Back

ⓘ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон



Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
                                     

ⓘ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон кӯчаи Айнӣ, 24 соли 1992 ташкил шудааст. Соли 1993 ба ҳайати Кумитаи байналмилалии Олимпӣ дохил шуд. Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ИДМ дар Бозиҳои олимпӣ Барселона, 1992 ширкат намуданд ва Андрей Абдувалиев медали тило ба даст овард. Ҳамчунин 6 варзишгари тоҷик ширкатдори Бозиҳои олимпӣ Атланта, 1996 буданд. Аввалин бор бо дастаи мустақил Х. Назриев, С. Раҳимов, Р. Боқиев дзю–до,

Р. Дгварели гӯштини тарзи юнонӣ–румӣ, Х. Ҳасанов бокс, А. Абдувалиев варзиши сабук, Н. Шлемова ва С. Орин ҷаҳидан ба об ҳунарнамоӣ карданд. Натиҷаи беҳтарини даста – Р. Дгварели ҷои 9-ум. Дар Бозиҳои олимпии XXVI Сидней, 2000 4 варзишгар ширкат дошт: Г. Дадобоева ва С. Забавский пойга, К. Измайилова ва Ф. Орифов шиноварӣ. Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Бозиҳои олимпии зимистонӣ Солт-Лейк-Сити, 2002 ва бозиҳои супер-гигант ва слалом-гигант ҳунарнамоӣ карданд. Ба варзишгарони тоҷик ба даст овардани 9 роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ Афина, 2004 дар намудҳои зерини варзиш муяссар гардид: гуштини тарзи озод Ш. Алиев, Ю. Абдусаломов; гуштини тарзи озод, занон Н. Иванова, Л. Карамчакова; камонварӣ Н. Набиева; варзиши сабук Г. Дадобоева; муштзанӣ Ш. Достиев; тирпаронӣ С. Бабиков, гурзандозӣ. Р. Боқиев Пекин, 2008, ҷои сеюм, медали биринҷӣ ва М. Чориева Лондон, 2012, ҷои сеюм, соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →