Back

ⓘ Иҷлосияи сарнавиштсоз. (Китоб)



                                     

ⓘ Иҷлосияи сарнавиштсоз. (Китоб)

Феҳристи мазкур ба ифтихори 20–солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Феҳрист аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 10 зерқисм иборат аст. Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба аҳамияти оламшумул ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи навин ва эҳёи заминаҳои конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти мушаххас медиҳад. Дар қисми якуми феҳрист номгӯи асарҳои дар шакли алоҳида нашршуда дохил шудаанд. Қисми дуюми феҳрист адабиёти дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, китобҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ интишорёфтаро дар бар мегирад. Дар феҳрист унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти нав тасвир ёфта, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб–сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1992-2012 нашршударо дар бар гирифтааст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →