Back

ⓘ Раҳим Ҷалил



                                               

Ҳиссачаҳои ишоратӣ

Ҳиссачаҳои ишоратӣ - Ҳиссачаҳои ишоратии ана, мана,ҷо, ҳу ба шахсу чизҳои наздик ва дур ишорат мекунанд: Баъд,ана ман одами бадном ; Ҳо аз он тараф-ҷониби ҷанубу ғарбии кӯҳпораро нишон дод Ҳасан.

                                               

Ҳиссачаҳои саволӣ

Ҳиссачаҳои саволӣ, ки миқдоран андак бештаранд, на ба аъзои алоҳида,балки ба тамоми ҷумла алоқаманд мебошанд. Ҳиссачаҳои саволии оё, магар, -мӣ, -а, -чӣ баробари ифодаи савол,ки аз вазифаи асосии онҳост,гоҳе тобишҳои гуногуни модалӣ ва эҳсосӣ - ро низ ифода менамоянд: Оё аз ин кор ҳеҷ кас бохабар нест?;Магар шумо ҳам то ҳол ношто накарда будед? ; Дар таки коса нимкоса ҳаст-а?.

                                               

То

Як рӯзи баҳор Курбонниёз - тағоиям моро то Ғиждувон бурда монд Айнӣ; Модар дар ҷамъомади коргарони завод,ки писараш то ҷанг дар он ҷо кор мекард, аз ин зиёд сухан гуфта натавонист Раҳим Ҷалил.

                                               

Аз (пешоянд)

Аз пешоянди аслӣ буда,барои ифодаи муносибатҳои масоҳа,замон ва объект меояд;мавӄеи баромад,сарчашмаи амалро нишон дода,ҷудошавӣ, дуршавиро мефаҳмонад:

                                               

Пайвандакҳои замон

Пайвандакҳои замон: вақте ки, вақто ки, ҳар вақт ки, дар вақте ки, аз вақте ки, то вақте ки, кадом вақте ки, баъд аз он ки, баъд ки, баъди ин ки, баъди он ки, пас аз он ки, пеш аз он ки, ҳамин ки, аз бозе ки, акнун ки, даме ки, то даме ки, дар даме ки, ҳар бор ки, ҳар боре ки, кай ки, ҳоло ки, ҳар гоҳ ки, ҳар гаҳе ки, ҳангоме ки, дар ҳангоме ки, замоне ки, баробари ин ки.

                                               

Ҷонишинҳои саволӣ

Ҷонишинҳои саволӣ ашёву шахс ва ё аломату миқдори онро бевосита ифода намекунанд, балки онҳоро ба воситаи пурсиш муайян месозанд.Дар забони тоҷикӣ калимаҳои кӣ, чӣ, киҳо,чиҳо, кадом, кадомҳо, чанд, чаро, ку, куҷо, кай, чӣ гуна, чӣ хел, чӣ сон, чӣ зайл, чӣ тариқ, чӣ ҷадар, чӣ тавр ба сифати ҷонишинҳои саволӣ истеъмол мешаванд.

Раҳим Ҷалил
                                     

ⓘ Раҳим Ҷалил

Раҳим Ҷалил - нависанда, тарҷумон, дромнавис, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

                                     

1. Зиндагинома

Раҳим Ҷалил 3 июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифта, баъди Инқилоби Октябр ба мактаби шӯроӣ рафтааст. Соли 1927 синфи ҳафтум, баъдтар курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст. Аз соли 1931 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, бештар аз 20 сол дар рӯзномаҳои "Пролетари Хуҷанд", "Ҳақиқати Ленинобод", "Тоҷикистони Сурх" ва маҷаллаи "Садои Шарқ" кор кардааст. Солҳои 1952 - 1989 котиби масъули шуъбаи Ленинободи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Сазовори як идда мукофоти давлатӣ гардонида шудааст. Чандин мактабу кӯчаву муассисаҳо ва Нашриёти давлатии Хуҷанд номи ӯро доранд. Нависандаи халқии Тоҷикистон 1979. Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

                                     

2. Эҷодиёт

Фаъолияти эҷодияш аз соли 1930 сар шуда, нахуст шеър эҷод мекардааст. Ашъораш таҳти тахаллуси "Даҳрӣ" чоп мешуданд. Аввалин маҷмӯаи ашъораш "Мавҷҳои музаффарият" соли 1933 чоп шудааст. Сипас, асосан осори мансур офарида, дар ҳамин соҳа тавфиқу комёбиҳои эҷодӣ ба даст овардааст ва чун адиби забардасти роману ҳикоянигор эътироф гардидааст. Соли 1936 маҷмӯаи новеллаҳояш "Орзу", соли 1939 китоби "Шеърҳо ва ҳикояҳо" -яш, соли 1940 "Ҳиссае аз қиссаҳо" -яш аз чоп баромадаанд. Баргузидаи навиштаҳояш дар китобҳои "Ҳикояҳои давраи ҷанг" 1944, "Умри дубора" 1949, "Баҳор" 1950, "Ҳикоя"ҳо" 1953.1954, 1958, "Ҳамида" 1961, "Шикасти тилисмот" 1964, "Асарҳо" дар чор ҷилд; 1967 - 1971, "Илҳом" 1973, "Духтари мармарин" 1975, "Гардиши фалак" 1981, "Ҳикояҳо" 1984 ва "Куллиёт" дар 3 ҷилд; 1988 - 1990 чоп шудаанд. Романи "Одамони ҷовид" 1941 - 1949 чанд бор рӯи чопро дидааст, ки дар бораи дӯстии халқҳо, душвориҳои бунёди давлати шӯравӣ, муборизаи тоҷикон барои сохти сотсиалистӣ нақл мекунад. Романи дигари нависанда "Шӯроб" 1959 - 1967 ҷараёни ташаккули синфи коргари тоҷикро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст. Ҳар ду асар ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва бо теъдоди зиёде чоп шудаанд. Раҳим Ҷалил нависандаест, ки воқеоти таърихӣ, хусусан, замони босмачигарӣ, ташкили сохти колхозӣ ва ташаккули синфи коргарро возеҳу муфассал тасвир карда, асарҳояш барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари кишвар дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд. Нависанда 1970 барои романи "Шӯроб" сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Соли 1970 қиссаи ҳуҷҷатии "Маъвои дил" аз чоп баромад, ки аз биҳин намунаҳои осори ёддоштӣ-таърихии адабиёти шӯравии тоҷик ба ҳисоб меравад ва хонандаро дар рӯҳияи ватандӯстию миллатпарварӣ тарбият мекунад. Дар офаридани осори саҳнавӣ ҳам дасти тамоме доштааст, ки намоишномаҳои "Фарҳоду Ширин" ҳамроҳи М.Аминзода), "Санавбар" 1939, "Зани 96-ум" 1940, "Ду вохӯрӣ" 1943, "Субҳи саҳро" 1962, "Дили шоир" 1963, "Зиндашавӣ" 1976 ва ғ. гувоҳи даъвостанд. Асарҳои алоҳидаи М.Горкий, А.Чехов, А.Островский, Н.Ҳикмат ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →