Back

ⓘ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон



                                               

Фарҳанг (мазмунҳо)

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - номи яке аз вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Толори Фарҳанг - толоре дар Теҳрон аст Фарҳанги Шариф - аз навозандагони мусиқии Эрон аст Фарҳанги Додаҳо - аз аҷзои системҳои нармафзори компутарӣ аст. Фарҳанги луғат ё вожанома Фарҳангсаро - маконе барои фаъолиятҳои фарҳангӣ Фарҳанг ва мардум - номи нашрия. Фарҳанг форсӣ: فرهنگ ‎ Бунёди фарҳанги Тоҷикистон - ташкилоти ҷамъиятӣ

                                               

Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова

Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова - яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Таълимгоҳ дар Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова донишҷӯён аз рӯйи номгӯйҳои зерини тахассусҳо дар шӯъбаи рӯзона таълим мегиранд: 1. Артисти балет 2. Артисти рақси халқӣ 3. Артисти рақси муосир.

                                               

Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ

Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ - яке аз муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Таълимгоҳ дар Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Фаъолияти мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ пайваста дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ – барои кӯдакони болаёқат ва боистеъдод пешбинӣ шудааст ва ягона муассисаи таълимии миёнаи махсуси мусиқии касбӣ дар Ҷумҳу ...

                                               

Тоҷикони ҷаҳон

"Тоҷикони ҷаҳон" -маҷаллаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ. Маҷалла бо шаҳодатномаи № 041004706 дар бахши Раёсати ташкилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ таърихи 5 майи соли 2011 ба сабти давлатӣ ва 17 майи соли 2011 таҳти рақами 0143/мҷ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бори дуввум шаҳодатнома дар бахши Раёсати ташкилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ таърихи 29 августи соли 2016 таҳти рақами 0143/МҶ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи "Тоҷикони ҷаҳон" Оқилова Маҳфуза Маҳмудҷоновна мебошад. "Тоҷикони ...

                                               

Лашкарсолор

Лашкарсолор - дараҷае солорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки поинтар аз сипаҳсолор ва болотар аз гундсолор аст; генерал-лейтенант. Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкар ро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад; дивизия.

                                               

Анвори дониш

Анвори дониш - рӯзнома, нашрияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, аз 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад. Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ академик С.К.Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти рақами 285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда, шумораи якуми он 01.09.1994 ба табъ расидааст. Мақсад ва вазифаҳои рӯзнома дар барнома ва оинномаи он чунин аст: тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, пойдор гардонидани д ...

                                     

ⓘ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти фарҳáнги Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати дав­латӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва ҳуқуқи муал­лифӣ масъ­ул аст.

Вазорати фарҳанг дар асоси Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фар­монҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санад­ҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

                                     

1. Таърих

Соли 1944 дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раёсати санъат таъсис меёбад ва сарварии он ба зиммаи шоири ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик Мирзо Турсунзода вогузор мегардад. Воқеан, ин вазифаи басо масъулиятнок шоири ҷавону боғайрати тоҷикро водор месохт, ки ба рушду такомули фарҳанг, ба ташкили китобхонаҳои мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ба сохтани бинову хонаҳои фарҳангӣ, ба беҳбудии зисту зиндагии аҳли фарҳанг, ба ривоҷу равнақи кори театрҳо ва амсоли ин таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Сарфи назар аз душвориҳои солҳои ҷанг, Раёсати санъат, коргоҳу фароғатгоҳҳои фарҳангӣ, муассисаҳои марказию маҳаллии фарҳангӣ, клубу китобхона ва театрҳо кори худро идома медоданд, мардумро бо дастовардҳои ватанию хориҷии фарҳангӣ шинос мекарданд.

Раёсати санъати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баъди анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти доманадору серҷабҳаи худро густариш бахшид. Ин идораи фарҳангӣ дар тӯли ҳафт-ҳашт соли аввали барқарорсозии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба комёбиву дастовардҳои назарраси фарҳангӣ ноил гардид. Солҳои баъдро метавон солҳои бозёфтҳои фарҳангӣ низ тавсиф кард.

25 апрели соли 1953 Вазорати маданияти Тоҷикистон таъсис меёбад ва Мӯсо Раҷабов Вазири маданият таъйин карда мешавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва бо саъю кӯшиши ин марди наҷиб дар як муддати кӯтоҳ сохтори вазорат, раёсату бахшҳои мухталифи он тарҳрезӣ мегардад, вазифаву ҳадафҳои муассисаҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо, музей ва хонаҳои маданияту театрҳо муайян карда мешаванд. Дар нимаи солҳои 50-уми асри ХХ дар тамоми бахшҳои фарҳанг пешравӣ ва бозёфтҳои тоза ба даст омаданд.

Дар муддати начандон тӯлонии роҳбарӣ солҳои 1953 - 1955 Мӯсо Раҷабов бо донишу фазилат ва малакаву кордонии хеш ба он муваффақ гашт, ки самту равияи кори Вазорати маданият, сохтор ва раёсату бахшҳои он комилан муайян гардиданд, фаъолияти серҷабҳа ва босамари вазорат хубтар ба роҳ монда, кори тамоми муассисаҳои марказиву маҳаллии он беҳтар карда шавад.

Тайи солҳои минбаъда самараи кори клубу китобхонаҳои марказию музофотӣ, театру ансамблҳо, филармонияву музейҳо, хонаҳои маданияту боғҳои фарҳангу фароғатӣ равнақи тоза пайдо карда, фаъолияти хонаи эҷодиёти халқ, ки аз моҳи майи соли 1938 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе амал мекард, густариш ёфт. Он акнун муассисаҳои фарҳангӣ, клубу театрҳои халқӣ, ансамблҳои мардумӣ, донишгоҳҳои халқии маданият, боғҳои фарҳангу фароғатиро пурра идора мекард ва ба онҳо хидматҳои методӣ мерасонд. Дар ин солҳо фаъолияти дигар театрҳои маҳаллию марказии ҷумҳурӣ низ то андозае беҳтар гардид. Коллективи ҳунарие, ки соли 1950 дар назди кумитаи гурӯҳии рақами 11-и шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод таъсис ёфта буд, соли 1962 ба Театри ҷумҳуриявии лӯхтак табдил дода шуд.

Дар ин давра санъати Сирки тоҷик соли 1968 бо қарори Вазорати маданияти Тоҷикистон студияи Сирки тоҷик тавлид мегардад, ки таърихи хеле қадима дорад, бо хусусияту унсурҳои тозаи миллӣ ғанӣ гашта, ҳайати он аз ҷумлаи варзишгарони бомаҳорату ходимони соҳибистеъдоди сирк мукаммал шуда, намоишҳои он пурмазмуну шавқовар гардиданд. Ин солҳо хонаҳои маданияти ноҳия ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, театрҳои халқӣ, ансамблҳои мардумӣ ба баъзе комёбиҳо ноил гардиданд, боғҳои фарҳангу фароғат то андозае обод шуданд.

Аз ин рӯ, ҳамаи муовинон ва сардорони раёсату бахшҳои мухталифи вазорат ҳамвора баҳри он ҷадал мекарданд, ки вазорат дар ҷумҳурӣ ҳамчун вазорати номдору бообрӯ эътироф гардад.

Ҳадафи асосии вазирону ҷонишинон ва роҳбарони раёсату бахшҳои гуногуни вазорат дар он буд, ки онҳо мехостанд мероси пурғановати миллии фарҳангӣ, санъати созию ҳунарӣ, театрӣ ва амсоли инҳоро ба дигар халқҳои ҷаҳон муаррифӣ бисозанд. Ба ёд овардани Рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя боз як бори дигар собит месозад, ки рафоқату якдигарфаҳмии онҳо дар умқи қарнҳо ҷилои тоза пайдо намуда, мазмуни нав пайдо ҳоҳад кард.

                                     

2. Сохтор

  • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;
  • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;
  • Раёсати санъат;
  • Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
  • Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
  • Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ;
  • Раёсати табъу нашр ва матбуот;
  • Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;
  • Шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат;
  • Роҳбарият;
  • Шуъбаи аудити дохилӣ.
  • Бахши танзими техникӣ;
  • Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ;
  • Шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ;
                                     

2.1. Сохтор Муассисаҳои фарҳангии зертобеъ

  • Муассисаи давлатии "Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода" -и шаҳри Кулоб;
  • Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" ;
  • Муассисаи давлатии Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" ;
  • Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт" ;
  • Муассисаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук;
  • Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар;
  • Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик;
  • Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии "Созтарош" ;
  • Муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский" ;
  • Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, шаҳри Душанбе" ;
  • Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов" ;
  • Муассисаи давлатии Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара;
  • Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Чашма" ;
  • Муассисаи давлатии "Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов" ;
  • Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ" ;
  • Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Истиқбол" ;
  • Муассисаи нашриявии "Ирфон" ;
  • Корхонаи воҳиди давлатии "Хизматрасонии биноҳои маъмурӣ.
  • Муассисаи давлатии "Сирки давлатии Тоҷикистон" ;
  • Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳмонҳонаи "Фарҳанг" ;
  • Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Фирӯза" ;
  • Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Хорпуштак" ;
  • Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ" ;
  • Муассисаи давлатии "Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб- Хонаи Китоби Тоҷикистон" ;
  • Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ;
  • Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ" ;
  • Муассисаи давлати Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор;
  • Корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмон" ;
  • Муассисаи давлатии "Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоят ба номи А.Муҳаммадҷонов" -и шаҳри Бохтар;
  • Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот" ;
  • Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев" ;
  • Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон" ;
  • Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов" ;
  • Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонов" ;
  • Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" ;
  • Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз" ;
  • Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова" ;
  • Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ" -и ноҳияи Данғара;
  • Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев" ;
  • Муассисаи давлатии "Маркази эҷодии "Илҳом" ;
  • Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент;
  • Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" ;
  • Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб;
  • Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷумҳуриявии лухтак" ;
  • Муассисаи давлатии "Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода" ;
  • Муассисаи нашриявии "Адиб" ;
  • Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Баҳори Аҷам" ;
  • Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов" ;
  • Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Шарифобод" ;
  • Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон" ;


                                     

3. Вазирони вазорати фарҳанг

  • Аз 24 январи 2020 - Зулфия Давлатзода
  • Солҳои 1990 - 1992 - Абдушукурова Тамара Махсумовна
  • Солҳои 2006 - 2013 - Мирзошоҳрух Асрорӣ
  • Солҳои 1987 - 1990 - Нур Табаров
  • Солҳои 2013 - 2020 - Шамсиддин Орумбекзода.
  • Солҳои 1953 - 1955 - Мӯсо Раҷабов
  • Солҳои 1955 - 1958 - Қосим Ҳакимзода
  • Раёсати санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1944 таъсис меёбад ва нахустсарвари он шоири ҷавону соҳибистеъдод Мирзо Турсунзода таъйин мешавад.
  • Солҳои 1958 - 1961 - Алиқул Имомов
  • Соли 2001 - Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич
  • Солҳои 1995 - 2001 - Маҳмадов Бобохон Алиевич
  • Солҳои 1966 - 1979 - Меҳрубон Назаров
  • Солҳои 2004 - 2006 - Раҷабмад Амиров
  • Солҳои 1992 - 1995 - Ато Ҳамдам
  • Солҳои 1962 - 1966 - Мирзо Раҳматов
  • Солҳои 1979 - 1987 - Султон Мирзошоев
  • Солҳои 2001 - 2004 - Кароматулло Олимов
                                     

4. Сарчашма

  • Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон / Н. Шарипов, А. Зубайдов // Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →