Back

ⓘ Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон



                                               

Нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон

Тоҷикистон аз захираҳои гидроэлектроэнергетикӣ бой аст.Табиат ба он имконоти зиёдеро дар соҳаи истифодаи ин захираҳо фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои тамомнашавандаи гидроэнергетикӣ буда, дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми онҳо ҷои ҳаштум ва нисбат ба сари аҳолӣ ҷойҳои якум – дуюмро ишғол мекунад. Захираи умумии потенсиалии манобеъҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ беш аз 527 млрд.кВт мебошанд. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои зерин фаъолият мекунанд ё сохта шуда истодаанд: Нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 Нерӯгоҳи обии Шӯроб Нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 Нерӯгоҳи обии Роғун Нерӯгоҳи обии Нор ...

                                               

Нерӯгоҳи обӣ

Нерӯгоҳи обӣ - навъи нерӯгоҳест, ки дар он нерӯи барқро қувваи об истеҳсол мекунад. Оби дарё аз баландӣ афтида турбинаҳоро ба ҳаракат медарорад ва боиси истеҳсоли нерӯи барқ мегардад.

                                               

НБО Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3

НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3 - силсилаи неругоҳҳо, ки дар дарёи Варзоб сохта шудаанд. Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон нахустин ба шумор мераванд. Он аз се нерӯгоҳҳои барқӣ: НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3 иборат аст. Дар ҳар се нерӯгоҳ ду гидроагрегети иқтидорашон мутаносибан 3720 кВт, 7200 кВт 14400 кВт ва 3520 кВт ташкил медиҳад. Агрегати нахустини НБО Варзоб–1 –ро соли 1936 ва навбати дуюмашро соли 1937 ба истифода супоридаанд. НБО Варзоб-2 ва НБО Варзоб-3 мутаносибан солҳои 1949 ва 1952 ба истифода даромадааст.

                                               

НБО Шаршара

НБО Шаршара дар дарёи Вахш сохта шудааст. Ба силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш дохил мешавад. Дар НБО Шаршара ду гидроагрегати иқтидорашон 10800 кВт ва як гидроагрегати иқтидораш 8350 кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи НБО Шаршара 29950 кВт – ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ соли 1959 ба кор дароварда шудааст.

                                               

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти энергети́ка ва захираҳóи оби Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро анҷом медиҳад. Вазорат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти ...

                                               

Ҳомидҷон Орифов

Ҳомидҷон Обидович Орифов – олим, номзади илмҳои геология. Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон, котитиби Кумтаи миллии Комиссияи байналмилалии Олмон оид ба сарбандҳои Тоҷикистон – Taj COLD.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →