Back

ⓘ Шомил Аминов



                                     

ⓘ Шомил Аминов

Шомил Аминов соли 1959 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин хатм намуда, дар Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири бахш 1959 - 1984 кор кардааст. Солҳои 1985 - 1991 мудири шуъбаи Институти иқтисоди Госплани Тоҷикистон буд.

Соли 1991 ба ИМА ҳиҷрат намуд ва ҳоло муқими шаҳри Нию-Ёрк мебошад.

                                     

1. Фаъолияти илмӣ

Шомил Аминов оид ба масъалаҳои тараққиёти комплексӣ ва ҷойгиронии саноатии масолеҳи бинокорӣ дар шароити Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистон қариб 100 таълифот ба забонҳои гуногун нашр намудааст.

                                     

2. Осор

  • Индустрияи бинокории Тоҷикистон. - Д., 1967;
  • Асосҳои бинокории Тоҷикистон. - Д., 1975;
  • Комплексное развитие промышленности строительных материалов Средней Азии. - Д., 1973;
  • Проблемы размещения производства строительных материалов Средней Азии. - Д., 1974.
                                     

3. Сарчашма

  • А - Асос. - Д.: СИЭМТ, 2011. - 608 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011 - 2017, ҷ. 1. - ISBN 978-99947-33-45-3.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →