Back

ⓘ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон



Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
                                     

ⓘ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Донишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели 1996 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст. Ҳоло соли 2015, донишгоҳ аз рӯи 12 барномаҳои таҳсилотии мактаби олии касбӣ ва барномаи иловагии таҳсилоти касбӣ акредитатсия шудааст.

-

- зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

                                     

1. Таълим

Соли 2011 дар донишгоҳ 4 факултет: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал мекард, ки 25 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Соли 2015 факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63 % устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 326 нафар устодон аз ҷумла ҳамкорон 56 нафар доктори илм, профессор, 144 нафар номзади илм, дотсент, 20 наф. Аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар донишгоҳ Шўрои илмии диссертатсиони Д 737.011.01 аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқ гардида дар соҳаҳои филология аз ихтисосҳои заб. русӣ: 10.01.10 - журналистика и 10.02.20 - сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание по филологическим наукам. амал мекунад. Инчунин, дар донишгоҳ апирантура фаъолият мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои 46.06.01- История и археология;- 38.06.01- Экономика;- 42.06.01- Средства массовой информации и информационно-библиотечное дело;- 45.06.01-Языкознание и литературоведение. муҳасилинро қабул мекунад.

                                     

2. Ректорони донишгоҳ

  • Солҳои 2004 - 2011 доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадюсуф Имомов донишгоҳи мазкурро сарварӣ намуд.
  • Аз соли 1996 то соли 2004 сарвари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шодравон Абдуҷаббор Сатторов доктори илмҳои таърих, профессор ба зимма дошт.
  • 6 марти соли 2020, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои физика ва математика Тоҳир Хоҷазода ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таъйин карда шуд.
  • Аз 27 августи cоли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Cолеҳов таъйин шуд. ки то соли 2020 дар ҳамин вазифа кор кардааст.
                                     

3. Факултетҳо

  • Факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ;
  • Факултети филологӣ, журналистика ва медиатехнологияҳо;
  • Факултети ҳуқуқшиносӣ;
  • Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ
  • Факултети забонҳои хориҷӣ;
  • Факултети иқтисодӣ;
                                     

4. Донистаниҳо

30 августи соли 2016 Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуда дар суханрониаш чунин иттилоотро баррасӣ намуд:

                                     

5. Боз нигаред

  • Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
  • Ректор Российско-Таджикского университета получил медаль имени Пушкина
  • Посол России встретил Навруз с таджикскими студентами

Видео дар бораи Донишгоҳ

  • filmoteka-rtsu бештар…
  • Владимир Путин встретился с коллегами из Казахстана и Таджикистана
                                     

6. Адабиёт

  • Қомусномаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. - Душанбе,2011.
  • Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон: дирӯз, имрӯз ва пагоҳ. 1996 - 2016. - Душанбе, 2016.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →