Back

ⓘ Ноҳияи Шаҳристон



                                               

Шаҳристони Ҳафткел

Шаблон:Infobox settlement Шаҳристони Ҳафткел форсӣ: شهرستان هفتکل ‎ - шаҳристон дар устони Хӯзистони Эрон аст. Маркази шаҳристон, шаҳри Ҳафткел аст. Он аз Шаҳристони Ромҳурмуз дар соли 2008 ҷудо карда шудааст. Дар барӯйхатгирии 2006, аҳолии шаҳристон 22.633 нафарро дар 4.711 оила ташкил медод. Шаҳристон ба ду бахш тақсим мешавад: ноҳияи марказӣ ва ноҳияи Рагҳивеҳ. Шаҳристон як шаҳр дорад: Ҳафткел.

                                               

Шаҳристони Сареайн

Шаблон:Infobox settlement Шаҳристони Сареайн - шаҳристон дар Устони Ардабели Эрон аст. Пойтахти шаҳристон, шаҳри Сареайн аст. Пас аз барӯйхатгирии соли 2006 ин шаҳр аз шаҳристони Ардабел ҷудо шудааст. Дар барӯйхатгирии соли 2006, шумораи аҳолии ин шаҳристон 17197 нафар будааст. Шаҳристон аз ду ноҳия иборат аст: Ноҳияи марказӣ ва ноҳияи Сабалан. Шаҳристон дорои як шаҳр аст: Сареайн.

                                               

Шаҳристони Ромшир

Шаблон:Infobox settlement Шаҳристони Ромшир форсӣ: شهرستان رامشیر ‎ - шаҳристон дар устони Хӯзистони Эрон аст. Маркази шаристон, шаҳри Ромшир. Он аз Шаҳристони Ромҳурмуз дар соли 2005 ҷудо карда шудааст. Дар барӯйхатгирии 2006 аҳолии шаҳристон 49.238 нафарро дар 9.296 оила ташкил медод. Шаҳристон ба ду бахш тақсим мешавад: ноҳияи Марказӣ ва ноҳияи Мошрагеҳ. Шаҳристон ду шаҳр дорад: Ромшир ва Мошрагеҳ.

                                               

Шаҳристони Долоҳу

Шаҳристони Долоҳу - шаҳристон дар Устони Кирмоншоҳ, воқеъ дар Эрон аст. Он аз шаҳристони Исламободи Ғарб дар соли 2004 ҷудо карда шудааст. Дар барӯйхатгирии соли 2006, аҳолии шаҳристон 42310 нафар, дар 9665 оила будааст.Пойтахти шаҳристон Каренди Ғарб мебошад. Шаҳристон ба ду ноҳия тақсим мешавад: ноҳияи Марказӣ ва ноҳияи Ғарвар. Дар шаҳристон се шаҳр: Каренди Ғарб, Шаҳраки Риҷаб ва Гаҳвора дахил мешавад.

                                               

Шаҳристони Маргоун

Шаблон:Infobox settlement Шаҳристони Маргоун - шаҳристон дар Устони Куҳгилӯя ва Буйир Аҳмади, Эрон воқеъ аст, ки бар асоси Саршумории маркази омори Эрон дар соли 1385, аҳолии он 23.091 нафар, дар 4431 оила буд. Маркази ин шаҳристон, шаҳри Маргоун аст. Шаҳристон ду ноҳияи деҳотӣ дорад: Маргоун ва Зилайӣ. Шаҳристони Маргоун соли 2019 дар Устони Куҳгилӯя ва Буйир Аҳмад таъсис дода шудааст.

                                               

Навкент

Деҳаи Навкент яке аз деҳаҳои калонтарин ва зеботарини ноҳияи Шаҳристон мебошад. Деҳаи Навкент аз маркази ноҳияи Шаҳристон 3 км дур ҷойгир буда бо деҳаҳои Суғдиён,Саробӣ,Гулистон,Себзор,Ободӣ ва қисман бо Тумани баландчақири Ӯзбекистон ва бо ноҳияи Шаҳристон ҳаммарз мебошад. Аҳолии деҳаи Навкент қарийб 6000 соли 2018 нафарро ташкил медиҳад. Аҳолии деҳа бо забони ӯзбекӣ муошират мекунанд ва эътиқоди онҳо дини ислом мебошад суннимазҳаб. Аҳолии деҳа бо кишоварзӣ машғул буда ғалладонагиҳо гандум,ҷав,сулӣ ва ғайра,сабзавотҳо картошка,пиёз,сабзӣ,помидор,бодиринг ва ғайраҳо. мева себ,нок,ангур,гел ...

Ноҳияи Шаҳристон
                                     

ⓘ Ноҳияи Шаҳристон

Ноҳияи Шаҳристон - яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳристон форсӣ: شهرستان ‎ аст ки 102 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Шаҳристон то Душанбе 240 км роҳ аст.

                                     

1. Ҷойгоҳ

Ноҳияи Шаҳристон бо сарзамине 1140 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо шаҳри Истаравшан, дар шарқ - бо ноҳияи Деваштич, дар ҷануб - бо ноҳияи Айнӣ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Дизаки Ӯзбекистон ҳаммарз аст.

                                     

2. Мардум

Мардуми ноҳияи Шаҳристон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Шаҳристон 38 500 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 33.8 кас дар км² буд.

                                     

3. Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Шаҳристон Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳристон барои 5 сол интихоб мекунанд.

                                     

4. Иқтисод

Ноҳияи Шаҳристон 2 корхонаи саноатӣ, 202 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 170 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 13 200 га, аз ҷумла 4 100 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия, сабзавот, ғалла ва качолу аст.

                                     

5. Адабиёт

  • Пулатов У. П., Чильхуджра - Душанбе, 1975 Материальная культура Уструшаны, в. 3.
  • Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Средневековый Шахристан - Душанбе, 1966 Ин-т истории им. Дониша. Материальная культура Уструшаны, в. 1.
                                               

Шаҳристони Голикаш

Шаҳристони Голикаш - шаҳристон дар Устони Гулистонони Эрон аст. Пойтахт шаҳри Голикаш аст. Дар барӯйхатгирии соли 2006, шумораи аҳолии он 57.404 нафарро ташкил дод. Шаҳристони Голикаш дар соли 2010 аз Шаҳристони Менӯдашт ҷудо карда шуд. Шаҳристон аз ду бахш иборат аст: Ноҳияи марказӣ ва ноҳияи Ловех. Шаҳристон дорои як шаҳр аст: Голикаш.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →