Back

ⓘ Ҷомеа



                                               

Ҷaмъият

Ҷaмъият - ин: гурӯҳ, тӯда, доира, иҳота: ҷамъияти дӯстон; ҷамъияти хотир, хотири ҷамъ маҷмӯи мардум, ки дар шароити муайяни тараққиёти таърихӣ дар асоси тарзи истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ ба ҳам омадаанд, ҷомеа: ҷамъияти ибтидоӣ, ҷамъияти ғуломдорӣ, ҷамъияти феодалӣ. нуфус, аҳолии шаҳре ё маҳаллае. доираи одамон, ки бо умумияти шароити иҷтимоӣ, баромад ва мансубияти табақавӣ муайян шудааст: ҷамъияти коргарон. гурӯҳи одамон, ки аз рӯи мақсад, манфиат, ихтисос ё ягон ҷиҳати дигар ҷамъ омадаанд, созмон: ҷамъияти ихтиёрӣ, ҷамъияти саҳомӣ, ҷамъияти китобдӯстон.

                                               

Маҷаллаи "Мактаб ва ҷомеа"

"Мактаб ва ҷомеа" - маҷаллаи илмиву оммавӣ ва нашрияи Маркази дастгирии ислоҳоти маориф "Пулс" мебошад. Ношир - редаксияи маҷаллаи "Мактаб ва ҷомеа" ва муассис - Маркази дастгирии ислоҳоти маориф "Пулс" аст. Мавзӯъҳои маҷалла – шарҳу тавзеҳи илму маориф дар Тоҷикистон ва таълиму тарбия дар мактабу оила мебошад. Даврият – 12 шумора дар як сол. Маҷалла ба андозаи А - 4, сањифа ба забони тоҷикӣ русӣ нашр мешавад.

                                               

"Робита бо ҷомеа" (PR)

"Робита бо ҷомеа") - ташаккули афкори ҷамъиятӣ оид ба маҳсулот, одам, ширкат, воқеа ва хизматрасонӣ мебошад. PR - вазифаи идоракунанда аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани муносибатҳои судманд миѐни корхона ва ҷомеа мусоидат намуда, вобаста аз истифодаи он муваффақият ѐ нобарории фаъолияти ширкат маънидод карда мешавад.

                                               

Давлат

Давлат - ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеа аст. Чун ташкилоти сиёсӣ давлат ҳокимияти сиёсиро амалӣ сохта, идораи сиёсиро ба ҷо меорад. Чун ташкилоти таркибӣ давлат аз дастгоҳҳои давлатӣ иборат аст, ки ҳамчун маҷмӯи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор идоракунии давлатро амалӣ месозад. Давлат ташкилоти ҳудудиест, ки бо мақсади иҷрои корҳои умумӣ дар асоси тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ва нишонаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, дорои ҳокимияти сиёсии омма буда, функсияи маҷбуркунии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҷомеа тадбиқ менамояд.

                                               

Вилоят

Вилоят - ноҳия, мамлакат, кишвар воҳиди марзиву маъмурӣ дар Тоҷикистон ва як қатор мамлакатҳо, ки ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои дар ҳудуди муқарраргардидаи вилояти мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.

                                               

Иртиботи маркетингӣ

Иртиботи маркетингӣ – фурӯши бевоситаи реклама, аз ҷумла иртибот бо ҷомеа, ки ба таъмини маҳсулот дар бозор мусоидат мекунад.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →