Back

ⓘ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"



                                               

3 сентябр

Иттиҳоди Шӯравӣ ИҶШС Қатар - Рӯзи истиқлол Русия - Рӯзи муҳориба бо терроризм Молдавия - Рӯзи армияи миллӣ Австралия - Рӯзи парчам Чин - Рӯзи Ғалаба бар зидди Ҷопони милитаристӣ

                                               

Воқеаҳои кунунӣ/Бойгонии солҳои 2007-2019

20 декабри соли 2019 Дар байни Донишномаҳои забонӣ 299 забонҳо Википедияи Тоҷикӣ марраи 100 000 вироишоти мақолаҳоро азбар намудааст. Он замон Донишномаи озоди тоҷикзабон дар ҷойи 63-ум қарор дошт. Wikimedia_News Нигаред ба Инҷо.

                                     

ⓘ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи хоҳиши сершумори коллективхои мехнатӣ ва дархости Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ қарор мекунад:

                                     

1. Ҷашнҳо

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерини ид қонунӣ гардонида шаванд:

  • Иди Рамазон-1 рӯз - ҳар сол мутобиқи тақвим
  • Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол мутобиқи тақвим
  • 27 июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ
  • 9 сентябр - Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 8 октябр - Иди Меҳргон
  • 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 8 март - Рӯзи модар
  • 21 - 24 март - Иди байналмилалии Наврӯз
  • 24 ноябр - Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
  • 9 май - рӯзи Ғалаба
  • 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 1 январ - Соли нави мелодӣ
  • 6 ноябр - Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Иди Сада
                                     

2. Рӯзҳо

2. Бо назардошти он, ки оила дар тарбияи насли наврас, пойдор сохтани асосҳои ҷамъият ва муътадил гардонидани он аҳамияти зиёд дорад, ҳар сол 15 май хамчун Рӯзи байналхалқии оила ид карда шавад.

3. Бинобар хизматҳои бузурги мутафаккир, файласуф ва Ҳакими номӣ Абӯалӣ ибни Сино ҳар сол 18 август ҳамчун Рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ҳамчун рӯзи касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шавад.

4. Ба муносибати хизматҳои навъу хелҳои қӯшун ва бинобар вазифаҳои багоят муҳимро дар роҳи ҳифзи меҳнати осоиштаи халқи Тоҷикистон ба xо овардани он ҳар сол рӯзҳои зерин ид карда шаванд:

  • Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
  • Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр. Қ ҶТ,28.06.11с,№ 729.
  • Рӯзи Қӯшуни дохила - 10 апрел;
  • Рӯзи Қӯшуни cарҳадӣ - 28 май;
  • Рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ - 17 август;

5. Ба нишони қадрдонии хизмати меҳнаткашони соҳаҳои дахлдори халқ ва соҳаи фаъолият ҳар сол рӯзҳои зерин ҷашн гирифта шаванд:

  • Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр; Қ ҶТ аз 19.11.09с, № 562
  • Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел; Қ ҶТ аз 01.03.05с, № 91
  • Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;
  • Рӯзи матбуот - 11 март;
  • Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охирини моҳи май;
  • Рӯзи маъюбон ва пиронсолон - 8 июл.
  • Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
  • Рӯзи адвокатҳо - 26 май;
  • Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
  • Рӯзи байналхалқии кормандони кооператсия - 6 июл;
  • Рӯзи дониш - 1 сентябр;
  • Рӯзи байналмилалии моликияти ақлӣ - 26 апрел;
  • Рӯзи кормандони гумрук - 22 январ;
  • Рӯзи металлургҳо - якшанбеи сеюми моҳи июл;
  • Рӯзи геологҳо - якшанбеи якуми моҳи апрел;
  • Рӯзи Шашмақом - 12 май;
  • Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;
  • Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа - 7 май;
  • Рӯзи милиса - 6 феврал;
  • Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
  • Рӯзи моҳигирон - якшанбеи дуюми моҳи июл;
  • Рӯзи кормандони саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;
  • Рӯзи мелиоратсия - якшанбе охирини моҳи июн;
  • Рӯзи кормандони саноати нефту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;
  • Рӯзи кормандони наrлиёти автомобилӣ - 25 июл;
  • Рӯзи энергетикҳо - 22 декабр;
  • Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр; Қ ҶТ аз 19.11.09с, № 563
  • Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;
  • Рӯзи сӯхторнишонӣ ва умури наҷот аз фалокат - 30 июл;
  • Рӯзи варзишгарон - 10 август;
  • Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охирини моҳи сентябр;
  • Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;
  • Рӯзи китоб - 4 сентябр; Қ ҶТ аз 5.01.08с, № 343
  • Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;
  • Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;
  • Рӯзи кормандони адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр;
  • Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
  • Рӯзи кормандони савдо, адои хизмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн;
  • Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 5 июн; Қ ҶТ аз 20.03.08с, № 367
  • Рӯзи ангиштканҳо - якшанбеи охирини моҳи август;
  • Рӯзи кормандони Прокуратура - 14 декабр;
  • Рӯзи ихтироъкор ва навовар - якшанбеи сеюми моҳи август;
  • Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;
  • Рӯзи кишоварзӣ - 8 октябр; Қ ҶТ аз 5.08.09с, № 538
  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;
  • Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;
  • Рӯзи кормандони сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август;

6. Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои корӣ нестанд:

1 январ, 8 март, 21 март-24 март, 1 май, 9 май, 27 июн, 9 сентябр, 6 ноябр Рамазон - ҳар сол як рӯз дар мавридаш, Қурбон - ҳар сол як рӯз дар мавридаш.

7. Дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома "Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

8. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи rонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ ш. Душанбе, 3 ноябри соли 1995, № 98

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →