Back

ⓘ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон



                                     

ⓘ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Донишкада́и тарбия́и ҷисмони́и Тоҷи­кис­то́н ба номи С. Раҳимов - мактаби олии таълимӣ, ки ба­рои мактабҳои олӣ, миёна, гимназияҳо, литсейҳо, кол­леҷҳо мутахассисони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тарбия мекунад.

                                     

1. Таъсис

15 марти 1971 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо донишкада 2 факулта омӯзгорӣ ва варзиш ва 10 кафедра дошт, ки дар онҳо 620 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба ғайр аз кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва пизишкиву биологӣ, кафедраҳои варзиш низ дошт: варзиши сабук, бозиҳои варзишӣ, гимнастика, назария ва методикаи тарбияи ҷис­монӣ ва ғайра. Дастпарварони аввалини он донишкадаро соли 1975 хатм кардаанд. Он вақт дар донишкада шуъбаи ғоибона низ вуҷуд дошт. Солҳои 80 садаи XX дар донишкада кафедраҳои нав таъсис ёфтанд: тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, физиология, варзишӣ ва муолиҷавӣ, кафедраи ташкил, идора ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи навъҳои техникии варзиш. Соли 1984 факултаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва таълими тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуд.

                                     

2. Хатмкардагони донишкада

Аз хатмкардагони донишкада 211 нафар Устоди варзиши Тоҷи­кистон, 78 нафар Устоди варзиши собиқ ИҶШС, зиёда аз 280 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ гардидаанд. Зиёда аз 5000 хатмкардаи донишкада меъёри Устоди варзиши ИҶШС ва дараҷаи байналмилалиро иҷро намудаанд. Донишкада ҳамчунин теъдоди зиёди мутахассисони соҳаи ҳарби­ро тарбия кардааст. Аз ҷумла, 9 нафар рутбаи генералӣ, зиёда аз 1170 нафар рутбаҳои ҳарбии подполковник ва полковник гирифтаанд.

                                     

3. Факултетҳо

Ҳоло дар донишкада 5 факулта ва 20 кафедра фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5640 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 190 омӯзгор, аз ҷумла, 2 доктори илм, 1 проффесор, 8 номзади илм, 40 муаллими калон дарс медиҳанд, ки 21 нафари онҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. Муҳлати таҳ­сил дар донишкада 4 сол аст. Дар донишкада оид ба илмҳои гума­ни­тарӣ, инчунин назария ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳқиқоти илмӣ анҷом дода мешавад. Ҳоло донишкада 9 унвонҷӯ дорад.

                                     

4. Серсохтор

Масоҳати умумии донишкада 36 га буда, он дорои 1 майдончаи варзиш, 2 майдони калони футбол, 3 майдончаи волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, 2 майдони варзиши сабук, 5 толори варзиш, 1 шаҳраки ҳарбӣ, хобгоҳ барои 600 донишҷӯ, 3 ошхона, китобхона дорои 140000 китоби ба­деӣ ва таълимӣ мебошад.

                                     

5. Ректорони донишкада

  • Маҳ­мадов А. Н. 2001–06
  • Ҳасанов И. Р. 1983–85
  • Сатторов А. С. 1985–86
  • Ҷобиров Б. С. 1994–2001
  • Са­фаров Ш. А. аз соли 2009
  • Репа Ф. П. 1975–83
  • Шукроев К. Ш. 1986–94
  • Умаров Т. У. 1971–75
  • Розиқзода А. Ш. 2006–09
                                     

6. Сарчашма

  • Дирҳам - Замин. - Д.: СИЭМТ, 2017. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 6. - ISBN 978-99947-33-69-9.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →