Back

ⓘ Мирзо Турсунзода



                                               

2 май

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 2 май Абдулвоҳидов Саттор файласуф, 02.05.1947 дар деҳаи Даҳана, ноҳияи Кӯлоб дар оилаи хизматчи ба дунё омадааст. 1915 - Носирҷон Маъсумӣ 1915-1974, забоншинос ва шоири тоҷик. 1932 - Мӯъмин Қаноат 1932-2018, шоири тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ. 1911 - Мирзо Турсунзода 1911-1977, Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

                                               

Пайвандакҳои макон

Ба ҳар ҷо ки равад, бо як нигоҳи сеҳрангезаш, тамоми ақлу ҳуши ошиқон дуздида меояд Мирзо Турсунзода Дар ҷое ки ҳуррият бошад, он ҷо обод мешавад Садриддин Айнӣ.

                                               

Гирди (пешоянд)

Гирди - пешоянди номӣ буда,ба ашёе ишора мекунад, ки амал дар гирди он воӄеъ мегардад.Дар шакли таркибӣ бо пешояндҳои дар,ба кор фармуда мешавад.

                                               

Зарфи монандӣ

Зарфи монандӣ тарзи иҷрои амалро ҳамеша бо роҳи муӄоиса ба аломат ва хусусияти ашёи муайян баён менамояд.Зарфи монандӣ шакли сода надорад.Вай аз исм ба воситаи пасвандҳои -вор, -она, -сон, -ваш сохта мешавад.

                                               

Шумораҳои аслӣ

Шумораҳои аслӣ - пеш аз калимаҳои шумурдашаванда омада,миӄдори муайяни ашёҳои ҳамҷинсро бо ададҳои том мефаҳмонанд: Дар ваӄтҳое,ки ман бо Ӄорӣ-ишкамба шинос шудам,мегуфтанд,ки ӯ панҷсад ҳазор танга,яьне ҳафтоду панҷ ҳазор сӯм дорад. Се нафар дар ароба нишаста,сафари дурро нишон кардем.Ҳавлии на хурду на калон се хона, як таҳхона ва як болохонаи беруна дошт. Шумораҳои аслӣ ҳамаи ададҳои томи муӄаррариро дар бар мегиранд ва хелҳои дигари шумора аз шумораҳои аслӣ сохта мешаванд.

                                               

Баҳор

Баҳор - яке аз фаслҳои сол аст ва аз рӯи тақвими соли мелодӣ - моҳҳои март, апрел ва майро дарбар мегирад. Яке аз идҳое анъанавии миллии халқҳои эронитабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст. Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд. Дар ин фасл дар кишвар якчанд идҳоро ҷашн мегиранд, аз ҷумла 8 март - Рӯзи модар, 21 март - 24 март - иди Наврӯз, 1 апрел - рӯзи ханда, 9 май - рӯзи Ғалаба, 23 май - рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра. Дар васфи баҳор адибони зиёде шеърҳо гуфтаанд. Дар бораи фасли баҳор ш ...

Мирзо Турсунзода
                                     

ⓘ Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода - шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ. Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон

                                     

1. Зиндагинома

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води деҳа буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 - 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи ЛучобБоғи Лучоб-и шаҳри Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

                                     

2. Эҷодиёт

Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Байрақи зафар" 1932 аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои "Ба эҷодкорам" 1934, "Манзараҳои Хӯҷанд" 1935, "Офтоби мамлакат" 1936, "Хазон ва баҳор" 1937, "Суруди ҷавонӣ" 1937, "Мамлакати тилоӣ" 1938, "Оҳанрабо" 1939, "Халқи далер" 1939, "Чаманистон" 1940, "Водии Ҳисор" 1940, "Мо аз Хоруғ омадем" 1940 ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмӯъаҳои "Пайғом" 1949, "Асарҳои мунтахаб" 1955, "Чароғи абадӣ" 1958 ва "Ман аз Шарқи Озод" 1959 ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои "Ҳамшираҳо" 1941, "Ба ҷанг" 1941, "Хотираи капитан" 1941, "Ҳаргиз" 1942, "Баҳодури тоҷик" 1943, "Паҳлавони интиқомгир 1944, "Рафиқи азиз" 1944 корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои "Писари Ватан" 1942 ва "Барои Ватан" 1942-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода "Ман аз Шарқи озод" 1950, "Қиссаи Ҳиндустон" 1947, "Садои Осиё" 1957, "Чароғи абадӣ" 1958, "Ҷони ширин" 1959, "Роҳи нури офтоб" 1964 ва достони "Аз Ганг то Кремл" 1970 ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони "Ҳасани аробакаш" ва силсилаи шеърҳои "Садои Осиё" ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони "Ҷони ширин" ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои "Писари Ватан" 1942, "Арус аз Москва" 1945, "Қиссаи Ҳиндустон" 1948, "Ман аз Шарқи озод" 1950, "Ҳасани аробакаш" 1954, "Садои Осиё" 1956, "Чароғи абадӣ" 1957, "Ҷони ширин" 1963, "Аз Ганг то Кремл" 1967 ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

                                     

3. Ҷоизаҳо

Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон, давлатии ба номи Ленин ва байналмилалии ба номи Неҳру қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвонҳои:

  • Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ 1967 шудааст.
  • Барои достони "Аз Ганг то Кремл" соли 1967 - соҳиби Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру шудааст,
  • Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951,
  • бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон 2001 сарфароз гардидааст.
  • Ҷоизаи давлатии СССР ИҶШС 1948,
  • Шоири халқии Тоҷикистон 1961,
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1963
  • Барои достонҳои "Қиссаи Ҳиндустон" соли 1948, "Ҳасани аробакаш" 1954, "Чароғи абадӣ" 1957, "Садои Осиё" 1960, "Ҷони ширин" соли 1963 соҳиби ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид.
                                     

4. Некдошти устод

Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва Ноҳияи Турсунзода ки қаблан ба номи ноҳияи Регар мазкур буд, Донишкадаи санъати Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Нимпайкараи ӯ назди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ҳайкалаш дар шаҳри Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоб шаҳри Душанбе ва диг. хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.Соли 1977 дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон,дар ноҳияи Самарқанд, мактаби миёнаи рақами 95 ҳозир 12 ба номи Мирзо Турсунзода монда шудааст.

                                     

5. Достони "Ҷони ширин"

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам, Боз дар наздат ба парвоз омада, Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам, Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам, Ин дили ман манзили ёду ту буд, Ёди руи ҳуснободи ту буд. Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам, Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам. Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд, Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд. Бе ту дидам гарчӣ зебо духтарон, Бе ту бишнидам суруди ошиқон, Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам, Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам, Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан, Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан, Лек дар пеши назар рӯи ту буд, Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд. Ҷони ширин,пас дигар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун, Нестам мисли падарҳои дигар Дар бари фарзандҳо шому саҳар, Чор гардад чашми онҳо дар раҳам, Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.
                                     

6. Осор

  • * Шеър ва достонҳо /Барои бачаҳои синни миёна ва калони мак¬табӣ Душанбе: Адиб, 1988 240 с.
  • * Се нозанини Шарқ: Шеърҳо ва достонҳо Душанбе: Ирфон, 1967 215 с.
  • * Садои Осиё. - Ҳасани аробакаш: Шеърҳо ва достонҳо Стали¬нобод: Нашрдавтоҷик, 1961 129 с.
  • * Ҷ.1 Шеърҳо 1981 319 с.
  • Осори мунтахаб /Иборат аз ду ҷилд Душанбе: Ирфон, 1981
  • * Ба сӯи қуллаҳои нав: Мақолаҳои публисистӣ Душанбе: Ирфон, 1977 88 с.
  • * Ҳамеша бо Ватан будам: Панду ҳикматҳо Душанбе, 2009 24 с.
  • * Ҷ.2. Силсилаи шеърҳо ва достонҳо. - 1981 355 с.
  • * Шеър ва достонҳо Душанбе: Адиб, 1991 320 с.
  • * Фолклори тоҷик Сталино¬бод: Нашрдавтоҷик, 1957 453 с Бо ҳамкории А.Н.Болдирев.
                                     

7. Адабиёт

  • * Раҳмонов, Э. Мирзо Турсунзода-шоири бузург ва арбоби бар¬ҷастаи ҷамъиятӣ: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон Э.Раҳ¬монов дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90- солагии устод Мирзо Тур¬сунзода //Ҷумҳурият 2001 30 октябр.
  • * Саидзода, Ҷ. Вассофи бахту саодат: Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат 2009 29 январ.
  • * Ғаффоров, У. Устоди маънавии устод: Мирзо Турсунзода // Ғаф¬форов, У. Шаҳбози осмони сухан Душанбе: Адиб,2007 С.94-115.
  • * Самад, А. Ифтихори миллат: Мирзо Турсунзода // Ҷумҳурият 2001 16 октябр.
  • * Саидмуродов, М. Устоди вопасин: Мирзо Тур¬сун¬¬¬¬зода //Омӯз¬гор 2009 1 май.
  • * Саидзода,Ҷ. Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!: Рисола Душанбе: Адиб,2010 160 с.
  • * Бобоев, М. Ёде аз устод: Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият 2001 25 сентябр.
  • * Сайфуллоев, А. Иттифоқи Мирзо Турсунзода: Хотираҳо // Адабиёт ва санъат 2001 18 май.
  • * Кӯчаров, Н. Поси ошнии ду суханвар: Мирзо Турсунзода ва Раҳим Ҳошим //Адабиёт ва санъат 2009 4 июн.
  • * Сайфуллоев, А. Мирзо Турсунзода //ЭСТ Душанбе,1987 Ҷ.7. - С.435- 455.
  • * Сӯфизода, А. Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор… // Омӯзгор 2001 24 октябр.
  • * Абдулло, З. Як нигоҳ ба дили устод: Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият 2010 23 октябр.
  • * Гуфтори бузургон дар васфи устод Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат 2001 19 октябр.
  • * Сайфуллоев, А. Иттифоқи Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат 2005 6 январ.
  • == Инчунин нигаред ==
  • * Абдуллоҳ, А. Васфи занону модарон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода: Ба ифтихори 100- солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат 2010 12 август.
  • * Мирзо Турсунзода 1911-1977 //Сайфуллоев, А. Аркони сухан. - Душанбе: Маориф, 1985 С.7-32.
  • * Табаров, С. Мақоми Мирзо Турсунзода дар адабиёти умумиҷаҳонии асри ХХ //Ҷумҳурият 2001 25-27 октябр.
  • * Бобоев, Ю., Шодиқулов, Ҳ. Мирзо Турсунзода //Энсикло¬пе¬ди¬яи адабиёт ва санъати тоҷик Душанбе,2004 Ҷ.3 С.229-233.
  • * Акрамзод, С. Тасвири табиат дар ашъори Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат 2001 5 октябр.
  • * Давронов, А. Шеър ва шеваи рӯзгори шоир: Мирзо Турсун¬зо¬да //Адабиёт ва санъат 2010 9 декабр.
  • * Мирзо Турсунзода //Адибони Тоҷикистон Душанбе: Ирфон, 1968 С.222-227.
  • * Бобокалонова, Ҷ. Вассофи бузурги зиндагӣ: Ба ёрии лекторон. - Душанбе: Дониш, 1985 28 с.
  • * Саидзода, Ҷ. Устод Турсунзода ва "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ // Адабиёт ва санъат- 2001 5 октябр.
  • * Аҳмадов, Б. Шоири беназир: Гуфторҳо дар ситоиши Мирзо Тур¬сунзода //Ҷумҳурият 2001 25 октябр.
  • * Кӯчаров, А. Нигоҳе ба таҳрифоти ашъори шоир //Ҷумҳурият 2001 19 июн.
  • * Муҳаммадзода, М. Вассофи ормонҳои башарият: Мирзо Тур¬сун¬зода //Адабиёт ва санъат 2010 27 май.
  • * Шодиқулов, Ҳ. Шеър ва шоири аср: Мирзо Турсунзода //Садои мардум 2001 27 октябр.
  • * Номаҳои Садриддин Айнӣ ба Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият 2001 12 апрел.
  • * Ҳайдаршо, М. Сарводаи миллат: Шеър бахшида ба Мирзо Турсунзода //Садои мардум 2001 1 ноябр.
  • * Абдулло, К. Пайвандгари дилҳо: Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият 2001 22 сентя¬бр.
  • Қаҳрамонони Тоҷикистон
  • * Кӯчаров, А. "Шеъри ман ба осонӣ эҷод намешавад": Ба ифтихори 100- солагии Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият 2010 13 ноябр.
  • * Ҷӯразода, Ғ. Вохӯрие, ки як умр дар ёд бимонд //Адабиёт ва санъат 2001 24 август.
  • * Назрӣ, У. Ғазалсарои мумтоз: Мир¬зо Турсунзода //Адабиёт ва санъат 2010 8 апрел.
  • * Сӯфиев, К. Номашон ҷовид, ёдашон бо мост //Ҷумҳурият 2001. -5 июл.
  • * Абдуллоҳ, А., Каримов, М. Бузургонро бузургон зинда медоранд: Ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода //Омӯзгор 2010. - 30 июн.
  • * Мазҳабшоҳӣ, М. Миллатсози дилгарм //Тоҷикистон 2001 21 сентябр.
  • * Асозода, Х. Ҷойи устод Турсунзода холист: Ба пешвози 100- солагии зодрӯзи Мирзо Тусрунзода //Адабиёт ва санъат 2009 20 август.
  • * Мусоев, А. Фарзанди қарни ХХ: Мир¬зо Турсунзода Душанбе: Ифрон,2010 65 с.
  • * Мирзо Турсунзода //Асозода Х. Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ Душанбе: Маориф,1999 С.281-311.
  • * Саъдуллоев, А. Ду шоҳсутуни кохи сухан: Мирзо Турсунзодаи тоҷик ва Чингиз Айматови қирғиз //Адабиёт ва санъат 2009 10 сентябр.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →