Back

ⓘ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик



                                               

Сетор

Сетор сози зеҳӣ ва мизробӣ аст ка бо ангушти ишора навохта мешавад. Сидои сетор ғамнок ва кам аст. Ин созро мардумони Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна менавохтанд. Сетор, сози тори мусиқист, ки бо мизроб нохунак навохта мешавад. Косааш мурӯдшакл, аз чӯби тут ё чормағз таришода мешавад. Қутри косааш тақрибан 20-25 см. Умқи косааш 15-20 см. Сарпӯши он аз чӯби тут тарошида шуда, барои мавҷнокии садо дар сарпӯш 5-6 сӯрохча низ мегузаранд. Сетор дастаи ғафс дорад ва ба 18-20 пардаи диатоникӣ тақсим мешавад. Илова бар, ин боз 3-4 пардаи ёридиҳанда хаспарда дорад. Дарозии умумии сетор 120-140 см. Гӯ ...

                                               

Қуния

Қуния - шаҳре дар Туркия дар қисми марказии Анатолиё. Маркази маъмурии вилояти Қуния. Маркази маъмурии вилояти Қуния дар Осиёи Хурд. Аҳолӣ - 2.205.609 наф. Шаҳр бо таърихи худ машҳур буда, аҳамияти бузурги фарҳангӣ ва динӣ дорад. Қуния - зодгоҳи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, маъруф ба Румӣ, Мавлоно ва Мавлавӣ - ориф ва адибӣ форс-тоҷик аст.

                                               

Гиреҳ (наққошӣ)

Гиреҳ - навъи нақш дар ҳунари меъморӣ ва ҳунарҳои ороишист, ки мувофиқи нусхаи асл нақшҳо ба ҳам пайвасту такрор меоянд. Навъҳои гуногуни он дар ҳунарҳои мунаббаткорӣ, кошикорӣ, гачкорӣ, хотамкорӣ, кори рӯи хишти хому пухта, оинакорӣ, сангкорӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ низ истифода мешаванд. Гиреҳро аз гач, оина, хишти пухта, оҳан ва ғ. месозанд.

                                     

ⓘ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик - энсиклопедия ва ё донишномаи фарҳангии Тоҷикистон мебошад. "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик" дар 3 ҷилд нашр шуда бештар аз нӯҳ ҳазор мақоларо фаро гирифтааст.

Аз соли 1986 сар карда таълифу тадвини "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик", дар Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Сармуҳаририри донишнома А.К. Қурбонов мебошад. Ҷилди аввали энсиклопедия аз ҳарфи "А" -и калимаи "АБАЙ" шурӯъ шуда, бо ҳарфи "К" -и калимаи "КАЛИМ" хотима ёфтааст ва соли 1988 аз нашр баромадааст. Ҷилди дуввум аз калимаи "КАЛИМ" шурӯъ шуда, бо калимаи "РАБОТ" хотима ёфтааст ва соли 1989 аз нашр баромадааст. Ҷилди сеюм аз калимаи "РАВЗАНА" шурӯъ шуда, бо калимаи "ҶӮРАЕВ" хотима ёфтааст ва соли 2004 аз нашр баромадааст.

                                     

1. Мундариҷа

Донишномаи "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик" ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст донишномаи фарҳангист, ки ба забони муосири тоҷикӣ табъу тадвин шудааст. Қомуси "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик" тавсифи давраҳои мухталиф – адабиёт ва санъати қадим, асрҳои миёна ва советии тоҷик, равияву ҷараёнҳои адабӣ, жанр, сабк, истилоҳот ва чехраҳои барҷастаи адабиёту санъат, фолклор, мусиқии халқӣ ва классикӣ, ҳунари тасвирию меъморӣ, театр, сирк ва кино, назария ва фарҳанги комусҳои адабии ниёгон ва соҳаҳои ба санъат оиди бостоншиносӣ археология ва мардумшиносӣ этнография-ро дар бар мегирад. Дар донишнома оид ба олимону адабиётшиносон, адибону мутарҷимон аҳли санъату фарҳанги халқҳои ИҶШС СССР ва хориҷӣ, ки дар тарғиби осори гаронбаҳои адабиёту санъати тоҷик саҳм гузоштаанд низ мақолаҳо дарҷ шудаанд. Инчунин оиди ташкилотҳою иттиходияҳои эҷодӣ, марказҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, театру муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаю китобхонаҳо, нашрияҳои адабӣ ва ғайра, ки дар тӯли мавҷудият барои инкишофи адабиёт ва санъати тоҷик ҳисса гузоштаанд мақолаҳо ба табъ расидаанд.

                                     

2. Мутолиаи ройгон

Хонандагон ройгон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби номбурдаро мутолиа карда метавонанд. Нусхаи электронии он дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон - kmt.tj гузошта шудааст.

                                     

3. Нашрияҳои донишнома

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди I АБАЙ – КАЛИМ
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди IIКАЛИМ – РАБОТ
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди IIIРАВЗАНА – ҶӮРАЕВ
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →