Back

ⓘ Энсиклопедияи миллии тоҷик



                                               

Муаззин

Муаззин - дар ислом ходими масҷид, шахсе, ки аз манораи масҷид азон гуфта, эътиқодмандонро ба намоз даъват мекунад.

                                               

Абзатс

Абзатс, 1) ҷойи холӣ, фосилае, ки дар аввали матни дастнавис ва чопшуда ба миқдори ғунҷоиши се ва ё чор ҳарф гузошта мешавад; 2) порчаҳои матни иборат аз як ҷумла ва ё зиёдтари аз нигоҳи маъниву мазмун бо ҳам алоқамандро бо А. ҷудо мекунанд. Ҳамин порчаи матнро Абзатс мегӯянд. Дар порчаҳои манзум шеър гарчанде мазмунҳои гуногун ба ҳам алоқаманд меоянд, Абзатс гузошта намешавад. Дар нашрияҳои махсус, мас., энсиклопедия, маълумотномаҳо ва ғ. бо назардошти ҷиҳатҳои чопӣ техникӣ аз Абзатс кам истифода мешавад.

                                               

Гили махтум

Дар тибби қадими мардумони эронӣ фаровон истифода мешуд. Таркибаш асосан аз FeOH3, силикату алюмосиликатҳо, пайвастҳои намакмонанди Al ва Si иборат аст. Дар бораи гили махтум қиссаву ривоятҳои гуногун вуҷуд доранд. Муаллифи китоби "Бурҳони қотеъ" гуфта, ки "…Армотус номи яке аз подшоҳони Юнон аст, гӯянд гили махтум дар замони ӯ ба ҳам расид ва сурати ӯро бар он нақш мекардаанд". Ҳакими бузург Ҷолинус Гален гили махтумро "гили лемносӣ" номидааст. Лемнос Ламнийа ҷазираест дар қисми шимоли баҳри Эгей. Зане соҳиби ҳамин гил онро аз ҷазира ба шаҳр оварда бо об месиришт. Сипас гилобаро чанд гоҳ ...

                                               

Ҳилозоизм

Ҳилозои́зм - истилоҳе, ки файласуфи идеалисти англис Р. Кедворт соли 1678 барои ифодаи назарияҳои натурфалсафии мункири ҳудуди байни "зинда" ва "ғайризинда" ва қоил ба хосияти зотии нахустмодда будани "ҳаёт" ҷорӣ кардааст.

                                               

Гиммик

Гиммик - усули ҷалби таваҷҷуҳи харидорон ба молҳои нав бо истифода аз овезаҳо, сипарҳои рекламавӣ ва номҳои ғайриодии молҳо ва ташкил намудани мусобиқа дар байни харидорон. Дар фаъолияти ширкатҳои рекламавӣ васеъ истифода мешавад.

                                               

Гирдоб

Гирдоб - ҷои жарфи рӯдхона ё баҳр, ки обаш даврзанон фурӯ меравад. Гирдоб аксар дар ҷои якҷояшавии ду ҷараён, ба соҳил бархӯрдани ҷараёни об, ё дар ҷои якбора васеъшавии маҷро рух медиҳад. Дар баҳр гирдоб аз мадду ҷазр ва ду ҷараёни ба ҳам муқобил ба амал омада, дар уқёнуси кушод аз чанд м то якчанд км мешавад. Гирдобҳо доимӣ, мавсимӣ ва тасодуфӣ мешаванд.

Энсиклопедияи миллии тоҷик
                                     

ⓘ Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик - донишномаи миллии Тоҷикистон, ки сар аз соли 2008 таълифу тадвинаш дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ соли 2012 бо теъдоди 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ доранд.

Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи "А" шурӯъ шуда, бо калимаи "Асос" -и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи "Энсиклопедияи Миллии Тоҷик" -ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи "А" ба ҷилди дувум гузаштааст.

                                     

1. Таърих

Бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияву тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад.

Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.

Нашри нахустини ҷилди якуми ЭМТ аз ҷониби ҳайати Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2012 интишор гардида, соли 2015 ҷилди чоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.

                                     

1.1. Таърих Оғози фаъолият

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи "Энсиклопедияи Миллии Тоҷик" ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 439 аз 2 сентябри соли 2010 "Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба "Энсиклопедияи Миллии Тоҷик" ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.

Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.

Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои муътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.

Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.

                                     

2. Мундариҷа

Донишномаи "Энсиклопедияи Миллии Тоҷик" ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист. Дар Қомуси "Энсиклопедияи Миллии Тоҷик" мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарҳанг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ва ҳунармандони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар Қомус бахше аз матолиб дар бораи таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, хаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.

                                     

3. Мутолиаи ройгон

Хонандагон имкон доранд ба таври ройгон аз сомонаи расмии Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нусхаи электронии ҷилдҳои нашршудаи донишномаи мазкурро боргирӣ ва мутолиа намоянд.

Ҳименомисетҳо
                                               

Ҳименомисетҳо

Гименомитсетҳо // Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.

                                               

Ҳименолепидоз

Гименолепидоз // Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.

                                               

Гиреҳ (воҳиди дарозӣ)

Гиреҳ // Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →