Back

ⓘ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон



                                               

14 октябр

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 14 октябр 1924 - рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва ИҶШС.

                                               

17 октябр

                                               

18 октябр

                                               

7 январ

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 7 январ 1944 - Ноҳияи Бохтар - дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. 1926 - кушодашавии аввалин мағозаи китоб дар шаҳри Душанбе. 1944 - Ноҳияи Вахш - дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. 2007 - "Қазоқистони ман" суруди миллӣ Қазоқистон мешавад.

                                               

15 ноябр

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 15 ноябр 1946 - Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шеъри А. Лоҳутӣ, оҳанги С. Юдаков-ро тасдиқ карданд ва он бори нахуст тавассути радио садо дод; 1972 - Нахустин агрегати НБО Норак ба истифода дода шуд; 2005 - Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст; 2008 - Дар Тоҷикистон аз 100 солагии шоир Нодир Шамбезода таҷлил шуд.

                                               

Туркистон (мафҳумҳо)

Туркистон Туркистони Ғарбӣ қаламрави Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон мебошад. Сарҳадҳои фарҳангии минтақа нисбат ба зуҳуроти маъмурию ҳудудӣ каме васеътаранд ва инчунин шимоли Эрон ва Афғонистон, ҷануби Русия; Дар мақолаи" Харитаи Туркистон” ба мақолаи Туркистон минтақа нигаред. Туркистони Шарқӣ як минтақаи таърихие мебошад, ки дар он ғарби Чин халқҳои турк зиндагӣ мекунанд ва номи расмии он вилояти мухтори Синтзян Уйғур аст. Туркистон як минтақаи таърихии Осиёи Миёна буда, дар он ҷо мардумони қавмҳои турк зиндагӣ мекунанд. Қаблан номи форсии минтақа - Турон, низ паҳн меш ...

                                               

Ҳизби коммунистии Бухоро

Ҳизби коммунистии Бухоро соли 1918 бо ташаббуси ташкилотҳои коммунистии Бухорои Нав ва Тошканд ташкил ёфт. 20 апрели 1918 маҷлиси умумии тамоми муҳоҷирони Бухоро даъват карда шуд. Иштирокчиёни он қисми муҳоҷирони рӯҳияи револютсионӣ дошта қарор карданд, ки Ҳизби Коммунистии Булғория ПКБ дар асоси эътироф намудани Барномаи ҲКР б РКП таъсис карда шавад. 25 сентябр соли 1918 Комитети Марказии муваққатии Ҳизби коммунистии Бухоро барпо карда шуд. Ҳизби коммунистии Бухоро декабри 1918 барномаеро кор карда баромад, ки он сарнагун кар­дани сохти мустабиди феодалии Бу­хоро ва барқарор намудани ҷумҳ ...

                                               

Рӯихати кишварҳои форсизабони таърихӣ

Аз асри XII сар карда, забони форсӣ на танҳо миқёси истифодабарии хешро зиёд кардааст, балки инчунин ҷойивазкунии забони адабии арабӣ ва ҷуғрофиёи паҳншавиро ба таври назаррас тавсеа медиҳад. Он забони маъмулии аҳолии Эрони Бузург ва дар тамоми шарқи ҷаҳони ислом, аз Анатолия то шимоли Ҳиндустон мегардад. Ҳамчун забони расмии сулолаи Хуросонии Сомониён арзи ҳастӣ намуда маҳз дар замони Сомониён забони форсӣ аз амирони Сомониён пуштибонии васеъ дарёфт, ки ин ба азбайнравии забонҳои шарқии эронӣ кумак кард. Форсӣ на танҳо забони идоракунии маъмуриро аз даст надодааст, балки дар адабиёти баде ...

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
                                     

ⓘ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятҳои Қаротегин Ғарм ва Дарвозу Ванҷ, Кулоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ, Ӯротеппа - ноҳияи Истаравшан ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисман Сариосиё аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.

15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои "Хонаи колхозчӣ" собиқ театри ба номи Маяковский баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, 16 октябри соли 1929 Декларатсия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуд.16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Курғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 ҳазор нафар ахолӣ буданд, ташкил ёфт.

Ҷумхуриҳои навташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд. Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Моликияти хусусӣ барҳам дода шуда ҳамаи молу амвол, замин, боигариҳои зеризаминӣ ва обӣ давлатӣ гардид. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ индустриякунонӣ гузошта шуд. Дар деҳот коллективонии хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани хоҷагиҳои деҳқонони соҳибмулк гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ солҳои 1926-1936 саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи "Ҳуҷум" "Озодшавии занон" ба партофтани либоси замони феодалӣ, фаранҷӣ ба анҷом расид. Дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад, таҳсилоти ройгон, муассисаҳои таҳсилотии гуногун, маданӣ-маърифатӣ, илмӣ, санъат, матбуоту нашриёт ва диг. ба миён омада барои мардум дастрас шуданд.

Тоҷикистон тадриҷан ва комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ ИҶШС гардид. Равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар нимаи дуюми асри XX ба табдил ёфтани ҷумҳурӣ ба кишварӣ сермиллат овард. Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом нигаронида шуда буд.

24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд.

Пас аз "табадуллот"-и ГКЧПи коммунистони тундрав, 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд.

                                     

1. Солномаи таърихи ҶШC Тоҷикистон

  • Солҳои 1929 дар ҶМШС Тоҷикистон, 1931, 1937, 1978 - қабули Конститутсияҳо дар ҶШC Тоҷикистон.
  • * Соли 1961 - оғози сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак ГЭС-и Норак. Соли 1972 - агрегати 1-ӯм ва соли 1979 агрегати охирин – 9-ӯми НБО - Норак ба кор даромад.
  • соли 1946 - Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба оҳанги Сулаймон Юдаков ва ба матни Абулқосим Лоҳутӣ қабул шуд. Аз соли 1946 то 1991 дар ҶШС Тоҷикистон суруди миллии ҷумҳурӣ буд.
  • Солҳои 1928-1930 - гузаштан аз ҳуруфоти форсии тоҷикӣ ба ҳуруфоти лотинӣ ва солҳои 1939-1940 аз ҳуруфоти лотинӣ ба кириликӣ дар ҶШC Тоҷикистон.
  • * Солҳои 1939-1941 - сохтмони Канали калони Фарғона ва Канали калони Ҳисор, обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Шимолӣ Водии Фарғона ва Марказӣ Водии Ҳисор.
  • * Соли 1931 - бунёди аввалин донишкадаи олӣ дар Тоҷикистон Донишкадаи педагогии Сталинобод
  • * Солҳои 1931-1937 - сохтмони Канали магистралии Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Ҷанубӣ Водии Вахш.
  • * Соли 1975 - оғози кори заводи арзии алюминии тоҷик дар шаҳри Турсунзода.
  • * Соли 1951 - бунёди Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ки аввалин президенти он Садриддин Айнӣ буд.
  • Соли 1948 - таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • * 24 августи соли 1990 - қабул гардидани "Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС" дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
  • 22 июли соли 1989 - қабул гардидани "Қонуни забони ҶШC Тоҷикистон"" дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба забони тоҷикӣ дода шудани мақоми давлатӣ. 22 июл ҳамчун "Рӯзи забон" солҳои 1990-2008 дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешуд.
  • * 22 июни соли 1941 - 9 майи соли 1945 - солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони Олмон ва иттифоқчёни он. Барои қаҳрамонӣ 54 нафар аз ҷанговарони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шудаанд.
                                               

ҶМШСТ

ҶМШСТ, РАССТ, ҶАШСТ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тува Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тотористон

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →