеи қувваи арзони корӣ аз Туркия, Юнон, Итолиё, Испания ва Португалия бо мақсади қонеъ намудани талаботи ...

                                               

Гастингсит

Гастингсит - минерал аз гурӯҳи амфиболҳо, формулаи кимиёиаш 4 Fe 3+ O 22 2. Сингонияаш моноклиналӣ. Кристаллҳояш маншуршакл, сутунмонанд, сӯзаншакл. Дар намуди донаҳои анбӯҳ ва ҷудогона вомехӯранд. Рангаш сиёҳ, сабзи сиёҳтоб, дорчинии сабзтоб, за ...

                                               

Гастон Виет

Дар Донишгоҳи Қоҳира аз адабиёти араб дарс медод ва мудири Осорхонаи ҳунарҳои исломӣ дар он шаҳр буд аз 1926. Аз соли 1951 дар Коллеҷ де Франс кор мекард ва аз соли 1957 ба ҳайси узви Фарҳангистони катибаҳои Фаронса фаъолият менамуд.

                                               

Гастринома

Гастринома - омосе, ки гастрин ҷудо мекунад. Гастрин ба ихроҷи барзиёди асиди хлорид мусоидат карда, боиси пайдоиши захми рӯдаҳои дувоздаҳангушта ва борик мегардад. Дар 85 дарсади мавридҳо гастринома дар ғадуди зери меъда пайдо мешавад. Дар баъзе ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →