Back

ⓘ Википедияи Тоҷикӣ



                                               

Википедияи Осетинӣ

Википедияи Осетинӣ - фасли Википедия ба забони осетинӣ. Ин забон гӯйиши яке аз халқиятҳои Федератсияи Русия мебошад. Оғоз - 28 феврали соли 2005. Жарфо Шумораи саҳифаҳо: 50 307 Шумораи вироишот: 489 606 Корбарони фаъол: 28 Шумораи парвандаҳо Мудирон: 3 Шумораи мақолот: 13 356 136-ум ҷой Корбарони сабтиномшуда: 20 728

                                               

Википедияи Пушту

Википедияи Пушту - фасли Википедия ба забони пушту. Оғоз - соли 2003. Шумораи мақолот: 12 256 143-ум ҷой Шумораи парвандаҳо Мудирон: 2 Жарфо Корбарони сабтиномшуда: 24 185 Корбарони фаъол: 52 Шумораи вироишот: 267 018 Шумораи саҳифаҳо: 46 616

                                               

Википедияи Курдӣ

Википедияи Курдӣ - фасли Википедия ба забони курдӣ. Оғоз - соли 2004. Жарфо: 27.7 Шумораи вироишот: 855 200 Мудирон: 3 Шумораи мақолот: 38 367 108-ум ҷой Шумораи парвандаҳо: 616 Корбарони сабтиномшуда: 46 253 Шумораи саҳифаҳо: 82 200 Корбарони фаъол: 115

                                               

Дастгоҳ

Ин вожа якчанд маъноҳо дорад; Дастгоҳ - такягоҳест, ки барои мустаҳкам кардани яроқ пешбини шудааст. Дастгоҳи риштарошӣ - дастгоҳест, ки бо пайваст намудани лезва ба он, риш тарошида мешавад. Дастгоҳи харротӣ - дастгоҳест, ки ба воситаи вай аз металл ва чӯб ҳар гуна олот тарошидан мумкин аст. Дастгоҳ (аз калимаҳои тоҷикии даст ва гоҳ ташкил шуда, мошин ё таҷҳизотест, ки дар саноат ва истеҳсолот истифода мешавад. Инчунин намудҳои гуногуни дастгоҳҳо мавҷуданд.

                                               

Википедияи Форсӣ

Википедиаи Форсӣ - фасли Википедия ба забони форсӣ. Оғоз - декабри соли 2003. январ 2013 - 250 000. 25 август 2010 - 100 000. 10 феврал 2015 - 444 444. 19 феврал 2013 - 300 000. 22 май 2011 - 150 000. 31 октябр 2008 - 50 000. 18 феврал 2006 - 10 000. 10 июл 2012 - 200 000. 18 июл 2014 - 400 000. Мудирон: 36 Корбарони сабтиномшуда: 1 026 994 Шумораи мақолот: 795 273 17-ум ҷой Корбарони фаъол: 6 588 Жарфо: 176.4 Шумораи вироишот: 31 985 720 Шумораи саҳифаҳо: 4 955 799 Шумораи парвандаҳо: 51.488

                                               

Сӯхторхомӯшкунак

Ин вожа якчанд мазмунҳо дорад; Сӯхторхомӯшкунак ашёест, ки бо пошидани маводи махсус оташро нест мекунад. Сӯхторхомӯшкунак-барои хомӯш кардани оташ истифода бурда мешавад. Сӯхторхомӯшкунакҳои дастӣ одатан балонҳои силиндршакли сурх ва иборат аз сопла, шланг мешаванд. Ҳангоми ба кор андохтани сӯхторхомӯшкунак аз соплаи вай бо фишори баланд маводе хориҷ мешавад, ки қобилияти хомӯш кардани оташро дорад. Таркиби сӯхторхомӯшкунакҳо аз маводҳои зерин иборат аст; кафк, об, пайвастагиҳои кимиёвӣ дар шакли хока, инчунин диоксиди карбон, азот ва дигар газҳои кимиёвӣ-инертӣ. Мувофиқи қонунгузории акс ...

                                               

Соли 1954

Соли 1954 дар гоҳшумории мелодӣ - несоли кабиса, оғоз дар рӯзи ҷумъа. Ин 1954 соли даврони ҳозир, 954 соли ҳазораи 2, 54 соли садаи XX, 4 соли даҳаи 6 садаи XX, 5 соли даҳаи 1950-ум.

                                               

Викилуғат

Викилуғат - луғат ва тезауруси бисёрсоҳавӣ ва чандзабонаест, ки дар асоси вики-давак озодона пуррашаванда мебошад. Яке аз лоиҳаҳои фонди "Викимедиа" аст. Сараввал дар забони инглисӣ 12 декабри соли 2002 пайдо шуд. Дар луғат тавсифи грамматикӣ, тафсир ва тарҷумаи вожаҳо калимаҳооварда мешаванд. Илова бар ин, дар мақолаҳо маълумотро доир ба таърихи пайдоиши вожаҳо, хусусияти фонетикӣ ва алоқаи луғавии калимаҳо низ додан мумкин аст. Ҳамин тавр, Викилуғат - кӯшиши пайваст кардани луғатҳои грамматикӣ, тафсирӣ, этимологӣ, чандзабона ва тезаурус мебошад. Маълумоти викилуғатҳо дар ҳалли масъалаҳои ...

                                               

Иёлати Балучистон

Балучистон - яке аз иёлатҳои Покистон мебошад, ки дар шарқи Балуҷистон воқеъ аст. Дар ғарби кишвар назди сарҳад бо Эрон ҷойгир аст. Он ба уқёнуси Ҳинд дастрасӣ дорад. Аҳолӣ - 7 миллион нафар. Таркиби этникӣ: Балочи ва Паштунҳо. Дини асосии: Ислом. Масоҳат - 347 190 км². Маркази маъмурӣ шаҳри Куъта‎‎ аст. Дар ҷанубу ғарб дар соҳили баҳри Араб бузургтарин бандари минтақа - Гвадар воқеъ аст.

                                               

Қаламравҳои иттифоқӣ

Қаламравҳои иттифоқӣ - як навъи тақсимоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад. Бар хилофи Иёлатҳои Ҳиндустон, ки ҳукуматҳои худро доранд, қаламравҳои иттифоқӣ одатан ҳудудҳои федералӣ мебошанд, ки бевосита аз ҷониби ҳукумати марказии Ҳиндустон идора карда мешаванд. Волоияти қаламрав - яке аз усулҳои идораи ҳудуди давлат, ки дар татбиқи ҳокимияти олии давлат нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҳудуди он ифода меёбад. Волоияти қаламрав қисми таркибии истиқлоли давлат ба шумор рафта, дар ҳудуди як давлат фаъолияти ҳокимияти оммавии давлати дигарро истисно мекунад. Давлат дар ҳудуди ху ...

Википедияи Тоҷикӣ
                                     

ⓘ Википедияи Тоҷикӣ

Википедияи Тоҷикӣ - нусхаи забони форсии тоҷикии вебгоҳи Википедия аст, ки то 22 майи 2011 бо беш аз 9 300 мақола дар радаи саду дувуми Википедияҳо қарор дошт. Дар 19 майи 2012 аз марзи 10 000 мақола гузашт ва дар радаи саду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт.

                                     

1. Таърих

Википедияи Тоҷикӣ - қисмати Википедия ба забони тоҷикӣ мебошад, ки энсиклопедияи донишномаи зудкори онлайнии ройгон ва таҳрираш озод аст. Донишнома 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Декабри соли 2006 шумораи мақолаҳои он аз 3 500 номгўй, корбаронаш 200 нафар ва 2 нафар мудирро ташкил медод. 11 августи соли 2011 Википедияи Тоҷикӣ дорои 9 373 мақолаҳо дар ҷойи 78 буд. Дар 19 майи соли 2012 шумораи мақолаҳои он аз 10 000 гузашт. Дар Донишномаи тоҷикӣ бештари мақолаҳо дар гурӯҳҳои "Ҷуғрофия", "Таърих" ва "Забонӣ" вироиш шуда буданд. Дар боқимонда гурӯҳҳои Википедияи Тоҷикӣ мақолаҳои нопурра вироишшуда ба назар мерасиданд ва шаблонҳои википедӣ камшумор буданд. 17 декабри соли 2015 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ зиёда аз 40 000 ташкил медод.

Дар байни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ википедияи тоҷикӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз википедияҳои қазоқӣ ва ӯзбекӣ қарор гирифтааст.

Байни википедияҳои форсизабон бошад, википедияи тоҷикӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

20 декабри соли 2019 корбарони Википедияи тоҷикӣ шумораи 100 000 мақола ро азбар намуданд.

                                     

2. Омори эҷод

Омори эҷоди корбарон нисбати таълифи мақолаҳо, шаблонҳои нав вироиши мақолаҳои гуногуни Википедия пайваста меафзояд.

Вазъи Википедияи Тоҷикӣ барои имрӯз чунин аст:

  • Шумораи вироишот: 1 248 559
  • Корбарони сабтиномшуда: 31 833
  • Шумораи парвандаҳо: 419
  • Шумораи мақолот: 103 152 66-ум ҷой
  • Шумораи саҳифаҳо: 253 379
  • Корбарони фаъол: 81
  • Мудирон: 6
  • Жарфо: 10.5.

Шумораи корбарони Википедияи Тоҷикӣ гарчанде пайваста зиёд шуда бошанд ҳам нигаред: шумораи корбарон - 31 833, фаъолияти аксари онҳо дар вироишу такмили мақолаҳо хотима ёфтааст.

Вазъи Википедияи Тоҷикӣ нисбати дигар забонҳои ҷаҳонӣ дар ҷадвали зерин чунин аст:

                                     

3. Бурду бохти Википедия

Дар саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ солҳои охир мақолаҳои нопурра дар гурӯҳҳои Мақолаҳои ҷавона‏‎ 2.585 узв, Мақолаҳои нопурра 2.584 узв, Шахсиятҳо аз рӯи алифбо‏‎ 1.090 узв, Тоҷикистон‏‎ 199 узв зиёд шудаанд ва зарурияти вироиши иловаю таҳрир аз ҷониби ихтиёриён корбарон ба миён омадааст.

  • Аз 19 майи соли 2015 дар саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ "Лоиҳа:Тоҷикистон" ба мавриди амали корбарон пешниҳод шудааст, ки гурӯҳҳо ва мавзӯъҳои гуногунеро барои вироиш намудан дарбар мегирад.

Дар моҳи октябри соли 2017 дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳномаи кумита нисбат ба ноширони муҳтавои Википедияи Тоҷикӣ пешниҳод шуд, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона ислоҳ карда шаванд, ин иттилоот мавриди баррасии якчанд нашрияҳои Русия гардид. Гузориш оиди ин воқеот дар сомонаи тоҷикистонии Азия-Плюс низ баррасӣ гардидааст. Муҳокимаи он дар саҳифаҳои Викиновости ва саҳифаи гурӯҳи Tajik Wikipedia - Википедияи Тоҷикӣ дар Facebook 4-12 октябри соли 2017 нашр шудааст.



                                     

4. Википедияи Тоҷикӣ ва Тоҷикистон

20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар. Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалӣ Раҳмон гуфт:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст "Википедияи Тоҷикӣ" пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давоми суханрониаш гуфт:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

                                     

5. Воридот ба Википедияи Тоҷикӣ

Бо мурури рушду нумўи Википедияи Тоҷикӣ сол ба сол шумораи муштариёни он зиёд шуда истодааст.

  • Дар моҳи январи соли 2015 ба Википедияи Тоҷикӣ 1 038 935 маротиба муштариёни INTERNET ворид шудаанд. Шумораи мақолаҳои тоҷикӣ ба 30 750 расид.
  • Дар моҳи августи соли 2014 ба Википедияи Тоҷикӣ 1 103 715 маротиба муштариёни INTERNET ворид шудаанд. Ниг. ба Воқеаҳои кунунӣ
                                     

6. Саҳифа ва гурӯҳи Википедияи Тоҷикӣ Facebook

  • Ҳадафи Википедияи Тоҷикӣ дар Фейсбук шиносоӣ ба намунаҳои саҳифаҳои вебгоҳ ва навигариҳои оморӣ барои хонандагони Фейсбук мебошад.
  • Барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи саҳифаҳои Википедияи тоҷикӣ дар Facebook гурӯҳи Tajik Wikipedia - Википедияи Тоҷикӣ таъсис дода шудааст.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →