Back

ⓘ Нерӯгоҳи барқи обии Норак



Нерӯгоҳи барқи обии Норак
                                     

ⓘ Нерӯгоҳи барқи обии Норак

Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

                                     

1. Таърих

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш 2700 МВт - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нӯҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Дар заминаи нерӯи барқе, ки дар ин нерӯгоҳ ва дигар нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии тоҷик ва ғайраҳо созмон ёфт.

Баландии сарбанди НБО Норак - 300 метр то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт.

                                     

2. Обанбори Норак

Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо сатҳу ҳаҷмро дорост:

  • чуқурии миёна - 107 м;
  • баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
  • фаррохӣ - 5 км;
  • ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10.5 км 3 ;
  • ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4.5 км 3 ;
  • сатҳи максималии об – 910 м;
  • сатҳи минималии об - 857 м.
  • дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
  • масоҳати обанбор – 98 км²;

То 1 январи соли 2010 НБО Норак 353.6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

                                     

3. Лоиҳаи "Барқарорсозии НБО "Норак"

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии НБО "Норак" оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО "Норак" таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →