Back

ⓘ Фарҳанги Тоҷикистон



                                               

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

2006 - 1 декабр - Асроров Мирзошоҳрух бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида буд. 2013 21 ноябр - Орумбекзода Шамсиддин Шодибек бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

                                               

Бунёди фарҳанги Тоҷикистон

Бунёди фарҳанги Тоҷикистон соли 1987 таъсис ёфтааст. Вазоифи асосии Бунёд иборат аз мусоидат дар амри фарогирии боз ҳам пурраю амиқтари сарватҳои фарҳангӣ, миллию ҷаҳонӣ аз тарафи шаҳрвандони кишвар, тарбияи эстетикию ахлоқии ҷавонон, ташаккули ҳисси масъулият барои афзун гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ, эҳёи сунану анъаноти мардумӣ ва ҷашнҳо ва татбиқи онҳо дар зиндагии мардум, эҳёи ҳудудҳои нодири таърихӣ ва ҳифзи муҳити таърихию фарҳангӣ ва ғайра мебошад. Маҷаллаи" Фарҳанг” нашрияи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буда аз соли 1991 ба нашр мерасад. Раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон ва сардаб ...

                                               

Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе

Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе - осорхона соли 1987 дар хонаи оҳангсози шинохтаи тоҷик аз ҷониби ҳамсараш Марҳабо ва духтараш Мунира Шаҳидӣ дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Осорхона тобеъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст

                                               

Осорхонаи заминшиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Осорхонаи заминшиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - осорхона соли 2011 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Осорхона тобеъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.

                                               

Маҷаллаи "Тоҷикистон"

"Тоҷикистон" - маҷаллаи ҷамъиятиву сиёсӣ мебошад. Нашрияи расмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ношир - редаксияи маҷаллаи "Тоҷикистон" ва муассис - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сармуҳаррир - Абдусамадов Аскар. Мавзӯъҳои маҷалла – шарҳу тавзеҳи воқеаҳо дар Тоҷикистон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. Маҷалла ба андозаи А - 4, 4 ҷ.ч. ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ нашр мешавад. Даврият - 6 шумора дар як сол.

                                               

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик - муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →