Back

ⓘ Энсиклопедияи советии тоҷик



                                               

Исмат

Исмат -, сифати ахлоқӣ, ки ба хатову гуноҳ роҳ надоданро ифода мекунад. Дар илми ахлоқ онро малакаи нафмоние меҳисобиданд, ки шахсро аз содир намудани фисқу фуҷур ва гуноҳ боз медорад. Исмат дар афкори муқаррарӣ бештар ба маънои покизагии ахлоқ, ҳифзи номус истифода мешавад.

                                               

Хоҷасартез

                                               

Достон (истилоҳ)

Достон – истилоҳи адабӣ. 1) Қисса, ҳикоят, афсона, воқеа, моҷаро, овоза, шӯҳрат. 2) Як асари адабӣ, асари манзумест, ки дар он воқеаҳои муҳиму калон тасвир шуда, хусусияти лирикӣ, эпикӣ ё лирикию эпикӣ дорад.

                                               

Километр

Километр - воҳиди ченаки масофаи эталонӣ ва маъмули каратӣ ба метр. Воҳиди дарозии Системаи воҳидҳои байналхалқӣ, ки ба 1000 м баробар аст. Ишораташ км. 1 км = 0.93738 версти русӣ ё чақрим = 0.62137 мили англисӣ = 0.53996 мили баҳрӣ ≈0.6 - 0.8 фарсанг. 1 км =1000 м = 0.621 мил = 0.9374 русӣ: верст = 1094 ядро = 3281 фут мешавад. Дар Юникод барои километр аломати km, аломат барои километри мураббаъ - km², километри мукааб - km³ мебошад. Вале истифодаи ин аломатҳо барои истифода тавсия дода намешаванд.(истифодабарии онҳо танҳо дар мавриди истифодаи хати чинӣ- хати иероглифии Осиёи шарқӣ имко ...

                                               

Нуклеотидҳо

Нуклеотидҳо, нуклеозидфосфатҳо - моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онҳо таркиб ёфтаанд. Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ одатан пуринӣ ё пиримидинӣ, ангиштоб рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр равандҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пай­вастҳои макроэргӣ буда, бевосита дар боисинтези кислотаҳои нуклеат иштирок мекунанд. Масалан, кислотаи аденозинтрифосфат АТФ аккумулятори универсалии энергия ба шумор меравад. Нуклеотидҳо дар организм аз амин ...

                                               

Луғатномаи Деҳхудо

"Луғатнома" -и Алиакбари Деҳхудо - фарҳанги бисёрҷилдаи энсиклопедӣ ва аввалин фарҳанги ҷомеест, ки калима ва истилоҳоти соҳаҳои гуногунро фаро мегирад. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи ин "Луғатнома" Алиакбари Деҳхудо айнан овардани вожагон ва ашъори шоирон аз фарҳангу луғатномаҳои тафсирии давраи классикӣ мебошад ва он як навъ ҷамъбасти фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ аз "Луғати фурс" -и Асадии Тӯсӣ то ибтидои асри XX ба ҳисоб меравад.

Энсиклопедияи советии тоҷик
                                     

ⓘ Энсиклопедияи советии тоҷик

Энциклопедияи советии тоҷик ЭСТ мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷ. 3 июни соли 1968, № 198 дар Душанбе солҳои 1978 - 1988 аз ҷониби "Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик" табъу тадвин шудааст. Сармуҳаррири илмии он академик Муҳаммад Осимӣ ва сармуҳаррираш академик Мусо Диноршоев мебошанд.

ЭСТ 8 ҷилд ҷ.1 - 1978; ҷ. 2 - 1980; ҷ. 3 - 1981; ҷ. 4 - 1983; ҷ. 5 - 1984; ҷ. 6 - 1986; ҷ. 7 - 1987; ҷ. 8 - 1988 бо адади 5 - 10 ҳазор нусха буда, беш аз 25 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои Энсиклопедияи Калони Советӣ ва таҷрибаи қомуснигорони ҷумҳуриҳои бародар таҳия шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо таърихи ҷумҳурӣ, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Сотсиалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷумҳуриҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии комунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғайра шинос мекунад.

Нуклеозидҳо
                                               

Нуклеозидҳо

Нуклеозидҳо - пайвастҳое, ки аз боқимондан асосҳои нитрогенӣ ва ангиштоб - рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо иборатанд. Номи нуклеозидҳо аз номи асосҳои ба молекулаи он дохилшаванда гирифта мешавад. Масалан, аденозин аз аденин, гуанозин гуании, тимидин аз тимин ва ғайра. Нуклеозидҳои озод ба миқдори кам дар объ­ектҳои гуногуни биологӣ вуҷуд доранд. Аксари нуклеозидҳои табиӣ ба таркиби нуклеотидҳо ва кислотаҳои нуклеат дохил мешаванд, ки аҳамияти биоло­гии онҳоро муайяи менамоянд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →