Back

ⓘ Ёсуман



                                               

Суман

Суман ё Суманаро - вожаи ҳиндӣ - дар асарҳои санскритӣ зебо, нозанин, дилрабо, ёсуман, ҳусн, доно, болидарӯҳ, хурсанд, некӯ, шодмон, зебочеҳра, хушбахт, некӣ, шинохташаванда, пиндори нек ва ғайра маънидод кардаанд.

Ёсуман
                                     

ⓘ Ёсуман

Ёсуман, ёсамин, ёсмин, с у-мав, буттаи хазонрез ё ҳамешасабзи печанда. Барги сода, мураккаб аз баргчаҳо иборат аст ё себарга, гули сафед, зард, сурхтоби хушбӯй ва тоза дорад. Қариб 200 намуди ёсуман маълум буда, асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ мерӯяд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ се намуди ёсуман.

J. officinale - дар Кавказ ва Тоҷикистон; J. revolutum - танҳо дар қаторкуҳҳои Дарвоз; J. fruti-cans - Қрим ва Кавказ вомехурад. Аз гули шоҳсуман - Jasminum grandiflorum Ҳимолой ва ёсумани хушбуй - Jasminum odoratissimus ҷазираи Мадейра равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт фаровон истифода мешавад. Ёсумани ҳамешасабзи печактана - Jasminum sambac чун гули хонагӣ маъмул аст.

Ёсумани сафед Jasminum officinale буттаест, ки навдаҳои хазанда ё печанда дорад. Қадаш то 1 м. Шохчаҳояш камбарг, баргаш пармонанд дарозиаш то 10 см, бараш то 7 см буда, тамоми зимистон сабз мемонад; гули қадаҳшакли сафед қутраш то 2.5 - 3.5 см, хӯшагули 2 - 4-гула ва ғӯзаи ғуҷуммевашакл дорад. Дар шароити табиии ҷумҳурӣ миёнаҳои июн гул мекунад. Ёсумани сафеди худрӯй танҳо дар нишебиҳои ч,ан. ц-куз;и Ҳисори ҳавзаи д. Варзоб вомехӯрад.

Ёсумани зард ё зарсуман Jasminum revolutum буттаи ҳамешасабз баландиаш 2.5. м. Баргаш аз як ё се ҷуфт баргча таркиб ёфтааст; дарозиаш то 8 - 10 см, бараш 5 см. Гули қадаҳшакли зард, хӯшагули 15 - 19-гула, ғӯзаи дутухма дорад. Дар шароити табии июл - август гул мекунад. Танҳо дар Дарвоз мерӯяд. Ёсуман сифатҳои хуби ороишӣ дорад ва бесабаб нест, ки аз замонҳои қадим ҳамчун гули писандидаи шарқиён маъмул гаштааст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →